Саъдиниссо Ҳакимова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х clean up, replaced: |Ном → |ном, |Номи аслӣ → |номи аслӣ, |Акс → |тасвир, |Бар → |бар, |Тавсифи акс → |тавсифи тасвир, |Санаи таваллуд using AWB
Сатри 1:
{{Олим
|Ном ном = Саъдинисо Ҳакимова
|Номиноми аслӣ = Саъдинисо Ҳафизовна Ҳакимова
|Акс тасвир =
|Бар бар =
|Тавсифитавсифи акстасвир =
|Санаисанаи таваллуд = 20.12.1924
|Зодгоҳ зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Конибодом|ноҳияи Конибодом}}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[СССР]]
|Санаисанаи марг = 12.10.2015
|Шаҳрвандӣшаҳрвандӣ = [[Тоҷикистон]]
|Маҳаллимаҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]]
|Муҳитифазои илмӣ = [[тиб]]
|Ҷойҳоиҷойҳои кор = беморхонаи вилоятии ш. [[Кӯлоб]], [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]], Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдаки Тоҷикистон
|Дараҷаидараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои тиб}}
|Унвонҳоиунвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ ||0}}
|Алмаалма-матер = [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино|Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]] [[ҶШС Тоҷикистон]], [[СССР]]
|Роҳбарироҳбари илмӣ =
|Шогирдонишогирдони маъруф =
|Маъруфмаъруф ба =
|Ҷоизаҳомукофоту ва мукофотҳоҷоизаҳо = орденҳои [[ордени Ленин|Ленин]], [[ордени Дӯстии халқҳо|«Дӯстии халқҳо»]], [[ордени Нишони фахрӣ|«Нишони фахрӣ»]], медали "Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945", Аълочии соҳаи тандурустӣ, [[Аълочии маорифи Тоҷикистон]], [[Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон]], ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон.
|Имзо имзо =
|Барибари имзо =
|Сайтсайт =
|Викитекавикитека =
|Викианборвикианбор =
}}
'''Саъдинисо Ҳафизовна Ҳакимова''' (20. 12. 1924, деҳаи Пӯлодони [[ноҳияи Конибодом]], – 12.10.2015, ш. [[Душанбе]]), [[доктори илм]]ҳои тиб ([[1958]]), [[профессор]] ([[1962]]), [[Ходими шоистаи илми Тоҷикистон]] ([[1968]]), Аълочии соҳаи тандурустӣ, [[Аълочии маорифи Тоҷикистон]].
 
== Зиндагинома==
Саъдинисо Ҳафизовна Ҳакимова хатмкардаи [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино|Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]] (1943). Ординатори шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии ш. [[Кӯлоб]] (1943-1944), роҳбари шуъбаи ҳифзи тандурустии [[вилояти Хатлон |вилояти Қӯрғонтеппа]] (1944-1946), ассистент (1946-1958) ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи муолиҷавии [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]] (1958-1980), директори Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдаки Тоҷикистон (1980-1993) кор кардааст.<ref name="Ҳакимова Саъдинисо Ҳафизовна">[http://old.tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/kh/akimova_sadiniso_afizovna/25-1-0-3321?lXBVaT Ҳакимова Саъдинисо Ҳафизовна] </ref>
== Фаолияти илмӣ ==
Таҳқиқоташ ба масъалаҳои танзими эндокринии фаъолияти насловарии зан, фаъолияти гормонии комплекси машимаю ҳамил ҳангоми ҳомилагии мӯътадил ва оризанок, фаъолияти усоравии тухмдон ва қабати қишрии ғадудҳои болои гурда дар шароити баландкӯҳ, камхунии занҳои ҳомила ва ғайра бахшида шудаанд. Маҳз бо кӯшишу талошҳояш дар бисёр шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ машваратгоҳҳои занона ва таваллудхонаҳои замонавӣ сохта шуданд, соли 1971 дар ҷумҳурӣ Лабораторияи проблемавии «Амрози занона, бемориҳои ирсӣ ва модарзодии кӯдакон» таъсис ёфт, ки соли 1980 дар заминаи он Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдак (ҳоло Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва педиатрия) ташкил карда шуд.Солҳои ҳафтодуми асри гузашта мактаби илмӣ амалии акушер гинекологҳои Тоҷикистон бо номи "мактаби Ҳакимова" шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Барои таъсиси ин мактаб монеаи зиёде пеш омада буд, аммо заҳматҳои Саъдинисо Ҳакимова кор доданду он таъсис ёфт ва ба коркарду тадқиқот оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ва пеш аз ҳама солимии модару кӯдак машғул гардид. Он замон Саъдинисо Ҳакимова ягона бонуе буд, ки пайи ҳалли мушкилоти зани тоҷик, модари тоҷик садҳо дарро мекӯфт, то ба ин мушкилот дигарон низ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва пайи ҳалли он чораҷӯӣ кунанд. То соли 1993 роҳбарии ин пажӯҳишгоҳро ба уҳда дошт, аммо чун дар кишвар нооромӣ ҳукмфармо буд, як муддат тарки ҷумҳурӣ намуд.<ref name="АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат">[http://millat.tj/farhangvaadab/4317-avvalin-90-sol.html АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат] </ref>
Теъдоди таълифоташ аз дусад мегузарад. Иштирокдори бисёр симпозиуму конгрессҳои байналмиллалии акушер-генекологҳо мебошад. Аз Осиёи Миёна аввалин бонуест, ки узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии СССР гардидааст.
==Осор==
Сатри 49:
* Танзими оила. – Д., 2004;
* Одоб. – Д., 2004;
* Илми ахлоқ ва одоб. – Д., 2010 (ҳаммуаллиф).<ref>[http://old.tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/kh/akimova_sadiniso_afizovna/25-1-0-3321?lXBVaT name="Ҳакимова Саъдинисо Ҳафизовна] <"/ref>
== Мукофот ==
Сатри 60:
* [[Аълочии маорифи Тоҷикистон]],
* Арбоби шоистаи Илми РСС Тоҷикистон,
* Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон.<ref>[http://millat.tj/farhangvaadab/4317-avvalin-90-sol.html name="АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат] <"/ref>
 
== Дӯстону шогирдон оид ба Саъдинисо Ҳакимова ==
[[Мунаввара Додхоева]], узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, мудири кафедраи акушерӣ-гинекологии [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]], мегӯяд: {{аввали иқтибос}}"Саъдинисо Ҳакимова худ оғози як достони ҷустуҷӯю бозёфт ва шуҳратёриву номбардорӣ аст. Ин зани сарбаланду донишманди тоҷик шоҳсутуни илми тибби кишвар, вориси намоёну арзандаи Синои бузург аст. Шахсан ман бисёр ифтихор аз он дорам, ки шогирд ва давомдиҳандаи кори чунин устод ва олими барҷастаи замон мебошам"{{охири иқтибос|сарчашма=[http://millat.tj/farhangvaadab/4317-avvalin-90-sol.html АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат]}}.
 
[[Гулрухсор Сафиева]] - шоири халқии Тоҷикистон дар махфиле, ки бахшида ба 90-солагии Саъдинисо Ҳакимова дар[[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]] доир гардид, гуфт: {{аввали иқтибос}}"Ҳамин маҳфили мо барои Софя Ҳафизовна ҳеч даркор ҳам нест. Ҳеч чиз дардашро сабук ҳам намекунад, фишорашро ҳам поён намекунад, задани қалбашро ҳам бешу кам намекунад. Мо ҳамаи ин корро барои худамон мекунем, барои он ки бигӯем, шукронаи он лаҳзае, ки офаридгор барои мо имконият додааст, бо як инсони бузурге шогирд ва дӯст ҳастем. Ана чунин инсони нозанинро ман мешиносам бо ҳама сифатҳои беҳтаринаш. Саъдинисо Ҳакимова яке аз инсонҳои беҳтарин буд ва ҳаст, ки аз давру замони худ як сад сол пеш ба дунё омадааст. Саъдинисо Ҳакимова бароям, хаёл мекунам, ки Софя Лорен аст, хаёл намекунам, ки духтур ҳасту ҷарроҳӣ мекунад, бо ин дастону чашмони нозанин. Хаёл мекунам, ки Катрин Денёв аст. Хаёл мекунам, ки як наққоши машҳури ҷаҳонӣ аст. Дастони модари ту, Дилбари азиз (муроҷиат ба духтари С. Ҳакимова), барои навохтани пианино, барои навохтани ҳама асбобҳои мусиқии дунё офарида шудаанд, аммо қисмат худаш инсонро месозад. Ба ман нақл карданд, ки ҳамроҳи Қумрӣ Ҳафизовнаи азизи ман, ки ҳар дуяшон дар ин ҷо нестанд, хар дуяшон дар мурдахона, духтаракҳои 14 - 15 сола дарс тайёр мекарданд. Ин зиндагӣ барои ин инсонҳо чӣ қадар азиз бошад, ки дар мурдахона наврас шинаду дарс тайёр кунад ва баъд гӯяд, ки бачаҳои тоҷик, масалан, модарони тоҷик бесарпаноҳ ва маризанд. Вақте ки дар бораи Софя Ҳафизовна гап мезананд, ман пеш аз ҳама худамро айбдор ҳис мекунам, ки мо худамон нашинохтем ин зани бузургро. Дар вақташ аз кору зиндагӣ ва таҷрибаи ишон кам истифода бурдем. Ҳарчанд ки Софя Ҳафизовна ҳамаи қувва ва ҳунарашро барои хидмати мардум истифода бурд. Бубинед, қаду қомат, чашм, абрӯ, рангу рухсор, ҳамааш зебост ва Худо ҳамон одамеро, ки дӯст медорад, зебо меофарад. Одами зеборо мисли худаш меофарад, худгуна, баақлу фаросат, баинсофу имон. Ман чӣ гӯям, дар ин навад соле, ки модари мо сарбаландона зиндагӣ кард, ҳалолаш бод. Ва лаҳзае бояд аз зиндагияш пушаймон набошад. Як дунё хотира дорам. Софя Ҳафизовна низ мисли мо шоир буд, мисли мо наққош буд, овозхон буд, ман шоҳид будам, ки чӣ қадар ӯ Барно Исҳоқоваро дӯст медошт, чӣ қадар устод Турсунзода арҷ мегузоштанд ба Саъдинисо Ҳакимова. Ҳар кас дар ҷояш як шахсияти бузург аст. "Вақте ҷашни Айнӣ шуд, банда гуфтам, ки устод Айнӣ, шогирди чилсолаи Бухоро дар қарни ХХ кореро карданд, ки устод Рӯдакӣ дар қарни 1Х- Х карданд. Саъдинисо Ҳакимова низ дар қарни ХХ - ХХ1 кореро карданд, ки мумкин чандин донишгоҳ, чандин пажӯҳишгоҳ накарда бошанд"{{охири иқтибос|сарчашма=[http://millat.tj/farhangvaadab/4317-avvalin-90-sol.html АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат]}}.
 
Гулрухсор дар поёни суханрониаш гуфт: {{аввали иқтибос}}"Аз ин ки аз модари мо, аз модари ман ёд мекунед, ташаккур. Шоир гуфтааст, шод будан ҳунар аст, шод кардан ҳунари волотар. Бунёди тамоми халлоқӣ ва эҷодиёти Софя Ҳафизовна дард буд, мисле ки бе дард ягон фарзанд ба дунё намеояд, бе дард ягон шоир шоири бузург шуда наметавонад, бе дард ягон табиб табиби хуб буда наметавонад, ҳамон дарде, ки мегӯям:
Сатри 85:
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Олимон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ: Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Пизишкони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]