Ҳомер: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: |номи аслӣ → | номи аслӣ, removed: * using AWB
Сатри 1:
{{Шахсият
|ном = Ҳомер
| номи аслӣ = Ὅμηρος Hómēros
|ном ҳангоми таваллуд = Ҳомер
}}
'''Ҳомер''' ({{забон-код|el|Ὅμηρος Hómēros}}) ({{lang-ru|Гомер}}) — машҳуртарин шоири [[Юнони Қадим]] мебошад (давраи зинддагиаш тахминан асри 8 то милод). Ӯ чунин достонҳои машҳури қадима "[[Илиада]]" ва "[[Одиссея]]"-ро, ки намунаи қадимтарини адабиёти аврупоӣ дониста мешавад, эҷод кардааст. Дар бораи ҳаёту фаъолияти ӯ на он қадар маълумоти зиёд ҳаст. Ҳатто то охир аниқ нест, ки оё Ҳомер дар ҳақиқат вуҷуд дошт ё не? Баъзе коршиносони Юнони бостон тахмин мекунанд, ки дар асл ин асарҳоро як гурӯҳ одамон эҷод кардаанд.
 
== Зиндагинома ==
Сатри 13:
* Аз рӯи ақидаи тадқиқгарони замони мо Ҳомер дар асри VIII то милод зистааст.
* Манзили эҳтимолии охирини ӯ ҷазираи Хиос аст.
* Баъзеҳо дар чунин ақидаанд, ки Ҳомер нобино буд ва ҳатто савод надошт, вай сурудҳои худро навишта наметавонист.<ref> Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 35 </ref>
*
== Достонҳои Ҳомер ==
Чи тавре ки аксари тадқиқгарони осори Ҳомер мепиндоранд, достонҳои шоир дар Осиёи Сағир, дар Ионии асри VIII то милод дар асоси ривоёти мифологй оид ба муҳорибаи Троя эҷод гаштаанд.
Дар замонҳои қадим ба Ҳомер достонҳои ҳаҷвии «Маргит» ва «Ҷанги мушу қурбоққаҳо», маҷмӯи асарҳо оид ба муҳорибаи Троя ва ба [[Юнон]] бозгаштани қаҳрамонон, аз қабили «Киприй», «Эфиопида», «Илиадаи хурд», «Забти Илиона», «Бозгашт»-ро нисбат медоданд. Зери унвони «Сурудҳои Ҳомер» маҷмӯае вуҷуд дошт, ки 33 сурудро дар васфи худоҳо дар бар мегирифт. Қиссаҳои [[Асотир|асотирӣасотир]]ӣ, ки дар онҳо корномаҳои қаҳрамонони афсонавй Ахиллес, Одиссей, Ҳектор васф мешуданд, ба сифати мундариҷаи достонҳои Ҳомер хизмат кардаанд.
Баъдтар номгӯи достонҳо то «[[Илиада]]» ва «[[Одиссей]]» ихтисор гардид, баъзе олимон «Маргит»-ро ба ин рӯйхат зам менамоянд.
 
Line 25 ⟶ 24:
«Илиада» як воқеаи муҳорибаи Троя, ҷанги байни пешвои ахейҳои шоҳи микенҳо Агамемнонро бо қаҳрамони юнонй Ахиллес, ҷанговари ҷасур ва нерӯманд, ба чаҳорчӯбаи тасвир гирифтааст. Барои «Илиада» маҷмӯи ривоятҳо дар атрофи Троя, акси садои юриши бузурги юнониҳои микенй ба қалъаи Осиёи Сағир, сарчашмаи асосй мебошад. Вале баъзе лаҳзаҳо бо дигар воқеаҳои таърихй тавъам гашта, дар навбати худ ҳикоятҳои навро дар васфи қаҳрамонҳо ба миён овардаанд. Муҳосираи шаҳр нӯҳ сол идома ёфт. Баходурони юнонй бисёр корномаҳо карданд ва ҳамаи онҳоро Ҳомер муфассал ба риштаи назм кашидааст. Ӯ дар эҷодаш аз сохти анъанавии шеъри юнонӣ-гекзаметр-шеъри ҳар мисрааш шашрукна истифода бурда, лаҳзаҳои муҳориба, сару либоси ҷанговарон, рафтору кирдор ва маҳалли ҳарбу зарбро воқеъбинона сурудааст.
Ба шарофати достонҳои Ҳомер тарзи ҳаёти иҷтимоии сипоҳиёни юнонӣ имрӯз бароямон торик нест. Ҳатто аз сурудаҳои ӯ археологҳо вайронаҳои Трояро ёфтанд ва таърихдонҳо аниқ карданд, ки дар ҳақиқат ин шаҳр тахминан солҳои 1200 то милод аз тарафи юнониҳо забт шудааст.
Пас аз фатҳи шаҳр ва озод намудани Еленаи париваш голибон роҳи бозгаштро пеш мегиранд. <ref> Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 37 – 38 </ref>
== «Одиссей» ==
Line 33 ⟶ 32:
Ба ақидаи Аристотел асоси достонҳои «Илиада» ва «Одиссей»-ро ягонагии ҳаракати драмавӣ ташкил медиҳад. Инчунин муаллиф характери қаҳрамонашро иброз намедорад, балки симои қаҳрамон аз суханрониҳои худи ӯ аён мегардад.
 
Кашфиётҳои ҳайратангези Г.Шлиман дарсолҳои 1870-1880 собит сохтанд, ки Троя, Микен ва аркх,ои ахейӣ афсона набуда, ҳақиқатанд. Кошифонро он чиз ба шигифт овард, ки бисёр тасвирҳои Ҳомер бо бозёфтҳои онҳо чун ду ҳиссаи як себ ба ҳам монанданд. Масалан, «Қадаҳ бо сурати кабӯтар», ки аз харобаҳои Микен дарёфт шуд, шояд ҳамон қадаҳе аст, ки аз он пири хирад Нестор шарбат менӯшид. <ref> Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 35 – 39 </ref>
== Донистаниҳо ==
Line 67 ⟶ 66:
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Шоирони Юнони Бостон]]
[[Гурӯҳ:Юнони Бостон]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳомер"