Садриддин Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи таваллуд , |Зодгоҳ → | зодгоҳ , |Намуди фаъолия using AWB
Сатри 1:
{{Адиб
|Ном = Садриддин Айнӣ
|Номи номи аслӣ = Садриддин Саидмуродович Айнӣ
|Акс тасвир = С. Айнӣ ва Б. Ғафуров.jpg
|Тавсифитавсифи акстасвир = Акси С. Айнӣ ва [[Бобоҷон Ғафуров|Б. Ғафуров]]
|Ном ҳангоми таваллуд =
|Номи пурра = Садриддин Саидмуродов (Садриддин Саййидмуродзода)
|Тахаллусҳо = Айнӣ
|Зодрӯз санаи таваллуд = {{СанаиТаваллуд|15|04|1878|сол}}
|Зодгоҳ зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Бухоро|шаҳри Бухоро}}
|Санаи марг = {{СанаиМарг|15|07|1954}}
|Маҳалли вафот = [[Душанбе]], [[Тоҷикистон]]
|Табаият = шаҳрванди [[ИҶШС]]
|Намудинавъи фаъолият = [[нависанда]], [[шоир]], [[олим]], таърихнигор, [[тарҷумон]], [[рӯзноманигор]], [[ходими давлатӣ]]
|Солҳои фаъолият = 1908—1954
|Самт = реализми сотсиалистӣ
Сатри 39:
Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.
 
Аз соли [[1896]] Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.
 
Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари [[Аҳмади Дониш]] «Наводир-ул-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон [[Аҳмади Дониш]] ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли [[1909]] барои шогирдони дар Бухоро [[мактабҳои усули нав]] офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин Айнӣ ба [[Самарқанд]] кӯчида меояд. Ӯ чи дар [[Самарқанд]] ва чи дар [[Тошкент]] дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад.
Сатри 46:
 
Ҳамин тавр, бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст.
Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ ҶШС Тоҷикистон]] таъин гашт, ӯ нахустпрезиденти [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ ҶШС Тоҷикистон]] (1951—1954) мебошад.
 
Устод Садриддин Айнӣ {{СанаиМарг|15|07|1954}} дар шаҳри [[Душанбе]] аз олам чашм пӯшид. Ҳоло [[Мақбараи Айнӣ]] дар як ҷои хушманзараи [[Душанбе]] зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Ин мавзеъро ҳоло [[Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ]] мегӯянд.
 
==Фаъолияти омӯзгории Айнӣ==
Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст:
 
1.Таълим дар [[мактабҳои усули нав]].
Сатри 77:
Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда, бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш ба тазкираву ҷунгу баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд. Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст.
 
Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909–1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918-1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд. Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст.
 
Вале устод Айнӣ эҳсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша густариши ҳодисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маънӣ устод чунин ибрози назар кардааст: