Шилпа Шеттӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
х clean up using AWB
Сатри 6:
 
== Карйера ==
Шилпа Шеттӣ карйераи худро ба сифати модел дар наворгирии рекламаи маҳсулоти ширкати Limba сар кардааст. Филми аввалин бо иштироки ӯ филми “Бозингар” (соли 1993) буд, ки дар он бо ҳамроҳии чунин ситорагони бузурги синамои Ҳинд [[Шоҳруххон]] ва [[Каҷол]] нақш офаридааст. Ҳарчанд ки нақши Шеттӣ дуюмдараҷа буд, вале ӯ онро хеле моҳирона бозид ва барои ин сазовори ҷоизаи “Дебюти беҳтарин” гардид. Шӯҳрати ӯ баъд аз баромадани филми Main Khiladi Tu Anari (соли 1994) (дар нақшҳои асосӣ Шилпа Шеттӣ ва [[Акшай Кумар]]) боз афзуд.
 
Дар солҳои минбаъда Шилпа дар чандин филмҳо, аз қабили “Мистер Ромео”, (соли 1996), “Инсоф” (1997), “Притвӣ” (1997), “Лаъли подшоҳ” (1999) “Ҷонвар” ([[1999]]), Dhadkan ([[2000]]), “”Ҳинду” (2001), Fareb (2005) ва Dus ([[2005]]) нақшҳо офарид, вале ягоне аз онҳо он қадар муваффақ нагардиданд. Филми Phir Milenge (соли [[2004]]), ки дар он Шеттӣ нақши духтари ба бемории СПИД гирифтор шударо бозида буд, аз ин миён истисност. Ин филм ба тамошобинон ва мунаққидон хеле писанд омад. Барои иштирок дар он Шилпа соҳиби ҷоизаи “Ҳунарпешаи беҳтарин” гардид.
 
== Ҳаёти шахсӣ ==
Шилпа Шеттӣ ҳанӯз шавҳар накардааст. Дар бораи ҳаёти шахсии ӯ рӯзноманигорони Ҳинд суханони зиёд менависанд, вале худи Шеттӣ дар мавзӯи оиладоршавӣ, қариб ки ҳеҷ чиз намегӯяд. Фақат ӯ боре изҳор доштааст, ки дар се соли оянда нақшаи ба шавҳар баромаданро дорад.
 
== Корҳои ҷамъиятӣ ==
Ба ҷуз аз модел ва ҳунарпеша будан, Шилма Шеттӣ дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол аст. Ӯ моҳи феврали соли [[2006]] дар барномаи телевизионии шабакаи [[ВВС]], ки ба мавзӯи паҳн шудани бемории СПИД дар Ҳиндустон иштирок кард. Дар он ҷо ӯ изҳор дошт, ки масъалаи бемории СПИД масъалаи доғи рӯзи ҷомеа мебошад ва нақши синамо низ дар огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари он хеле калон аст. Мавзӯи [[бемории СПИД]] диққати Шилпаро ҳанӯз аз замони офаридани нақш дар филми Phir Milenge ҷалб карда буд.
 
Шилпа Шеттӣ, инчунин муборизи фаъоли ҳаракати манъ кардани истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ дар сиркҳо мебошад. Ӯ чандин суратҳо дар даруни қафас гирифтааст, ки дар муқоваи маҷаллаҳои гуногун ба чоп баромадаанд. Бо ин роҳ Шилпа эътирози худро ба ҷомеа оид ба ҳоли ҳайвоноти ваҳшӣ дар даруни қафас баён намудааст. Мувофиқи суханони ӯ: “Ин ҷонварони бечора қафасро, ки андозаи он каме аз онҳо калон аст, танҳо ҳангоми баромадҳои маҷбурии ҳаррӯза тарк мекунанд. Аз ин баромадҳо ба онҳо ягон суде нест ва ҳайвонотро танҳо хаста мекунад. Роҳи беҳтарини дастгирии ин ҳайвонот, пурра даст кашидан аз тамошои барномаҳои сирк, ки дар он ҳайвонот иштирок мекунанд, мебошад.”