Обид Шакурзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х clean up, replaced: |ном → |ном, |бар → |бар, |зодгоҳ → |зодгоҳ , |ҷойҳои кор → |ҷойҳои кор, |дараҷаи илмӣ → |дараҷаи илмӣ , |маъруф ба using AWB
Сатри 1:
{{Олим
|ном =
|номи аслӣ = Обидҷон Шакуров
|тасвир = Обид Шакурзода.jpg
|бар =
|тавсифи тасвир = Обид Шакурзода, сурат аз саҳифаи фейсбукии ӯ.
|санаи таваллуд = 3.02.1956
|зодгоҳ = [[Худгифи Соя]], {{Зодгоҳ|Кӯҳистони Мастчоҳ|ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ}}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[ИҶШС]]
|шаҳрвандӣ = {{flag|Тоҷикистон}}
|фазои илмӣ = [[филология]]
|ҷойҳои кор = {{заъф|Радиои Озодӣ/Аврупои Озод ([[1995]]-[[2001]]),}} <br />{{заъф|Ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» ([[2001]]-[[2006]]),}} <br /> {{заъф|Созмони мустақили «Рӯзноманигорони озод ва дифоъ аз ошкорбаёнӣ» ([[2006]]-[[2010]]),}} <br /> [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]] (аз [[соли 2011]])
|дараҷаи илмӣ =
|унвонҳои илмӣ =
|алма-матер = [[Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон|Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин]] ([[1978]])
|роҳбари илмӣ =
|шогирдони маъруф =
|маъруф ба =
|мукофоту ҷоизаҳо =
|имзо =
|бари имзо =
|сайт = https://www.facebook.com/obid.shakurzoda
|викитека =
|викианбор =
}}
'''Обид Шакурзода''' (''Обидҷон Шакуров''; [[3 феврал]]и [[1956]], [[Худгифи Соя]], {{Зодгоҳ|Кӯҳистони Мастчоҳ|ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ}}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[ИҶШС]]) — [[рӯзноманигор]], [[пажӯҳишгар]] ва [[донишманд]]и [[Тоҷикистон|тоҷик]]. Муҳаррири пешбари [[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик]].
Сатри 28:
Обид Шакурзода 3 феврали соли 1956 дар деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи 10-и ноҳия таҳсил карда, ҳамзамон бо адабиёти пурғановати форсу тоҷик, бахусус «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз тавассути волидонаш ошно шудааст<ref>Обид Шакурзода. Шарҳи «Гулистон»-и Саъдӣ. – Душанбе:  Адиб, 2014, – 540 с. – ISBN 978-99947-2-283-6, – саҳ. 4.</ref>. Соли 1978 бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро]] хатм кардааст.
Аввалин очерку хабару гузоришҳояш дар нашрияи ноҳиявии «Машъал», рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Маориф ва Маданият» солҳое интишор ёфтаанд, ки дар мактаби миёна таҳсил мекард.
 
То ҳол касоне, ки намоишҳои солҳои 80 ва аввали 90 асри гузаштаи телевизиони тоҷикро ёд доранд, ба барномаҳое чун «Оҳанги зиндагӣ», «Рангоранг», «Ҷаҳоннамо» ишора мекунанд, ки Обид Шакурзода якҷо бо журналистони маъруфи он замон, мисли Бобоҷон Икромов таҳия мекард ва онҳо аз пурбинандатарин барномаҳои телевизионикишвар буданд.
Сатри 35:
 
== Фаъолияти меҳнатӣ ==
Фаъолияти кории худро аз мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз намуда, муддати ду сол дар ин айём ба кори тарҷумонӣ дар Кумитаи Марказии комсомол ҷалб шуда ва маъмурияте ба Афғонистон ҳам доштааст.
 
Аз соли1985 то 1989 муҳаррири Кумитаи радио ва телевизион, солҳои 1989-1990 муовини сардабири ҳафтаномаи «Ойинаи зиндагӣ», ҳудудан се соли дигар (1990-1992) хабарнигори Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон (ИРНО) дар Душанбе буд. Баъдан, шаш сол, то соли 2001 дар шаҳри [[Прага]]и Ҷумҳурии Чех зиста, хабарнигори радиои Озодӣ/Аврупои Озод буд.
 
Баъди бозгашт то соли 2006 муҳаррири масъули ҳафтномаи «Нерӯи сухан» ва аз соли 2006 то 2010 котиби масъули Созмони мустақили «Рӯзноманигорони озод ва дифоъ аз ошкорбаёнӣ» буд.
 
Аз соли 2011 то ин дам муҳаррири пешбари редаксияи забон, адабиёт ва фолклори [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]] аст ва дар таҳияи ҷилдҳои 2,3 ва 4-и [[Энсиклопедияи миллии тоҷик]] саҳм дорад.
 
== Таълифот ==
Ба таҳияи матни классикӣ охири солҳои 80-и асри гузашта пардохт ва бори аввал «Қассас-ул-анбиё» бо талоши ӯ аз хати форсӣ ба срилик баргардон ва дар маҷаллаи «Фарҳанг» чоп шуд.
 
Муддати якуним соле, ки дар Ҷумҳурии исломии Эрон зист бо Доиратулмаорифи Адаби Форсӣ(таҳти сарпарсатии доктор Ҳасани Анӯша) ҳамкорӣ намуда, пиромуни адабиёти форсии Мовароуннаҳр чандин мақола ба табъ расонид. Ҳамчунин ду китоб – «Қуръон ва табиъат. Гузашта ва ояндаи ҷаҳон аз нигоҳи Қуръон» (навиштаи Беозори Шерозӣ) ва «Ҳиҷоб. Масоили Ҳиҷоб» (асари Муртазо Муттаҳаррӣ)-ро ба хати срилик баргардонид, ки дар Теҳрон мунташир ва ба хонандагони тоҷик дастрас шуданд.