Фисоғурис: Тафовут байни таҳрирҳо

х
clean up, replaced: |номи аслӣ → | номи аслӣ, removed: * using AWB
(таҳрир)
х (clean up, replaced: |номи аслӣ → | номи аслӣ, removed: * using AWB)
{{Шахсият
|ном = Пифагор
| номи аслӣ = Πυθαγόρας
|ном ҳангоми таваллуд = Пифагор
}}
 
'''Пифагор''' ({{забон-ел|Πυθαγόρας}}) — математик ва файласуфи [[Юнони бостон]], тахминан соли [[586]]- [[569]]то милод таваллуд ефтааст.
 
Соли аз Самос рафтани ӯро Аполлодор соли якуми олимпиадаи 62-юм (солҳои 532-531 то милод), Тимей бошад соли 529 то милод ҳисоб кардаанд. Дар шаҳри Кротон Пифагор мактаби файласуфии худро созмон додан хост. Дар байни мардум обрӯ, шаъну эътибори ӯ барқосо боло рафт. Ба шунидани ақидаҳои ӯ на танҳо мардон, балки бонувон низ гирд меомаданд, ҳарчанд барои онҳо ширкат варзидан дар ҷамъомадҳо аз рӯи қонун манъ буд. Дере нагузашта яке аз чунин қонуншиканҳо, духтари Боронт, Теано, завҷаи Пифагор мешавад.
Тимей иттилоъ додааст, ки «духтари Пифагор дар хори духтарона ва баъди ба шавҳар баромадан дар хори занона овозхони аввалин буд». Ба ақидаи Порфирия номи ӯ Мийа будааст. Аз писарони Пифагор бештар Телавг ва Аримнест маъруфанд. Ровиёни минбаъда бо номҳои гуногун боз писару духтарони дигари файласуфро зикр кардаанд. Пас аз сини 60 солагиаш ба [[Ватан]] бармегардад.<ref> Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 40 – 42 </ref>
 
== Мактаби Пифагор==
== Фаъолияти илмӣ ==
Дар соҳаи [[геометрия]] низ саҳми Пифагор бузург аст. Теоремаи собитсохтааш номи ӯро дороет. Пифагор асосгузори таълимоти динию фалсафии ''Пифагореизм'' (файсогурасия) мебошад. Пифагореизм ба ташаккул ва таркиби арифметикию геометрии унсурҳо аҳамият дода, онҳоро ба астрономия алоқаманд медонист, «ҳамаи чизҳо- асли адад», мегуфт. Яъне асоси Пифагореизм таълимотест дар бораи ададҳо. Таълимот ба ададҳо мазмуни ҳаётӣ медиҳад. Даҳ ҳосили ҷамъи чор адади аввал аст (1+2+3+4=10), ки дар он як ифодагари адади ягона, ду - ҳаракат ба сӯи номаълумӣ, се - нуқтаи беинтиҳоӣ, чор - таҷассуми ҷисмонии шаклҳои мазкур мебошанд. Боз онҳо мегуфтанд, ки нуқта бо адади як, хат бо ду рақам, ҳамворӣ бо се ва ҳаҷм бо чор адад чен карда мешаванд.
Ғайр аз ин ба фалсафа мафҳумҳои ба ҳам зид (тазод)-ро низ пифагорейҳо ворид сохтанд. Онҳо ҷадвали даҳҷуфтаи ба ҳам зидҳоро тартиб доданд: интиҳо ва беинтиҳоӣ (ҳудуд вабеҳудудӣ), тоқ ва ҷуфт, як ва бисёр, рост ва чап, мард ва зан, ором ва ҷунбанда, рост ва каҷ, нур ва зулмот, некй ва бадй, мураббаъ ва чоркунҷа. Яъне, Пифагор ва пайравонаш мехостанд ҳаёти воқеиро дар муносибат бо ададҳо алоқаманд созанд. Ба Пифагор таълимот дар хусуси метемпсихоз, яъне аз як ҷисм ба ҷисми дигар интиқол ёфтани рӯҳро низ нисбат медиҳанд. Гӯё ӯ таъкид карда бошад, ки вай нахуст Эфалид, писари Ҳермес, буд. Баъд рӯҳаш дар растаниҳо ҷой гирифт, сипас ба ҷисми Эвфорб, яке аз қаҳрамонони муҳорибаи Троя, гузашт, аз вай боз ба тани ду нафари дигар.
 
Пас аз вафоти Пифагор таълимоти ӯ дар бисёр шаҳрҳои Юнони Бузург рушд ёфт. Файласуфи Юнони Қадим, ходими барҷастаи дину сиёсат, асосгузори пифагореизм мебошад.
Дар мактаби Пифагор бори нахуст [[геометрия]] ба сифати фанни мустақил шинохта шуд. Маҳз Пифагор ва шогирдони ӯ ба пажӯҳиши геометрия ҳамчун илми назариявй дар хусуси шаклҳои геометрии абстракт даст заданд. Дастоварди муҳимтарини илмии Пифагор ба математика муттасил ворид сохтани исбот аст. Қайд кардан ҷоиз, ки танҳо пас аз ҳамин амал [[математика]] ба илм табдил ёфт. Бо таваллуд шудани математика илм ба дунё омад, зеро «ягон тадқиқоти инсон, то аз исботи математикӣ нагузарад, илми ҳақиқӣ ба ҳисоб намеравад» (Леонардо да Винчи). Ба ақидаи Пифагор (Самосӣ, Файсоғурас) асосҳои математикаададҳо - дар айни замон асосҳои дунё ва муносибатҳои ададӣ ин инъикоси мутаносиби худи гетӣ мебошад. Аз ин рӯ ҷаҳон «Кайҳон» ном гирифт, зеро дар он қоида ва мутаносиби хукмронанд. Бори нахуст фарзияи пуфакмонанд будани замин дар мактаби Пифагор ба миён омад. Пифагор назарияи мусиқӣ ва илми садо (акустика)-ро рушд бахшид.<ref> Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 39 – 44 </ref>
 
== Инҷоро ҳам бингаред ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Юнони Бостон]]
[[Гурӯҳ:Файласуфони Юнони Қадим]]