Ҳавонавардии ғайринизомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Авиатсияи гражданӣ''' — яке аз намудҳои [[авиатсия]], ки барои қонеъ намудани талаботи [[шаҳрванд (шахси воқеӣ)|шаҳрванд]]он ва иҷрои вазифаҳои махсуси [[хоҷагии халқ]] таъйин шудааст.
 
Барои ин мақ­садҳо авиатсияи гражданӣ корҳои зеринро анҷом медиҳад: кашондани мусофирону ба­ғоҷ, борҳо ва почта; иҷро намудани корҳои авиатсионӣ дар [[Кишоварзӣ|кишовар­зӣ]], сохтмон, соҳаи нефту [[газ]], муҳо­физати [[ҷангал]]зор, хизматрасонии экспедитсияҳо; расондани хизмати [[тиб]]бӣ ба аҳолӣ ва гузарондани чо­рабиниҳои санитарӣ; гузарондани корҳои таҳқиқотии илмӣ ва таҷри­бавӣ; гузарондани чорабиниҳои таъ­лимӣ, маданӣ – маърифатӣ ва [[Варзиш|вар­зиш]]ӣ; гузарондани [[кор]]ҳои ҷустуҷӯӣ – на­ҷотдиҳӣ, садамавӣ – наҷотдиҳӣ ва расондани ёрии таъҷилӣ дар ҳо­латҳои фавқулода. Навъҳои асосии Авиатсияи гражданӣ : [[нақлиёт]]ӣ, санитарӣ, таълимию машқӣ, варзишӣ ва махсус (кишоварзӣ, разведкаи геологӣ, аэрофотосуратгирӣ, тадқиқоти [[илм]]ӣ ва ғ.). Авиатсияи гражданӣ дар [[аэродром]]ҳои гражданӣ ҷойгир шуда, дорои самолёту [[вертолёт]], шабакаи роҳҳои ҳавоӣ, воситаҳои [[радио]]техникӣ, метеорологӣ, техникаи рӯшноидиҳанда, [[аэропорт]]ҳо ғ. мебошад. Авиатсияи гражданӣ асосан дар нимаи дуюми [[аср]]и 20 инкишоф ёфт. Аз соли 1947 самолётҳои думуҳаррикаи сохти С. В. Илюшин – Ил-12 ва Ил-14 самолётҳои асосии Авиатсияи гражданӣ гардиданд. Дере нагузашта ба ҷойи онҳо самолётҳои реактивии калонсуръату бисёрҷоя истифода шуданд. Ту-104, ки ду муҳаррики турбореактивии пуриқтидор дорад, якумин дар ҷаҳон самолёти мусофиркаши реактивӣ гардид (1956), ки дар роҳҳои ҳавоии байналхалқӣ ба парвози мунтазам оғоз намуд. Солҳои 1957 – 59 самолётҳои мусофиркаши турбовинтии Ил-18, Ту-114, инчунин самолётҳои сохти О. К. Антонов – Ан-10, Ан-24 сохта шуданд. Дар намоишгоҳи ҷаҳонии Брюссель (1958) Ту-104, Ил-18, Ан-10 ба гирифтани медали [[тилло]], Ту-114 ба мукофоти олии «Гран-при» сазовор гаштанд. Самолётҳои мусофиркаши Ил-62, Ил-62 М, Ту-134, Ту-154, Як-40 самолётҳое мебошанд, ки муҳаррикҳои турбореактивии дуконтура доранд ва онҳо дар ақиби танаи самолёт ҷойгир шудаанд. Аз [[сол]]ҳои 50 [[аср]]и 20 дар [[хоҷагии халқ]] вертолётҳои сохти М. Л. Мил ва Н. И. Камов (Ми-1, Ми-4, Ми-6, Ми-8, Ка-15, Ка-18, Ка-26 ва ғ.) васеъ истифода мешаванд. Аз самолётҳои таълимӣ ва машқию варзишӣ самолётҳои винту мотории Як-18 ва реактивии Як-30, Як-32 (сохти А. С. Яковлев) ҷолиби диққатанд. Соли 1965 калонтарин дар дунё самолёти нақлиётии Ан-22 «Антей» (сохти О. К. Антонов) сохта шуд, ки иқтидори 4 муҳаррики турбовинтии он тақр. 4416•103 Вт (60000 қ. а.) мебошад. Вай 80 т бори муфид ё 720 мусофирро бо суръати 740 км/соат ба масофаи 5000 км бенишаст бурда метавонад. Дар солҳои баъдӣ ба ҷойи онҳо самолётҳои нави мусофиркаши Ил-86 (аэробус), Як-42, самолётҳои боркаши Ил-76 омаданд. Самолёти Ил-76 метавонад 40 т борро дар баландии 13000 м бо суръати 850 км/соат ба масофаи 5000 км расонад.