Абдуҷаббор Раҳмонзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Манбаъ: илова
х clean up, replaced: |Ном → |ном, |Номи аслӣ → |номи аслӣ, |Акс → |тасвир, |Бар → |бар, |Тавсифи акс → |тавсифи тасвир, |Санаи таваллуд using AWB
Сатри 1:
{{Олим
|Ном ном = Абдуҷаббор Раҳмонов
|Номиноми аслӣ = Абдуҷаббор Азизович Раҳмонов
|Акс тасвир =
|Бар бар =
|Тавсифитавсифи акстасвир =
|Санаисанаи таваллуд = [[15 март]]и соли [[1959]]
|Зодгоҳ зодгоҳ = [[деҳаи Андароб|Андароб]], {{Зодгоҳ|ноҳияи Кӯлоб}}, [[вилояти Хатлон|Хатлон]], [[ҶШС Тоҷикистон]]
|Санаисанаи марг =
|Шаҳрвандӣшаҳрвандӣ =
|Маҳаллимаҳалли марг =
|Муҳитифазои илмӣ =
|Ҷойҳоиҷойҳои кор = [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]], [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]], [[Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон]], [[Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]].
|Дараҷаидараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои филология}}
|Унвонҳоиунвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ||0}}
|Алмаалма-матер =
|Роҳбарироҳбари илмӣ =
|Шогирдонишогирдони маъруф =
|Маъруфмаъруф ба =
|мукофоту ҷоизаҳо =
|Ҷоизаҳо ва мукофотҳо =
|Имзо имзо =
|Барибари имзо =
|Сайтсайт =
|Викитекавикитека =
|Викианборвикианбор =
}}
'''Абдуҷаббор Раҳмонов''' - [[олим]], адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик, [[доктори илм]]ҳои филология, [[профессор]], академики [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]], академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, ходими давлатӣ.
== Зиндагинома ==
Абдуҷаббор Раҳмонов [[15 март]]и соли [[1959]] дар деҳаи Андароби [[ноҳияи Кӯлоб]] чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1978 ба факултаи филологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин]] дохил шуда, соли 1983 хатм намуда, ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултаи филологияи тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин]] ба кор оғоз кардааст. Солҳои 1985-1987 дар Афғонистон адои вазифа намуда, сипас дар аспирантураи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин]] таҳсил намуда, соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Баъди дифои рисола аввал, ба сифати ассистент, баъдан ба сифати саромӯзгор ва дотсенти кафедраи фавқуззикр адои вазифа намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ва методӣ дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт таҳия ва нашр намудааст. Аз соли 1995 то соли 1999 ба сифати мудири шӯъбаи таълими [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] кор намуда, баъдан ба хотири ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ ба рухсатии эҷодӣ баромадааст. Ӯ соли 1999 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] бо муваффақият дифоъ намудааст. Соли 2000 ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи [[Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ин шуъба кор намудааст. Сипас, ба шуъбаи фарҳанги [[Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] гузаронида шудааст. Соли 2004 ба сифати Раиси [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] таъин гардида, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолияти пурсамар намудааст. Аз январи соли 2012 то 2014 Ректори [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] буд ва ҳоло дар вазифаи ёвари [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] дар [[Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] фаъолият мебарад.<ref>[http://news.tj/tj/news/abdu-abbor-ra-monov-evari-prezident-tain-shud. Абдуҷаббор Раҳмонов ёвари президент таъин шуд]</ref>
== Фаъолияти илмӣ ==
Абдуҷаббор Раҳмонов ба сифати адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик шинохта шуда, академики Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мебошад. Ӯ аз солҳои 80-уми садаи ХХ то ба имрӯз дар мавзӯъҳои мухталифм адабиёт, забон ва фарҳанг мақолаҳои илмӣ - омавӣ таҳия намуда, мақолаҳояш дар дохил ва хориҷи кишвар ба нашр расидаанд. Дар бораи проблемаҳои замону макони бадеӣ дар адабиёт ва нақши он дар тафаккури эҷодӣ низ тадқиқоти судманд ба анҷом расонида, дар ин бора якчанд мақолаҳои проблемавӣ таҳия кардааст, ки намунаашон мақолаҳои «Мавқеи замони бадеӣ дар романи «Палатаи кунҷакӣ»- и [[Фазлиддин Муҳамадиев]], «Структураи замони бадеӣ дар повести «Як рӯзи дароз» - и [[Ӯрун Кӯҳзод]]», «Таркиби замони бадеӣ дар адабиёти классики форсӣ - тоҷикии асрҳои X-XI» ва рисолаи «Маърифати замон» мебошад, ки соли 1996 аз нашр баромадааст.
Сатри 54:
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Олимон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]