Бухоро: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Eniisi Lisika (баҳс | ҳисса) No edit summary |
No edit summary |
||
Сатри 40:
|почтовый индекс =
|почтовые индексы =
|автомобильный код = 20 (старого образца 1998—2008)<br
| url = http://www.goldenpages.uz/avto/
| title = Новые автомобильные номера Узбекистана
Сатри 57:
|язык сайта 2 =
|изображение = Kalon-Ensemble Buchara.jpg}}
[[
'''Бухоро'''
Дар асрҳои
== Таърихи Бухоро ==
Бухоро_ пойтахти пуршукӯҳи [[Сомониён]] ва муҳимтарин шаҳри [[Мовароуннаҳр]] дар поёноби рӯди Зарафшон (қаблан рӯди Суғд
Ҷуғрофинигорони садаи чаҳорум ҳиҷрии қамарӣ (минбад
Истахрро аз понздаҳ русто ва ноҳия, ки даруни ин девор ва ҳафт русто, ки дар беруни он ҷой доштаанд ном бурдааст. Шаҳри Бухоро Нумиҷкат ё Нумуҷкас хонда мешуд, ки қасабаи курраи Бухоро буд. Пештар Ромтин, ки деҳе бо куҳандези бузург ва қадимтар аз шаҳри Бухоро буд, қароргоҳи подшоҳон буд. Бо шаҳр шудани Бухоро Ромтин аз равнақ афтод ва ба сурати қароргоҳи зимистонии онон даромад ва баъдан перомуни он хароб шуд.
===Девори "Кампирак"===▼
Аз шаҳри Бухоро то дарвозаи девори перомуни Бухоро ва ободиҳои атроф се фарсах роҳ будааст. Ба ривояти Масъудӣ ин деворро яке аз подшоҳони [[Суғд]] дар аҳди Бостон барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз ва ғорати қабилаҳои Турк бино карда будааст. Ин девор пас аз он, ки ба дасти Абулаббос Фазл ибни Сулаймони Тӯсӣ, амири Хуросон (166-171 ҳ. қ.) вайрон гардид, дар замони Маҳдӣ, халифаи Аббосӣ (158-169 ҳ. қ.) бозсозӣ шуд. Бо вуҷуди ин, Қубовӣ, мутарҷими таърихи Бухоро, ба нақл аз "Хазоин-ул-улум"-и Абулҳасани Нишопурӣ бинои ин деворро, ки мардум ”Канпарак” ("Канпарак") мехондаанд, дар аҳди мутааххир аз он замон ва ба дасти Абулаббоси Тӯсӣ ёд кардааст. Ба гуфтаи вай, дар соли 166 ҳ. қ., ки Абулаббос аз тарафи Маҳдӣ, халифаи Аббосӣ, ба аморати [[Хуросон]] расид ва дар Марв мустақар шуд, ба дунболи шикояти бузургони Бухоро аз тохту този қабоили Турк амири Бухоро Мӯҳтадӣ ибни Ҳаммоди Зуҳалиро маъмур сохт, то перомуни Бухоро ва рустоҳои он, боруе (деворе) ба шакли боруи Самарқанд, ки дар замони пеш аз Ислом ба дасти зане аз подшоҳони Суғд сохта шуда буд, бисозад. Мӯҳтадӣ низ дастур дод дар ҳар фарсанг як дарвоза ва дар ҳар ним мил бурҷи устувор бисозанд. Назорат бар сохти девор ба қозии Бухоро Саъд ибни Халафи Бухорӣ вогузор шуд ва дар 215 ҳ. қ. кор ба поён расид. Ба ҳар рӯй, бар асоси гуфтаи Масъудӣ, ҷойи ин суол боқӣ аст, ки оё бинои ин девор ба бозсозии боруи қадим бозмегардад ва ё он ки бинои нав ба шумор меояд, зеро биноҳое аз ин навъ – чунонки аз васфи Истробун аз иқлими Марғиёна (Марви кунунӣ) ба даст меояд – аз аҳди бисёр қадим дар Осиёи Миёна вуҷуд доштааст.▼
Таъмир ва нигаҳдории ин девор хазинаи молӣ ва нерӯи инсони зиёдеро талаб мекард, ки мебоист мардуми Бухоро таъмин мекарданд. Аз ин рӯ, дар замони [[Исмоили Сомонӣ|амир Исмоил]] ин кор мутаваққиф ва девор хароб шуд, зеро вай роҳи дифоъ аз Бухороро ҷиҳоди мустамир бо душманон медонист. Ба ғайр аз девори бузурги дашти Бухоро девори дигаре низ перомуни шаҳри Бухоро ва қасрҳову хонаҳо, кӯшкҳо ва боғҳои он, ки сокинони доимиро дар худ ҷой медод, кашида шуда буд, ки масоҳати он ба як фарсах дар як фарсах мерасид. Ин девор, ки дар таърихи Бухоро аз он ба "Рабз" ёд шуда, мегӯянд, дар соли 235 ҳ. ба амри Аҳмад ибни Холид амири Бухоро ва барои эминӣ аз дуздони шаб бо бурҷҳо ва дарвозаҳое сохта шуд, ки дар садаҳои баъд дар асари лашкаркашиҳо борҳо вайрон ва бозсозӣ гардид. ▼
▲Аз шаҳри Бухоро то дарвозаи девори перомуни Бухоро ва ободиҳои атроф се фарсах роҳ будааст. Ба ривояти Масъудӣ ин деворро яке аз подшоҳони [[Суғд]] дар аҳди Бостон барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз ва ғорати қабилаҳои Турк бино карда будааст. Ин девор пас аз он, ки ба дасти Абулаббос Фазл ибни Сулаймони Тӯсӣ, амири Хуросон (
▲Таъмир ва нигаҳдории ин девор хазинаи молӣ ва нерӯи инсони зиёдеро
=== Шаҳристон ===
Дар даруни ин девор шаҳри аслӣ (Шористон ё худ Шаҳристон) бо боруйи устувор ва ҳафт дарвозаи оҳанин қарор дошт. Масҷиди Ҷомеъ дар дохили
Рабзи густурда ва мустаҳкам, ки ҳавмаи шаҳрро ташкил медод, бахши дигаре аз Бухоро буд. Гуфта мешавад ин Рабз миёни Шаҳристон ва деворе, ки дар давраи Исломӣ сохта шуда, воқеъ будааст. Рабз дарвозаҳое (Дуруб) ва ба муносибати онҳо маҳаллаҳое чанд дошт, ки номи онҳо дар манобеъ ёд шудааст. Бозорҳо дар дохили Рабз ҷой дошт ва дорои дарҳое буд, аз ҷумла ду дар, ки ба сӯи масҷиди Мох боз мешуд, дари наздики қасри Абӯ Ҳошими Кинонӣ, дарвозаи Форҷак, ва дари Куймағон. Сохтмонҳо аз ҳадди маҳаллаҳои Рабз ҳам гузашта ва даҳ маҳаллаи дигар сохта шуда, ки ба ин маҳаллаҳо пайваста буд. Номи баъзе аз ин маҳаллаҳо бо гузашти замон тағйир ёфта
Илова бар қасри Куҳандиз пеш аз Ислом подшоҳони Бухоро дар Регистони муқобили Куҳандиз саройҳое доштанд. Дар рӯзгори Сомониён [[Наср ибни Аҳмад]] дар он ҷо як қасри бошукӯҳ ва маҳалҳое барои даҳ девони кишварӣ бино кард, ки номҳои онҳо тавассути Наршахӣ кӯр шудааст. Ин кох дар замони аморати [[Мансури I ибни Нӯҳ]] дар оташ сӯхт, вале ба гуфтаи Мақдисӣ, Дор-ул-Мулк ҳанӯз дар Регистон барпо будааст. Ба назар мерасад дар замони Сомониён қасри дигаре бар Ҷӯйи Мӯлиён дар самти шимоли Куҳандиз ва Регистон дур набуд, вале пас аз заволи Сомониён ба вайронӣ рӯй овард. Дар замони аморати [[Мансури I ибни Нӯҳ]] намозгоҳи ҷадиде низ сохта шуд, зеро Регистон наметавонист ҳамаи ҷамъияти намозгузоронро дарбар гирад. Намозгоҳи ҷадид дар соли 360 ҳ.қ. дар ним фарсахи Куҳандиз, канори ҷодае, ки ба тарафи рустои ҳар ду самт мерафт, сохта шуд. Дар Шаҳристон ва Куҳандиз аз сабаби баландии мавқеашон об ҷараён надошт.
Бинобар ин метавон ташхис дод, ки кадом қисмати аз шаҳри ҷадид бо
=== Табиат ва зиндагии сокинон ===
Интиҳои [[рӯди Зарафшон]] аз миёни Рабз ва бозорҳои он мегузашт ва ба осиёҳо ва киштзорҳо мунтаҳо мешуд ва поёноби он дар обгире, ки то Фирабр ҷорӣ шавад, паҳн шуда ва
Муқоисаи гузоришҳои ҷуғрофинигорони мусулмон бо васфи шаҳри ҷадид, ки ба вижа дар асари Хоникӯф омадааст, ба хубӣ нишон медиҳад, ки дар Бухоро бар хилофи [[Марв]], [[Самарқанд]] ва дигар шаҳрҳо, дар айни васеъгардонии масоҳати шаҳр, ҷобаҷогузорӣ ба хубӣ сурат нагирифта ва шаҳр пас аз вайронӣ ҳамеша дар ҳамон ҷо ва дар ҳамон шакл садаи саввуми қамарӣ бозсозӣ шуда ва боқӣ мондааст.
[[Шаҳр]]и Бухоро бо ҳавои намноки худ пурсохтмонтарин ва аз лиҳози вусъат пурҷамъияттарин ва ободтарин шаҳр дар саросари [[Хуросон]] ва [[Мовароуннаҳр]] буд ва ҳар рӯз густариши бештар меёфт. [[Мақдисӣ]] машрӯҳтарин васфро аз зиндагии шаҳр дар онҷо ба даст додааст. Ба гуфтаи вай, Бухоро шаҳре будааст бо хиёбонҳо ва бозорҳои фарох, ҳаммомҳои некӯ, оби сабук, хӯрокҳои гуворо, меваҳои бисёр ва зиндагии роҳат. Мардум сахт ба маҷолис ва гирдиҳамоиҳо пойбанд будаанд ва тӯдаи мардум бо илму адаб сарукор доштаанд. Молиётситон ва ушриягир дида намешуд ва ҳама аз доду гири амир хушнуд буданд ва дар амнияту осоиш зиндагӣ мекарданд. Бо ин ҳол, вай он ҷоро аз лиҳози олудагӣ чун Фустот ва дар меъморӣ, тангии хонаҳо ва фаровонии балкунҳо чун Димишқ хондааст. Дар он ҷо оташсӯзи бисёр, бӯйи уфунат, пароканда ва фасоди ҷинсӣ ошкор буд. Мардумоне ба Бухоро муҳоҷират карда буданд, ки фасоду бадмуомилагиро ошкор, ва риборо мубоҳ карда ва дар ҷамоот сустӣ меварзиданд. Насли нав падид омада буданд, ки ҳарир ва дебо мепӯшиданд
Бархе аз ин мушкилоти шаҳрӣ аз бадви истиқрори [[Сомониён]] таваҷҷуҳ ҷалб мекард. Амир [[Исмоили Сомонӣ|Исмоил ибни Аҳмад]] тангӣ ва касифии дохили Бухороро дар муқоиса бо назоҳат ва хуррамии атрофи он чун одаме дониста, ки даруни зишт ва зоҳири зебо дорад. Ин масъала дар шеър низ ифода ёфтааст. Аввалин касе, ки дар ҳаҷв ва накӯҳиши Бухоро, васфи тангӣ ва касифии он сухан гуфт ва дигарон аз ӯ пайравӣ карданд, [[Абӯ Таййиби Тоҳирӣ]] буд. Ӯ гуфтааст:
Истифода аз чӯб дар сохти хонаҳои Бухоро
== Инҷоро ҳам нигаред ==
{{Умуми}}
== Манобеъ ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Шаҳрҳои Ӯзбекистон]]
|