Абдулмалики I: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Иловаи манбаъ
Сатри 1:
'''Абдумалики I ибни Нӯҳ''' ([[935]]-[[961]]) - панҷумин амири [[давлати Сомониён]], писари калонии [[Нӯҳ ибни Насри II|Нӯҳ ибни Наср]]и [[Хонадони Сомониён|Сомонӣ]], машхур ба "Амири Рашид" <ref>[http://kmt.tj/?book_id=88 Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.Ҷилди I (А – АСОС)[http://kmt.tj/?book_id=88]</ref> замоне, ки амири [[Сомониён]] шуд ([[954]]-[[961]]), ҳамагӣ даҳсола буд. Ӯ аз падар кишвари ошуфтаву бесомонро ба мерос гирифт. Вазъияти ноороми кишварро дида, дар гӯшаву канор мулкҳои зиёде даъвои истиқлол карданд. Гузашта аз ин, ин вазъ аъёни дарборро низ густох карда, қудрати амирони сомониро дар чашмашон ночиз ҷилва медод.
 
Абдумалики I бо халифаи Аббосӣ муносибати хубро ба роҳ монда, пас аз солҳои тӯлонӣ хутбаро бо номи халифа Мутеъ хонд. Ҳамчунон ин амири сомонӣ барои поён бахшидан ба низои даҳсолаи Сомониёну Бувайҳиён соли [[955]] қарордоди сулҳ имзо кард, вале ин қарордод ба фоидаи [[Сомониён]] набуд. Марги Абӯалии Чағонӣ (соли [[955]]) ҳам фурсате дигар барои қомат рост кардани Сомониён фароҳам овард. Қудрати саркардаҳои ҳарбии турк аз ҷумла Алптегин ба ҳадде расид, ки дар давоми панҷ сол чор вазирро барканор сохт.
Сатри 15:
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Давлати Сомониён]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]