Восеъ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Mishae (баҳс | ҳисса)
х викифонидан
х clean up, replaced: |номи аслӣ → | номи аслӣ , |акс → | тасвир , |зодгоҳ → | зодгоҳ , |намуди фаъолият → |навъи фаъолият, |тавсифи using AWB
Сатри 1:
{{Шахсият
|ном = Восеъ
| номи аслӣ = Мулло Восеъ
|ном ҳангоми таваллуд = Абдулвосеъ
|акс тасвир =
|бар =
|тавсифи акстасвир =
|санаи таваллуд = 1845
| зодгоҳ = [[Дараи Мухтор]], {{Зодгоҳ|Ховалинг|ноҳияи Ховалинг}}
|табаият = [[Аморати Бухоро]]
|санаи марг = 1888
|маҳалли марг = [[Шаҳрисабз]]
|падар = Шакар
|намудинавъи фаъолият = [[кишоварз]], [[шӯришгар]]
}}
'''Восеъ''' (''Абдулвосеъ, Мулло Восеъ''; тақр. [[Соли 1845|1845]]—[[Соли 1847|1847]], деҳаи [[Дараи Мухтор]]и амлокдории Ховалинг — [[Соли 1888|1888]], [[Шаҳрисабз]]) — шахсияти таърихӣ, пешвои шӯриши халқӣ ба муқобили зулму истибдоди сулолаи манғитиёни [[Аморати Бухоро]]<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 4. ВИЧЛАС-ГӮЯНДА – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015, - с.70-71 // ''Ҳ. Пирумшоев, Р. Раҳмонӣ, Ш. Умарова.''</ref>.
 
==Зиндагинома==
Бобояш Белак ва падараш Шакар аз деҳаи Хулози Ховалинг ба Дараи Мухтор кӯчидаанд. Восеъ кишоварз буд ва дар авони камолот баҳору тобистон дар саҳро ва зимистон дар ҷувозхона кор мекард. Восеъ аз рӯйи нақлу ривоятҳо хеле тануманду бақувват буда, дар маъракаҳои гӯштингирӣ, бузкашӣ ва вазнбардорӣ пайваста ғолиб меомад, ки ин боиси эҳтироми ӯ дар миёни ҳамдеҳагону амлокдориҳои ҳамсоя мегардид. Восеъ ҷавонмарди ҷасур, ростқавл ва хушҳулқ буда, кори ҳалол ва адолати инсониро меписандид. Аз рӯйи баъзе далелҳо, Восеъ алайҳи лашкари амири Бухоро Музаффархон тайи солҳои 1869–70 бо сарварии ҳокими Кӯлоб Сарабек ҷангида, таҷрибаи кофӣ ҳосил кард, ки минбаъд ба сифати роҳбари шӯриш барояш кор дод.
 
==Шӯриши Восеъ==
{{асосӣ|Шӯриши Восеъ}}
Восеъ аз муносибати бераҳмонаи намояндагони амлокдору бек, ки мехостанд андозу маҷбуриятҳои се–чор соли хушксолиро аз ҳисоби ҳосили соли 1888 рӯёнанд, шӯрида, мардумро ба ошӯб даъват намуд. Бо даъвати Восеъ ошӯбгарон дарҳол амлокдори Ховалинг ва сарбозонашро асир гирифтанд. Дар оғози шӯриши соли 1888 аввал 600 нафар, баъд аз бекиҳои Балҷувону Кӯлоб ва Муъминобод ҳазорон деҳқону ошӯбгар ҷамъ омаданд. Рафти шӯриш қобилия­ти баланди ташкилотчигии Восеъро нишон дод. Бо фармони Восеъ дастаҳои Ҳикмат, Нозим, Назир, Юсуф-паҳлавон ва дигарон ба самти Балҷувон ҳаракат карда, дар деҳаи Сурхоб сарбозони беки Балҷувон – Мирзо Акрамро шикаст доданд ва қалъаи Балҷувонро ишғол намуданд. Ҳангоми шӯриш Восеъ дар чандин муҳориба пирӯз шуда, бекҳои Балҷувон, Кӯлоб, Ҳисор ва амири Бухороро ба таҳлука афканд. Беки Балҷувон ба тарафи Кангурт ва аз он ҷо ба Ҳисор гурехт. Дастаҳои Восеъ ӯро дунболгир карда, Кангурт, Пушинг, Тутқавул ва Оқсуро ишғол намуданд. Восеъ баъди пирӯзӣ дар қалъаи Балҷувон муддате ҳокимияти халқиро таъсис дод, ки дар он Юсуф-паҳлавон вазир ва Муллоназир девонбегӣ таъйин шуданд. Амири Бухоро ба муқобили онҳо бо сарварии Яъқубҷон (сарлашкар) ва Остонақул (беки Ҳисор) сарбозонро фиристод. Дар Тутқавул сипоҳиёни амири Бухоро ба муқобилати сахти дастаҳои Восеъ дучор омаданд. Вале бартарии силоҳ, афзунии сарбозони амир ва низоми ҷангии онҳо ҷонибдорони Восеъро ба ақибнишинӣ водор намуд.
 
===Шикасти Восеъ===
Сатри 27:
 
==Суруду достон, нақлу ривоятҳо дар бораи Восеъ==
Дар бораи Восеъ дар замони зиндагиаш ва пас аз маргаш суруду достонҳо, шеърҳову таронаҳо, нақлу ривоятҳо, хотираҳо ва ғайра эҷод шудаанд, ки машҳуртарини онҳо суруди таърихии «[[Шӯриши Восеъ]]» мебошад. Ба ғайр ин суруд дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дар бораи Восеъ суруду таронаҳо, марсияҳо низ мавҷуданд, ки баъзеашон бо жанри рубоӣ гуфта шудаанд. Яке аз онҳо марсияи «Додар дар ҷанги Восеъ» ном дорад, ки аз гуфтори пиразан Назокат Юсуфова сабт гардидааст. Ӯ ин суруди марсиявиро бо оҳанги нолаи ғамангез бештар дар сӯгвориҳо месароид. Инчунин муҳаққиқони фолклори тоҷик сурудҳое бо номҳои «Восеъ» гуфт: «Камон бигиред», «Восеъ ғазост имрӯз», «Восеи шердил», «Зулм бақо надорад», «Гулъизор аст нолон», «Восеъ ба асп савор» гирдоварӣ кардаанд, ки ба воқеаҳои он замон ва шахсияти Восеъ мансубанд. Дар бораи Восеъ адибон шеъру достон, намоишномаву филмномаҳо таълиф намудаанд. Намоишномаҳои «Шӯриши Восеъ»-и Фитрат (1927), операи «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян (либреттои М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) (1941), «Восеъ»-и С. Улуғзода (1987) ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз рӯйи романи «Восеъ»-и С. Улуғзода силсилафилми «Ашк ва шамшер» (таҳиягар Т. Собиров, 1991) офарида шудааст. Инчунин, дар шеърҳои М. Қаноат, Ғ. Мирзо, М. Шералӣ, Гулназар, С. Айюбӣ ва дигарон аз Восеъ чун пешвои шӯришгарон ва қаҳрамони озодихоҳу ватандӯст ёд гардидааст.
 
==Бузургдошти Восеъ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Восеъ"