Лоиқ Шералӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозии маълумот
х clean up, replaced: |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи таваллуд , |Зодгоҳ → | зодгоҳ , |Намуди фаъолия using AWB
Сатри 1:
{{Адиб
|Ном =
|Номи номи аслӣ = Лоиқ Шералӣ
|Акс тасвир = Loiq_Sher-Ali.jpg
|Тавсифитавсифи акстасвир = Лоиқ Шералӣ
|Ном ҳангоми таваллуд =
|Номи пурра =
|Тахаллусҳо =
|Зодрӯз санаи таваллуд = 20.05.1941
|Зодгоҳ зодгоҳ = деҳаи [[Мазори Шариф(деҳа)|Мазори Шариф]]и {{Зодгоҳ|ноҳияи Панҷакент|ноҳияи Панҷакент}}, [[ҶШС Тоҷикистон]]
|Санаи марг = {{СанаиМарг|30|6|2000}}
|Маҳалли вафот = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]]
|Табаият = {{flag|Тоҷикистон}}
|Намудинавъи фаъолият = [[шоир]]
|Солҳои фаъолият = 1964—2000
|Самт =
Сатри 21:
|Lib =
|Сайт =
}}
 
 
'''Лоиқ Шералӣ''' ({{lang-fa|لایق شیرعلی}}) - шоир, тарҷумон, [[Шоири халқии Тоҷикистон]], [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] (1978)
Line 29 ⟶ 28:
Лоиқ Шералӣ [[20 май]]и соли [[1941]] дар деҳаи [[Мазори Шариф(деҳа)|Мазори Шариф]]и [[ноҳияи Панҷакент]]и вилояти [[Суғд]] дар оилаи [[колхозчӣ]] ба дунё омадааст.
Ӯ баъди хатми мактаби деҳааш ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дохил шуда онро хатм мекунад. Баъд ба факултаи таъриху филологияи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]]) дохил мешавад ва онро соли [[1963]] хатм мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Лоиқи ҷавон ва исрори устод [[Мирзо Турсунзода]] ӯро бе ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Соли 1965, дар 24-солагӣ, ба туфайли шеъри маъруфи «Ба модарам», бо тавсияи бевоситаи устод [[Мирзо Турсунзода]], ба узвияти [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] пазируфта шудааст, ки ҳодисаи нодири таърихию адабист.
Лоиқ Шералӣ солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, 1965-1966 ходими адабии рӯзномаи «[[Комсомоли Тоҷикистон]]» солҳои 1967-1975 мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1975-1991 мушовири назми [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]], сармуҳаррири «Садои Шарқ», аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси [[Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ]] будааст. 30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июл бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкараш дар [[Оромгоҳи Лучоб]]и шаҳри [[Душанбе]] дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон ба хок супурда шуд. Мадфани шарифаш дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад. Чандин мактабу маҳаллаву муассиса номишарифи ӯро ҷовидонӣ медоранд.<ref name="ReferenceA">Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 119 - 120 ISBN 978-99947-2-379-9</ref>
Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли [[1998]] барои санги мазораш васият карда буд:
{{иқтибос|муаллиф=Лоиқ|
<big>'''Дар рӯи замин намонд маъман,
;Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.'''</big>}}
 
== Ҷойгоҳ дар адабиёт ==
[[Акс:Рӯнамои китоб.jpg|200px|thumb|Рӯнамои китоби Усмонҷон Ғаффоров. Лоиқ Шералӣ.]]
Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта, дар баробари навиштани очерку мақолаву эссеҳои проблемавии публитсистӣ ва тарҷумаи бадеӣ, пайваста ба таълифу чопи шеър иштиғол варзида таҳти сарпарастӣ ва ғамхориҳои падаронаи устодони шеъри муосири тоҷикӣ [[Мирзо Турсунзода]], [[Боқӣ Раҳимзода]] ва [[Мирсаид Миршакар]] ба воя расидааст. Аввалин гулчини ашъораш «Сари сабз» соли 1966, бо таҳриру раҳнамойӣ ва фотаҳаи неки [[Сотим Улуғзода]] аз чоп баромадааст, ки дар мактубаш унвонии нашриёти «Ирфон» овардааст: «Шоири ҷавон хеле боистеъдод ва маҷмӯаи ашъораш пурмазмун аст». Баъдан ашъори Лоиқ мунтазам дар авроқи матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Ташнадил (ба хати ниёкон, 1974), «Хоки Ватан» (1975), «Резаборон» (1976), «Марди роҳ» (1979), «Варақи санг» (1980), «Хонаи чашм» (1982), «Рӯзи сафед» (1984), «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988), «Дасти дуои модар» (1991), «Ҷоми саршор» (1991), «Ману дарё» (1991), «Аввалу охири ишқ» (1994), «Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ» (Теҳрон, 1994), «Дасти дуои модар» (Исфаҳон, 1995), «Фарёди бефарёдрас» (1997, 2003), «Рӯҳи Рахш» (Теҳрон, 2000), «Куллиёт» (2001, 2008), «Ангораҳо» (2001), «Мунтахаби ашъор» (2004), «Девони дил» (2007), «Девони пирӣ» (2008), «Девони замон» (2011), «Саду як ғазал» (2013), «Илҳом аз «Шоҳнома» (2014) ва ғ. ба дасти чоп расидаанд. Истеъдоди фитриву зотии устод Лоиқ аз шеъре ба шеъре, аз силсилае то силсилае, аз маҷмӯае то маҷмӯае сайқалу такмил ва ҷилои тоза пайдо карда, шеъри садаи бистуми тоҷикро гардишу тобиши наве бахшида, раҳнамойӣ, таъсирбахшӣ ва зимомдорӣ кардааст. Офаридаҳояш мамлуву маъҷуни беҳин дастовардаҳои адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, эҷодиёти ғановатманди шифоҳию гӯйишҳои сараи мардумӣ ва адабиёти пешқадами ҷаҳон буда, барои пайдоиш ва густариши сабки хосу мактаби қавии шоирии ӯ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Шеъри ҷаззоби ӯ шеъри ҳамзамони тоҷикро бо шеъри ноби ҳазорсола пайванди ҷовидона бахшид. Забони маснӯъ ва тарҷумазадаро аз маснади хеш фурӯ нишонда, забони бою пурғановат ва равону поки дариро ҷойгузинаш кард, сабки хуросонии Рӯдакию Фирдавсиро ҷилою тавонмандии дигаре бахшид. Рӯҳу ғурури шоистаи миллӣ ва эҳсоси волои ватанхоҳию башардӯстии бузургони миллатро дар замону заминаи наве рангу ҷило ва парвози бештаре ато фармуд. Мақолаву гузоришоти ӯ дар боби таҷлилу тамҷиди Ватану забони модарӣ, посдошти таъриху фарҳанги миллӣ, манзалати волои шеъру шоирӣ, падидаҳои нодири адабӣ, истилоҳу вожасозии навин ва ғ. дар болобурди савияи худшиносии миллӣ ва рушду камоли забони модарӣ саҳми беназире гузоштаанд.
 
Намунаҳоеро аз ашъори беҳтарини А. С. Пушкин, Ҳ. Ҳайне, В. Ҳюго, И. В. Гёте, П.Неруда, В, Уитмен, С. Есенин, М. Светлов, Р. Ҳамзатов, Е. Евтушенко, С. Капутикян, Э. Межелайтис, Қ. Қулиев, Й. Милев, Г. Птитсин ва диг. ба тоҷикӣ гардондааст, ки аз зеботарину шевотарин намунаҳои тарҷумаи бадеӣ дар адабиётамон эътироф гардидаанд.
Офаридаҳои ноби устод Лоиқ ба чандин забони мардуми оламу шӯравӣ, аз ҷумла, ба русӣ, дар маҷмӯаҳои «Улыбка зари» (1969), «Завещанная земля» (1972), «Струны дождя» (1978), «Встречаю солнце» (1984), «Чаша Хайяма» (1985), «Моленье о дожде» (1989), ба ӯзбекӣ дар гулчини «Муҳаббатим» (Тошканд, 1985) ва ғ. тарҷумаву чоп шудаанд.<ref>Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 119 - 120 ISBN 978-99947-2-379-9<name="ReferenceA"/ref>
 
== Мукофот ва ҷоиза ==
Дорандаи чандин ордену медалу ифтихорномаҳо.
Устод соли [[1978]] барои маҷмӯаи “[[Хоки ватан]]” ва “[[Илҳом аз Шоҳнома]]” барандаи [[Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] гардид. Ғайр аз ин ӯ унвони давлатии “[[Шоири халқии Тоҷикистон]]”-ро касб карда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид.<ref>Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 119 - 120 ISBN 978-99947-2-379-9<name="ReferenceA"/ref>
== Порчаҳо аз эҷодиёт ==
Line 70 ⟶ 69:
;Аё модар, ба он сон бесаводӣ,
;Нахустин устоди ман ту будӣ.}}
 
 
Ё:
Line 117 ⟶ 115:
;Мулк сангистону мо бесангарем,
;Сар ба сар сардору мо бесарварем…}}
 
 
Ё
Line 137 ⟶ 134:
:Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
:Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман,
:Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
 
 
Ҷанги дохилӣ мояи ранҷи фаровони Лоиқ буд, ки дар шеърҳояш бозтоб ёфтааст. Вай дар он рӯзҳо бо ишора ба нақши тоҷу ҳафт ситора бар парчами Тоҷикистон навишта буд:
Line 169 ⟶ 165:
;Ва ман як мушт устухони хушк мондаам,
;Рагҳоям тиҳӣ аз хуни ифтихори миллат.}}
 
 
 
{{иқтибос|муаллиф=Лоиқ|
;Ало эй асри бисту як, аҷаб нест,
;Ки оғозат бувад анҷоми Лоиқ?}}
 
 
== Намунае аз ашъор ==
Line 220 ⟶ 213:
:Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
 
[[Лоиқ Шералӣ]]<ref>[http://www.durahshon.tj/sweetgarden/homa_post.php?id=36 Кишвари ман-Модари ман]</ref>
 
== Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност==
Line 262 ⟶ 255:
*[http://www.sattor.com/loiq.html Аудио бо овози Лоиқ Шералӣ]
 
== МанбаъСарчашма ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:ШахсиятҳоШоирон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Википедиа:Мақолаи имрӯза|*]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
 
 
{{Poet-stub}}