Аббос Алиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
таҳрир
х clean up, replaced: |Ном → |ном, |Номи аслӣ → |номи аслӣ, |Акс → |тасвир, |Бар → |бар, |Тавсифи акс → |тавсифи тасвир, |Санаи таваллуд using AWB
Сатри 1:
{{Олим
|Ном ном =
|Номиноми аслӣ = Аббос Алиев
|Акс тасвир =
|Бар бар =
|Тавсифитавсифи акстасвир =
|Санаисанаи таваллуд = 1899
|Зодгоҳ зодгоҳ = {{Зодгоҳ| Бухоро |шаҳри Бухоро}}, [[ҶШС Ӯзбекистон]], [[СССР]]
|Шаҳрвандӣшаҳрвандӣ = {{Парчам|Тоҷикистон}} [[Тоҷикистон]]
|Санаисанаи марг = 16.01.1958
|Маҳаллимаҳалли марг = ш. [[Алмаато]]
|Муҳитифазои илмӣ = [[таърих]]
|Ҷойҳоиҷойҳои кор = Ҳукумати ҶХШ Бухоро, Ҳукумати [[Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон|ҶМШС Тоҷикистон]], Донишгоҳи Осиёимиёнагии ш. [[Тошкент]], [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии педагогии ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко]], мактабҳои олии шаҳрҳои [[Бишкек]], [[Владикавказ]], Днепропетровск, [[Алмаато]]
|Дараҷаидараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои таърих}}
|Унвонҳоиунвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ ||0}}
|Алмаалма-матер = Мактаби олии ҳизбӣ ва сиёсии «Красная профессура»-и назди КМ ВКП (б)
|Роҳбарироҳбари илмӣ =
|Шогирдонишогирдони маъруф =
|Маъруфмаъруф ба =
|Ҷоизаҳомукофоту ва мукофотҳоҷоизаҳо = ордени Ситораи Тиллои Комиҷроияи Марказии Республикаи Халқии Советии Бухоро (1922)
|Имзо имзо =
|Барибари имзо =
|Сайтсайт =
|Викитекавикитека =
|Викианборвикианбор =
}}
 
'''Аббос Алиев''' - ([[1899]]-[[1958]]), вазири аввалини маорифи [[Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]], [[олим]], [[доктори илм]] ва [[профессор]]и аввалини тоҷик. Бо [[Ордени Ситораи Сурхи ҶХШБ |ордени «Ситораи зарин»]]-и Комиҷроияи Марказии [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро]] (1922) мукофонида шудааст.
 
==Зиндагинома==
'''Аббос Алиев''' - соли 1899 дар Бухоро ба дунё омадааст, аз хурдсоли ятим мондааст ва аёми наврасӣ дар ш Чорҷӯй барои рӯзгузаронӣ меҳнат кардааст. Фаъолияти инқилобии Аббос Алиев соли 1917, дар 18 - солагии ӯ оғоз ёфтааст.Тобистони соли 1918 дар [[Тошканд]] Ҳизби коммунисти Бухоро таъсис ёфта, [[25 сентябр]]и [[1918]] нахустин Кумитаи марказии он интихоб гардид. Аббос Алиев аз ҳамон вақт узви Ҳизби коммунисти Бухоро буда, солҳои 1918-1920 дар созмонҳои коммунистии Бухорову Когон (Бухорои Нав) кор кардааст. <ref name="jumhuriyat.tj">[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref> Ӯ яке аз иштирокчиёни сарнагун намудани аморати [[Бухоро]] 2 сентябри соли [[1920]] мебошад. Фаъолияти инқилобии ӯ дар [[Бухоро]], Когон ва Чорҷӯй сар шуд. Солҳои 1918–1920 сардори Комитети махфии ҳизбии Чорҷӯй ва яке аз ташкилотчиёни ҶХС Бухоро, солҳои 1921–1923 корманди нахустини идораҳои ҳизбӣ ва муассисаҳои давлатӣ, баъдан муҳаррири [[рӯзнома]]и «Қутулуш» (баътар «Бухоро ахбори», «Озод Бухоро», «Бухоро пролетари», «Бухоро ҳақиқати») буд.
Аббос Алиев яке аз Қаӽрамонони Ҷумҳурии Халқии Бухоро гардиааст ва соли 1922 бо нишони «Ситораи зарин» («Олтин юлдуз») сарфароз гардид.<ref>[http://www. name="jumhuriyat.tj"/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref>
[[Муҳаммадҷон Шакурӣ|Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ]] дар рисолаи Аббос Алиев ([[Муҳаммадҷон Шакурӣ]]. Аббос Алиев. - Душанбе, 2012) оид ба зиндагиномаи ӯ, навиштааст: {{аввали иқтибос}}''«Аз ин ёдмондаи [[Ҷалол Икромӣ]] маълум мешавад, ки Аббос Алиев муборизи шӯълавари зидди пантуркизм буда, дар роҳи ҳақ ба нотарсиву ҷонсупорӣ талош кардааст, қобилияте доштааст, ки ҷавонони ҳамиятмандро гирди худ ҷамъ биёвараду ба мубориза алайҳи душманони синфӣ сафарбар бикунад, бо санъати суханварӣ мардумони зиёдеро ба муборизаи миллии озодихоҳӣ бихезонад. Аббос Алиевро ба Маскав, ба Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ фиристода бошанд. Яъне, аз Бухоро дуртар ронданд, табъид карданд. Агар ин тахмини мо дуруст бошад, тавон гуфт, ба Маскав, ба таҳсил фиристода шудани Аббос Алиев як навъ ҷазо барои ташкили шӯриши зидди пантуркизм буд.
Чунончи Икромӣ мегӯяд, пас аз ин намойишу шӯриш қариб ҳамаи мактабҳои Бухоро ба забони тоҷикӣ – ба забони модарии аҳолии шаҳр гардонда шуд. Ин як пирӯзии бузург буд, ки Аббос Алиев ва намойишгарон ба даст оварданд. Вале ин пирӯзӣ дер напоид. Ҳукуматдорон дар андак муддат кам - кам боз мактабҳои Бухороро ба забони ӯзбекӣ гардонданд. Маълумоте ҳаст, ки соли 1924 – дар охири соли мавҷудияти Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро як мактаби тоҷикӣ боқӣ намонда буд, ҳамаро ӯзбекӣ карда буданд.»''{{охири иқтибос}}<ref>[http://www. name="jumhuriyat.tj"/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref>
{{Photomontage
| photo1a = Order of the Red Star Bukhara Soviet Republic, 1 degree.png {{!}} Дараҷаи I
Сатри 46:
| text_background = #FFDEAD
}}
Соли 1922 мактаби олии ҳизбӣ ва сиёсии «Красная профессура»-и назди КМ ВКП (б)-ро хатм кардааст. Соли 1924 Ҷумҳурияти Халқии Шӯравии Бухоро барҳам хӯрд. Бухороро ба импиротурии болшавикӣ илҳоқ карданд. Бо марзбандии миллии Осиёи Миёна, соли 1924, Ҷумҳурияти Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва дар ҳайати он [[Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] таъсис шуд. Аз Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва ғайра, мардумоне, ки касбу кори гуногун доштанд, ба Душанбе омадан гирифтанду бештари онҳо мақсад доштанд, ки Тоҷикистон бисозанд. Бисёре аз тоҷикгароёни Бухоро, касоне чун [[Абдулқодир Муҳиддинов]] ва Аббос Алиев ба Тоҷикистон омаданд. [[Абдулқодир Муҳиддинов]] нахустин сарвазири Тоҷикистон – раиси Шӯрои комиссарони халқӣ, Аббос Алиев якумин вазири маорифи Тоҷикистон – комиссари халқии маориф шуд. Муовини вазир Аббос Алиев устод [[Лоҳутӣ]] буд. {{аввали иқтибос}}''«Он солҳо, ки вазири маориф буд, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон, ки нав шакл мегирифт, ширкат дошт. Барои таъсиси якумин маҷаллаи Тоҷикистон «Дониш ва омӯзгор» бисёр давутоз кард ва соли 1926 сармуҳаррири он буд. Инчунин, нахустин рӯзномаи Тоҷикистон «Бедории тоҷик» бо ширкати фаъолонаи ӯ таъсис ёфт. (Дар ин бора ниг: [[Пайванди Гулмуродзода]]. Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон. – Душанбе: Ирфон. 2006. – с. 152-158). [[Шӯҳрат Саъдиев]] мегӯяд: «Ӯ чун рӯзноманигори оташсухан бо мақолаҳои рӯзмаррааш дар ҷумҳурӣ машҳур буд»''{{охири иқтибос}}<ref>[http://www. name="jumhuriyat.tj"/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref>
 
Дар муборизаи зидди босмачиён, маъракаи маҳви бесаводӣ ва инқилоби маданӣ иштирок намудааст. Дар пурсишномаи мазкур Аббос Алиев навиштааст, ки аз соли 1927 то 1936 узви Шӯрои шаҳри Тошканд буд. Яъне, шояд, то тобистони соли 1927 дар Тошканд будаасту баъдан, ба Маскав рафта бошад ҳам, узвияти ӯ дар Шӯрои шаҳри Тошканд ҳамчунон идома доштааст. Ш. Саъдиев дар бораи таҳсили Аббос Алиев дар Институти шарқшиносии Маскав андак батафсил сухан рондааст, ки «дар ин солҳо ӯ ҳамчун донандаи забонҳои халқҳои Осиёи Миёна, арабӣ, туркӣ, урду ном бароварда, забонҳои русӣ, лотинӣ ва инглисиро низ аз худ мекунад». Зиёда аз ин, Ш.Саъдиев порае аз назарнома (изҳори назар)-и академик В.В.Струверо дар бораи Аббос Алиев дар солҳои таҳсили ӯ дар Институти шарқшиносии Маскав овардааст, ки аҷаб баҳои баланд дар бораи дониши Аббос Алиев аст. Дар мақолаи Ш.Саъдиев омадааст:
Сатри 57:
* Солҳои 1930 – 1936 – устоди Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ, Тошканд) ва Дорулмуаллимини тоҷикон
(Тошканд).
[[Муҳаммадҷон Шакурӣ|Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ]] менависад:{{аввали иқтибос}}''«Ин аст, ки Аббос Алиев аз тоҷикон якумин донишманде буд, ки ба унвони профессорӣ расид. [[Абдуррауфи Фитрат]] хеле пештар аз Аббос Алиев унвони [[профессор]]ӣ дарёфт, лекин [[Абдуррауфи Фитрат|Фитрат]] худро турк ба қалам дода, ба сифати як донишманди ӯзбек соҳиби ин унвон гардид. Аз ин рӯ, мо на Фитрат, балки Аббос Алиевро нахустин [[профессор]]и тоҷик ба шумор меоварем»''{{охири иқтибос}}.<ref>[http://www. name="jumhuriyat.tj"/index.php?art_id=13068 Аббос Алиев, муаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ] </ref>
 
Солҳои [[1935]]-[[1939]] бадарғашавӣ (дар натиҷаи тӯҳмати милатгароёни ӯзбек) ҳамчун "миллатчии буржуазӣ". Дар рисолааш [[Муҳаммадҷон Шакурӣ]] қайд намудааст, ки дар мақолаи Ш.Саъдиев порае аз тарҷумаи ҳоли Аббос Алиев оварда шудааст, ки сабаби зиндонӣ шуданашро эзоҳ медиҳад. Аббос Алиев навиштааст:
{{аввали иқтибос}}''«Дар Ӯзбекистон ман боз ба «абарқудратон» рӯбарӯ шудам… Сабаби ба ҳабс гирифта шуданам навиштани асаре буд, ки дар он ман ғалату камбудиҳои китоби Раиси Шӯрои нозирони ҶШС Ӯзбекистон Файзулло Хоҷаевро, ки ба инқилоби Бухоро бахшида шуда буд, фошу танқид карда будам»''{{охири иқтибос}}. (Ш. Саъдиев. Аввалин нозири маорифи Тоҷикистон // «Адиб», 2004. - № 6. – с.68).
 
Аббос Алиев баъд аз озодшавӣ аз бадарға, Ӯзбекистонро тарк намуда ба ш. [[Сталинобод]] кӯчидааст.
Сатри 97:
{{Тоҷикистон}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Олимон аз рӯи алифбо]]