Сотим Улуғзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
х clean up, replaced: |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи таваллуд , |Зодгоҳ → | зодгоҳ , |Намуди фаъолия using AWB
Сатри 1:
{{Адиб
|Ном = Сотим Улуғзода
|Номи номи аслӣ =
|Акс тасвир =
|Тавсифитавсифи акстасвир =
|Ном ҳангоми таваллуд =
|Номи пурра =
|Тахаллусҳо =
|Зодрӯз санаи таваллуд = 2.09.1911
|Зодгоҳ зодгоҳ = {{Зодгоҳ|вилояти Намангон|вилояти Намангон}}, [[ҶШС Ӯзбакистон]]
|Санаи марг = 25.06.1997
|Маҳалли вафот = [[Душанбе]], [[ҶШС Тоҷикистон]]
|Табаият = {{Флаг|Тоҷикистон}}
|Намудинавъи фаъолият = [[нависанда]], [[тарҷумон]]
|Солҳои фаъолият =
|Самт =
Сатри 27:
}}
 
'''Сотим Улуғзода''' - [[нависанда]]и муосири [[тоҷик]], [[Нависандаи халқии Тоҷикистон]], Узви вобастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|Академияи илмҳои ҶТ]] (1951) <ref>Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с. </ref>, дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ|Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ]]. Бо асарҳое, чун [[”Субҳи ҷавонии мо” (Қисса)|“Субҳи ҷавонии мо”]], “Қисмати шоир”, “Фирдавсӣ”, “Ривояти суғдӣ”, “Марги Ҳофиз” ва “Восеъ” шӯҳрат ёфтааст.
 
== Зиндагинома ==
Сотим Улуғзода [[2 сентябр]]и соли [[1911]] дар [[деҳа]]и Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар оилаи [[деҳқон]] ба дунё омадааст. [[Волидон]]и Сотимхон аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил буданд. Модараш зани босавод буда, гоҳе машқи шеър мекардааст. Сотимхон дар сини нӯҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар бенасиб мемонад. Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Соли 1925 ба сафи донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри [[Тошканд]] пазируфта шуда, соли 1932 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти муаллимӣ дар Дорулмуаллимин дар ташаккули шахсият ба ҳисси худшиносии Сотимхон мусоидат менамоянд. Ӯ дар ин муддат ба эҷодиёти Рӯдакиву Фирдавсӣ ва дигар шоҳсутунҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷик шинос мешавад, ба Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад, Абдурауф Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехурад ва аз забони рус М.С. Андреев пандеро ба маънои “халқи худро шинос” ба гӯш мегирад. Ҳамчунин, дар солҳои дар Дорулмуаллимини Тошканд таҳсил карданаш Сотим Улуғзода ба донишҷӯйи факултети шарқшиносии университети осиёи миёна Клавдия Блоговешенская дӯстӣ пайдо намуда, баъдҳо ба ӯ издивоҷ намуд, ва онҳо соҳиби ду фарзанд – Азиз ва Норахон гардиданд. Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон – [[Сталинобод]] омада, дар идораи рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”), “Тоҷикистони сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ва маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (ҳоло ”Садои Шарқ”) фаъолият мекунад. Солҳои 1934-1937 вазифаи котиби масъули раёсати [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]ро ба ӯҳда дошт. Фаъолиятӣ Сотим Улуғзода водор менамуд, ки ба шаҳру ноҳия ва деҳот сафарҳо карда, зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар омӯзад дар айни ҳол дар ниҳоди ӯ шавқу рағбати тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик торафт меафзояд. Ин аст, ки соли 1940 ба аспирантураи Инситути адабиёти ҷаҳонии Москва дохил гардида ҷиддан ба фаъолияти илмӣ мепардозад. Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Сотим Улуғзода ба сафаи Қувваҳои Мусуллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият менамояд. Адиб соли 1944 аз сафи артиш ба ақибгоҳ даъват мешавад ва то соли 1946 вазифаи раиси [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]ро ӯҳда мекунад. Нависанда аз соли 1946 то охири умр танҳо ба корӣ эҷодӣ шуғл меварзад. Сотим Улуғзода баъди солҳои 50-ум ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Писараш Азиз ки хатмкардаи Университети давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов буду он ҷо ба сифати омӯзгор фаъолият дошт, соли 1967 ҳангоми сафари расмӣ ба [[Ҳиндустон]] аз сафоратхонаи Британияи Кабир паноҳгоҳи сиёсӣ хоста ба хориҷа муҳоҷират намуд. Баъди ин ҳодиса Сотим Улуғзода ба таъқиби сахти Ҳукумати Шӯравӣ гирифтор гардид. Нависандаро аз сафи ҳизби коммунистӣ (КПСС) ронданд, чоп ва тадриси асарҳояш боздошта шуд. Аз нимаи дуввуми солҳои 80–ум сар карда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва Сотим Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн рафтани [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] адиб бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Нависанда соли 1992 шаҳри Москваро истиқоматгоҳи поёни умр қарор дод. Соли 1997 романи “Фирдавсӣ”–и Сотим Улуғзода ба сифати “Романи сол”-и Ҷумҳурии исломии [[Эрон]] пазируфта шуда, нависанда ба баҳои чиҳил сиҳӣ сиккаи тилло (баробари чаҳор ҳазор доллари амрикои) сазовор гардид. Ин охирин мукофоте буд, ки соҳибашро дарёфт намуд. [[Нависандаи халқии Тоҷикистон]] ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода [[25 июн]]и [[соли 1997]] дар шаҳри [[Москва]] алоқамандону мухлисонашро абадӣ падруд гуфт. Бо амри Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади адиб ба [[Душанбе]] оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахт тавонистанд, ки дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо нависанда маъруфи Тоҷикистон видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии Сотим Улуғзода дар мазори [[Боғи Лучоб |боғӣ Лучоб]] қарор гирифт.
 
== Эҷодиёт==
Сатри 39:
 
Устод Улуғзода дар тарҷумаи осори Л.В. Войнич «Ғурмагас» (1931, 1981), Н.Ф. Погодин «Одами милтиқдор» (1940), К. Голдони «Хизматгори ду хоҷа» (1944), А.Н. Островский «Гунаҳкорони бе гуноҳ» (1945), М. Горкий «Модар» (1953), В. Шекспир «Ҳамлет» (1970), Ж.Б. Молйер «Табиби зӯракӣ» (1972), М. Сервантес «Дон Кихот», Шарл де Костер «Тил Уленшпигел» (1975) маҳорати фавқулодаи суханварию тарҷумонӣ зоҳир кардааст.
Дар заминаи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ китоби дуҷилдаи мансури «Достонҳои Шоҳнома»-ро офаридааст (1976-1977), ки маҳбуби пиру барнои кишвар аст. <ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 244-245 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
 
== Насри бадеии Улуғзода ==
Сатри 72:
* Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1962)
== Некдошти устод ==
Баъд аз вафоташ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 ба [[Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода |Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон]] номи Сотим Улуғзода гузошта шудааст. 100-солагии ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ ҷашн гирифта шудааст.
== Адабиёт доир ба адиб ==
* Улуғзода Сотим //Энсиклопедияи советии тоҷик.- Душанбе, 1987.- Ҷ.7.- С.481- 483.
Сатри 117:
*
==Манбаъ==
{{эзоҳ}}
<references/>
* Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.- Душанбе, 2004.- Ҷ.3.- С.243-245.
== Эзоҳ ==
Сатри 125:
* [http://www.ozodi.org/content/article/24738774.html "Ба Сотим Улуғзода дар Душанбе ҳайкал гузоред"]
 
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Нависандаҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]