Абдурраҳим Ҳоҷибоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х clean up using AWB
Сатри 3:
'''Абдураҳим Ҳоҷибоев''' — сиёсатмадор, ходими ҳизбӣ
== Зиндагинома ==
Абдураҳим Ҳоҷибоев соли [[1890]] дар [[Хуҷанд]] дар оилаи деҳқони миёнаҳол таваллуд ёфта, дар мактаби русию маҳаллии Хуҷанд таҳсил кардааст. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар шӯъбаи зироати Университети давлатии Туркистон дониш омӯхтааст. Соли [[1918]] дар вилояти Закаспии ҶМШС Туркистон, солҳои [[1919]]-[[1922]] дар уездҳои Қуқанд фаъолият меварзад. Солҳои [[1925]]-[[1928]] ба ҳайати комиссари зироати ҶМШС Ӯзбакистон кор кард. Сипас чун Раиси Шӯрои Нозирони тоҷик дар пеш бурдани хоҷагии халқи Тоҷикистон саҳми калон гузошт. Соли 1929 очерки иқтисодии ӯ «Тоҷикистон» дар Маскав нашр шуд. Мувофиқи қарори КМ ВКП(б) ва Пленуми КМ ВКП(б), комиссияи марказии назорати ҳизбии ҲК(б) Тоҷикистон соли [[1933]] Абдураҳим Ҳоҷибоев чун «миллатчии буржуазӣ» айбдор гардида аз вазифаи раиси ШКХ Тоҷикистон озод шуда ҳамроҳ бо [[Нусратулло Махсум]] ба [[Москва]] фиристонда шуд. [[8 июл]]и соли [[1937]] бо баҳонаи алоқаи наздик доштанаш бо гурӯҳи зиддишӯравии Н.И. Бухарин ва хато баровардани роҳи стахановӣ ба ҳабс гирифта шуда, ниҳоят ба қатл расид. (Рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», 27.IV.1990).<ref>[http://en.wikipedia.org/wiki/Nikolai_Bukharin Николай Иванович Бухарин]</ref>
 
== Эзоҳ ==
Сатри 12:
 
{{Сарвазирони Тоҷикистон}}
 
[[Гурӯҳ:Ходимони давлатии Тоҷикистон]]