Дониёлбий (Амир): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: ==Нигаред== → == Ҳамчунин нигаред ==, removed: * using AWB
Сатри 8:
 
Дар ин давра ҳокимони вилоятҳои Нурато, Кармина, Хузор ва Ӯротеппа ба шӯриш бархоста, дар водии Зарафшон қабилаҳои «ҳафт қавм» («етти уруқ») исён карданд ва дар аморат ҷангҳои дохилӣ авҷ гирифтанд. Сардори қабилаи юз Фозилбий аз [[Хуҷанд]] бархоста [[Ӯротеппа]]ро ишғол кард ва ба ҷониби [[Самарқанд]] равона шуд. Ӯ Самарқандро муҳосираву забт намуд ва ҳокими онро, ки бародари Дониёлбий буд, бо ҳама хешу ақрабо асир кард.
Пас аз он ба ҷониби Миёнкол ҳаракат кард ва ба қувваҳои ӯ қабилаҳои хитой-қипчоқиҳо ҳамроҳ шуданд. Дониёлбий бо лашкари бисёре ба муқобили онҳо равона шуда ба Кармина расид. Дар ин мавзеъ гуфтушунидҳо бо исёнгарон оғоз шуданд. Исёнгарон аз тахт сарнагун кардани Фозилтӯраро талаб мекарданд. Дониёлбий ночор ба ин талаб розӣ шуда, Фозилтӯраро ҳокими [[Қаршӣ]] таъйин кард ва ӯ бо падараш – Норбутабий ва наздиконаш ба он ҷой равона шуд. Мубориза бо [[феодал]]он ва [[исёнгар]]он мустаҳкам намудани ҳокимият ва пурзӯр намудани қувваҳои ҳарбиро тақозо мекард. Бо ин мақсад Дониёлбий ҳокимиятро пурра ба дасти худ гирифт. Ба ҷойи Фозилтӯра шоҳзода [[Абдулғозих]]он-набераи Абдулфайзхони чингизиро ҳокими [[Бухоро]] таъйин кард. Норбӯтабий ҳанӯз вақти дар Бухоро буданаш дар қасди ба даст овардани ҳокимият буд. С. 1771 ӯ бо ҳамроҳии ҳокимони Шаҳрисабзу Хузор боз бар зидди Дониёлбий шӯриш бардошт. Ин шӯриш пахш карда шуда, [[Қаршӣ]], [[Шаҳрисабз]], [[Ҳисор]] ва дигар [[шаҳр]]ҳо ба итоати [[Бухоро]] даромаданд. Пас аз ҳукмронии 27-сола ([[9 июн]]и с. [[1785]]) Дониёлбий вафот кард. Дар давраи ҳукмронии ӯ мадрасаву масҷидҳо баста шуда, ҳуҷраҳои онҳо ба анбори коҳу ғалладона мубаддал шуданд. Зулму тааддӣ ва андозҳо бар гардани мардум зиёд гаштанд. <ref>Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 122-123</ref>
==Эзоҳ==
{{Эзоҳ}}
 
== Ҳамчунин нигаред ==
==Нигаред==
* [[Бисабоат Исмоилова]]. История Бухарского эмирата (втор.пол. XVIII- сер. XIX вв.). - Худжанд: Нури маърифат, 2005;
* [[Бисабоат Исмоилова]]. Бухарский эмират при эмире Хайдаре. - Худжанд: Адолат, 2000;
Сатри 20:
* [[Ҷамшед Ҷӯрабоев|Джурабаев Д.Х.]]. Джурабаев Д.Х. Политическая история Бухарского эмирата по второй пловине XVIII – середине XIX вв. (По материялам среднеазиатских и внешних письменных источников). – Худжанд, 2013. -318 с.
{{таърих-нопурра}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳукуматдорони Бухоро]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Бухоро]]