Фарқият байни намунаҳои "Имом Бухорӣ"

х
clean up using AWB
х (clean up using AWB)
Номи комил: Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардизбеҳ. Форс. Дар оилаи муҳиҷир аз Форс таваллуд шудааст, гузаштагонаш [[Маздаясна|зардуштӣ]] буданд, бобокалонаш (ал-Муғира) исломро «аз дасти» ҳокими [[Бухоро]] Яман ал-Ҷуфи Бухорӣ қабул кардааст. Падараш ҷонибдори Молик ибни Анас ва хеле шахси бомаърифат буд. Ӯ замоне вафот кард, ки Муҳаммад ҳанӯз хурд буд. Бухорӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи модараш ба воя расид.
[[Акс:BukhariTripEnglish.jpg|left|thumb|250x250px|Сафари Бухорӣ ба Хурасону Ироқу Шаму Ҳидҷоз ва Миср]]
Ба гуфтаи худаш то муддате дар назди машоихи зодгоҳаш Бухоро ба таҳсил пардохта, дар шонздаҳсолагӣ ҳамроҳи модар ва бародари бузургаш Аҳмад барои адои фаризаи ҳаҷ ба Макка меравад. Пас аз анҷоми фаризаи ҳаҷ модар ва бародараш ба Бухоро бармегарданд ва ӯ барои идомаи таҳсил ба сарзаминҳои дуру наздики қаламрави онрӯзаи ҷаҳони ислом сафар карда, аз машоиху донишмандон дар шаҳрҳои Хуросон, Ҷибол, Ироқ, Миср, Шом ва Ҳиҷоз улуми динӣ, бахусус ҳадис меомӯзад. Ба гуфтаи худаш дар талаби илм ду бор ба Шом, Миср ва Ҷазира ва чаҳор бор ба Басра сафар карда, шаш сол дар сарзамини Ҳиҷоз иқомат намудааст ва ҳамроҳи муҳаддисон ба шаҳрҳои Куфа ва Бағдод бе шумор рафтуомад доштааст.
 
Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашт ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шуд. Оромгоҳи вай имрӯз ҳам зиёратгоҳи хоссу ом аст ва дар канори он китобхонае ба номи ӯ бино кардаанд.[[Акс:Imam_Bukhary_Egyptian_stamp_1969.jpg|thumb|Маркаи мисрӣ (1969).]]
Бухорӣ мегӯяд: «Аз ҳазору ҳаштод тан ҳадис навиштам, ки ҳама соҳибҳадис буданд». Ҷои дигар мефармояд: «Нанавиштам магар аз касе, ки имонро қавл ва амал гуфта бошад». Аз ин гуфтаи Бухорӣ бармеояд, ки вай аз он машоихе, ки амалро аз имон ҷудо медонистанд, ҳадисе китобат накардааст ва дар китобҳояш ба ҷуз чанд маврид аз машоихи асҳоби раъй ва тарафдорони андешае, ки амал ғайри имон аст, ҳадисе ривоят нашудааст.
 
Муаллифони ҷомеъҳои ҳадисӣ ва пешвоёни ҳадис ба монанди Муслим, Тирмизӣ, Абузуръа, Абуҳотим ва дигарон аз Бухорӣ ҳадис ривоят кардаанд. Имом Бухорӣ аз назари фиқҳӣ яке аз пешвоёни мазҳаб ва ё равиши аҳли ҳадис ва дорои назароти иҷтиҳодии хосси худ буд.
 
=== Дигар китобҳо ===
* سعيد بن علي عزيز الدين الزعيقي. الامام البخاري امير المؤمنين في الحديث. القاهرة، 2006؛
* یحی ابن شرف نووی. ریاض الصالحین. ترجمۀ فارسی احمد حواری نسب. سنندج، 1387 ش.؛
* تقی الدین ندوی مظاهری. مفاخر علم حدیث و شاه کاری های علمی آنان. ترجمۀ فارسی نذیر احمد اسلامی. زاهدان، 1390 ش.
 
== Пайвандҳои беруна ==