Муъовия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: == Манбаъ == → == Сарчашма ==, removed: Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо using AWB
Сатри 2:
 
== Муъовия пеш аз Ислом ==
Муъовия дар биступанҷуми муҳаррами соли сию ҳафтуми омулфил баробар бо шашсади мелодӣ - се сол қабл аз биъсати [[Муҳаммад|Пайғамбари Ислом (ﷺ)]] (с) ва понздаҳ сол қабл аз ҳиҷрат, дар [[Макка]] таваллуд шуд. Падараш [[Абусуфиён]] аз саршининони [[Қурайш]] буд. Модараш Ҳинд духтари Атба буд. Насаби Муъовия ба Ҳарб бини Умийя бини Абдушшамс бинни Абдуманнови Қаршӣ мерасид. Муъовия ҳамроҳи падараш Абусуфиён дар Бадр, Хандақ ва чанд ҷанги дигар бо [[Муҳаммад]] (с) ҷангиданд. Атба бинни Рабиъа гурӯҳе аз Қурайш дар ҷангҳои фуҷҷор буд.<ref name="Муовия писари Абусуфиён">[http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%B9%D8%A7%D9%88%DB%8C%D9%87_%D9%BE%D8%B3%D8%B1_%D8%A7%D8%A8%DB%8C%E2%80%8C%D8%B3%D9%81%DB%8C%D8%A7%D9%86 Муовия писари Абусуфиён]</ref>
 
== Муъовия аз Ислом то марги Муҳаммад бинни Абдуллоҳ ==
Сатри 8:
 
== Муъовия дар замони хулафо ==
Пас аз вафоти Паёмбари Ислом дар соли шашсаду сивудуи мелодӣ, Муъовия ба пайравии падараш аз байъат бо [[Абубакри Сиддиқ]] сар боз зад. Баҳонаи Муъовия ва Абусуфиён ин буд, ки [[Абубакри Сиддиқ|Абубакр]] аз қабилаи Бани тайим аст ва хилофат бояд аз они бани Ҳошим ё бани Умайя бошад. Саранҷом бо исрори Ҳишом бинни Умру, Абусуфиён ва писараш розӣ ба байъат бо [[Абубакри Сиддиқ|Абубакр]] шуданд. [[Абубакри Сиддиқ|Абубакр]], Язид бинни Абусуфиён ва Муъовияро ба Шом гусел кард. Язид дар он ҷо муваффақият ба даст овард ва [[Димишқ]] фатҳ шуд. Язид низ ба ҳукмронӣ ва вилояти [[Димишқ]] баргузида шуд. [[Умар бинни Хаттоб]], Язидро дар ҳукмронии Димишқ ибқо кард ва Фаластин ва навоҳии атрофи онро қаламрави вай афзуд. Дар соли 18-и [[Гоҳшумори Ҳиҷри қамарӣ|ҳиҷрӣ]] Язид даргузашт ва бародараш Муъовия ҷойи ӯро гирифт. Бо марги [[Умар бинни Хаттоб|Умар]], [[Усмон]] низ Муъовияро дар қойи худ ибқо кард. Бад-ин тартиб Муъовия дар замони хилофати се халифаи нахуст, ба тадриҷ дар Шом қудрат ва маҳбубият касб кард. Дар ҷараёни муҳосираи Усмон бо ин ки аз тарафи Усмон аз Муъовия хоста шуда буд, ки кумакаш биёяд ва фурсати чунин коре ҳам барои Муъовия вуҷуд дошт дар айни ҳол тааллул варзид.<ref>[http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%B9%D8%A7%D9%88%DB%8C%D9%87_%D9%BE%D8%B3%D8%B1_%D8%A7%D8%A8%DB%8C%E2%80%8C%D8%B3%D9%81%DB%8C%D8%A7%D9%86 name="Муовия писари Абусуфиён]<"/ref>
 
== Муъовия дар замони хилофати Алӣ ==
Сатри 15:
== Ташкили ҳукумати [[Уммавиён]] ==
Муъовия аз замони хилофати Алӣ ба хилофат чашм духта буд ва баъд аз марги [[Алӣ ибни Абитолиб|Алӣ]], мавқеиятро муносиб дид. Мардум дар [[Ироқ]] бо [[Ҳасан бинни Алӣ]] байъат карданд. Вале шомиён Муъовияро [[халифа]] донистанд. Муъовия ба Ироқ лашкар кашид ва Ҳасан бо дувоздаҳ ҳазор нафар ба муқобила бархост ва Қайс бинни Ибода, фармондеҳи лашкар буд ва Убайдуллоҳ бинни Аббос ҳам аз фармондеҳони сипоҳ. Пас аз муддате [[Ҳасан]] дарёфт, ки бо чунин лашкаре дигар ниёз ба душман нест. Ва идома додани ин ҷанг, муслиминро ба муслах бурдан аст. Сипоҳе, ки бо шоеъа мутафарриқ шаванд ва фармондеҳон ба чанд киса зар худро бифурушанд, барои шикаст хурдан ниёз ба душман надорад. Нақл аст, ки вақте сипоҳи Куфа ба Мадоин расид. Шоеъа шуд, ки Қайс бинни Ибода кушта шуд. Балвое дар лашкар бапо шуд ва мардум ба хаймаи Ҳасан рехтанд ва амволи ӯро ғорат карданд ва ҳатто гилеми зери пойи ӯро кашиданд. Ва пойи ӯро маҷрӯҳ карданд.
Барои Ҳасан мусаҷҷал шуд, ки ҷанг бо Муъовия, ҷуз шикаст ва рехтани хуни муслимин натиҷае дар нахоҳад дошт. Бинобар ин бо Муъовия сулҳ кард ва хилофати ӯро ба чунин шарт ба Муъовия супурд. Ин аввалин санги бинои силсилаи подшоҳии Уммавиён дар торих буд. Силсилае, ки соли 91-и [[Гоҳшумори Ҳиҷри қамарӣ|ҳиҷрӣ]] ва 89 мелодӣ дар тамоми мамолики исломӣ идома ёфт ва аз он пас беш аз 7 қарн дар Андалус ҷараён дошт.<ref>[http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%B9%D8%A7%D9%88%DB%8C%D9%87_%D9%BE%D8%B3%D8%B1_%D8%A7%D8%A8%DB%8C%E2%80%8C%D8%B3%D9%81%DB%8C%D8%A7%D9%86 Муъовия писари Абусуфиён]</ref>
 
== Хилофати Муъовия ([[Уммавиён]])==
Сатри 25:
Муъовия мардоне ҳамчун Амру Ос, Зиёд бинни Абия, Муғайра бинни Шаъаба, Буср бинни Арииртот, Марвон бинни Ҳакамро бо тамтиъ даври худаш ҷамъ кард.
Маврихин, Муъовия, Амру Ос, Зиёд бинни Абия ва Муғайра бинни Шаъабаро аз риҷоли боҳуши араб медонистанд. Ва яке аз таърихнависон дар бораи ин чаҳор тан мегӯяд:
{{аввали иқтибос}}"Бурдбортар ва сабуртар аз Муъовия ва чобуктар ва сахитар аз Амру Ос ва якдил ва як забонтар аз Зиёд касеро надидам. Дарун ва беруни ин мард ахир аз ҳар ҷиҳат яксон буд. Аммо Муғайра агар шаҳри ҳашт дарвозае бошад ва аз ҳеҷ дарвозаи он бидуни фиреб ва фусун касе берун омадан натавонад, Муғайра аз тамоми он ҳашт дарвоза берун меҷаҳад"{{охири иқтибос|сарчашма=}}.<ref>[http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%B9%D8%A7%D9%88%DB%8C%D9%87_%D9%BE%D8%B3%D8%B1_%D8%A7%D8%A8%DB%8C%E2%80%8C%D8%B3%D9%81%DB%8C%D8%A7%D9%86 name="Муовия писари Абусуфиён]<"/ref>
 
== Иқдомоти давраи хилофат ==
Сатри 35:
Боризтарин иқдоми Муъовия барои тағйири хилофат ба салтанат, меросӣ кардани хилофат буд. Яке аз нукоти муҳими муоҳада сохташуда байни Ҳасан ва Муъовия, ин буд, ки Муъовия ҳақ надорад касеро ба унвони ҷонишини худ баъд аз марг таъйин кунад ва тасмимгирӣ дар ин замина ба уммат вогузор шавад. Аммо пас аз марги Ҳасан ӯ ба иллати ин, ки ҳеҷ кас ҷуръати мухолифат ба вайро надошт, писараш Язидро ба унвони ҷонишини худ дар соли 680-и мелодӣ таъйин намуд ва ба маънои воқеии калима, паймоншиканӣ кард. Ҳарчанд ба навиштаи Лоровисё Вуглерӣ таъйини Ҳасан ба унвони ҷонишини Муъовия дар аҳдномаи сулҳ бо Муъовия эҳтимолан тавассути нависандагони мутахири [[шиъа]] барои костани интиқодоте, ки ба Ҳасан бинни Алӣ мешуд матраҳ шудааст. Зеро аввалан таъйини валиаҳд дар ҷомеаи исломии он замон амре бидуни собиқа буд ва худи Муовия низ ҳанӯз дар он замон дар вазъияти пойдоре барои таъйини ҷонишин қарор надошт.
 
Масъалаи хилофати Язид ([[Уммавиён]]) эътирозоти бисёреро ба дунбол дошт. [[Асҳоб]]и [[Муҳаммад|Пайғамбари Ислом (ﷺ)]], [[ансорҳо]] ва [[муҳоҷирин]] онро написандиданд ва ба мухолифат бархостанд. [[Хавориҷ]] ва [[Шиъа|шиаёни]] [[Ироқ]] ҳам хилофати меъросиро рад мекарданд.<ref>[http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%B9%D8%A7%D9%88%DB%8C%D9%87_%D9%BE%D8%B3%D8%B1_%D8%A7%D8%A8%DB%8C%E2%80%8C%D8%B3%D9%81%DB%8C%D8%A7%D9%86 name="Муовия писари Абусуфиён]<"/ref>
 
== МанбаъСарчашма ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Хилофати Араб]]
[[Гурӯҳ:Сулолаи Уммавиён]]