Ҷамшед Исмоилов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ҷамшед Исмоилов (сароянда)
 
х clean up, replaced: {{Зиндагинома → {{Шахсият, |Номи тоҷикӣ → | ном , |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи using AWB
Сатри 1:
{{Шахсият
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣном = Ҷамшед Исмоилов
|Номи номи аслӣ = Ҷамшед Исмоилов
| тасвир =
|Акс= noimage.gif
|Зодрӯз санаи таваллуд = [[1956]]
|Зодгоҳ зодгоҳ = [[ноҳияи Ховалинг]]
|Даргузашт санаи марг =
|Вазифа навъи фаъолият = [[сароянда]]
}}
 
'''Ҷамшед Исмоилов''' — сароянда-таронасаро, [[Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон|Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон]] (1989),
 
Ҷамшед Исмоилов фориғуттаҳсили мактаби ҳамагонии ш. [[Кӯлоб]] (1973), факултаи маданию равшаннамоии [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] (бахши дирижёрӣ, 1977), факултаи филологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] (1995) буда, фаъолияти корияшро ибтидо дар Кумитаи ҷавонони ш. Душанбе (коргузор 1978-1982) оғоз намудааст. Сипас сарояндаи яккахони ансамбли мақомхонони [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон|Комитети давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони РСС Тоҷикистон]] (1982-1992), директори гурӯҳҳои ҳунарии кумитаи мазкур (1992-95), муовини вазири фарҳанги ҶТ (1995-2001), директори генералии Иттиҳодияи эҷодию консертии Вазорати фарҳанги ҶТ (аз 2003 то имрӯз) хидмат намудааст.
 
Ҷамшед Исмоилов баробари сарояндаи соҳибсабк будан инчунин муаллифи зиёда аз 60 суруд буда ва таснифоташ «Хез модар», «Гуфтамат имшаб биёям», «Бародарон», «Биё бародар шавем», «Хоки ватан», «Эй сорбон», «Омадӣ ҷонам ба қурбонат» ва ғ. назди дӯстдорони созу овоз маъруфияти хоса касб кардаанд. Ҷамшед Исмоилов иштирокдори симпозиуму фестивалҳои байналмилали мусиқии мардумони Шарқ (Самарқанд 1983, 1987, 1997) буда, дар ҳайатҳои ҳунарии тоҷик бо барномаҳои консертӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ (1982-1991, Белорусия, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон), мамолики хориҷӣ (Кипр-1984, Афғонистон-1985, Олмон-1989, Белгия-1993,Туркия-1990, Эрон-1996-98, 2006 ва ғ.) сафарҳои ҳунарӣ намудааст. Ҷамшед Исмоилов аз аввалин ташаббускори гузаронидани ҷашнвораҳои мусиқии «Дурдонаҳои Шашмақом» (Душанбе-1996), «Ахтарон» (Душанбе-1997) ва «Суруди сол» (Душанбе-1995) аст. Барои маҳорати баланди иҷроӣ ва тарғиби дастоварҳои фарҳангу ҳунари тоҷик сазовори ифтихорномаҳо гардидаст.
Сатри 18:
* Исмоилов Ҷ. Имрӯзу фардо навояш шунав, Душ., 2001;
* Базми Ҷамшед, Душ., 2002;
* Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Душ., 2004. <ref>Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 89 ISBN 978-99947-49-13-3 </ref>
== Ҳамчунин нигаред ==
==Нигаред==
* [[Шашмақом]]
== МанбаъСарчашма ==
{{эзоҳ}}
<references/>
{{ҷавона}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Овозхонҳои тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Шашмақом]]
[[Гурӯҳ:Дар ноҳияи Ховалинг таваллудшудагон]]