Лоиқ Шералӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 85:
;Ало эй асри бисту як, аҷаб нест,
;Ки оғозат бувад анҷоми Лоиқ?}}
 
== Намунае аз ашъор ==
::Сухане ҳеҷ на аз фарри каёнӣ гуфтем,
::Ту бадахшонӣ, хуҷандӣ, хуталонӣ гуфтем,
::Ту самарқандӣ, зарафшонӣ, вахонӣ гуфтем,
::Ту бухорӣ, ту ҳисорӣ, ту фулонӣ гуфтем.
 
::Чунки бегонапарастем, амон аз ману ту!
::Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту!
 
::Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо.
::Оҳ, сад оҳ аз ин хешиву пайвандии мо.
::Ёфт чун рахна ба девори маҳалбандии мо,
::Бехирад тохт ба авранги “хирадмандии” мо!
 
::Баски авранг надорем, амон аз ману ту,
::Фаҳми аржанг надорем, амон аз ману ту!
 
'''Кишвари ман-Модари ман'''
 
:Чашмаҳоят – чашмаи шеъру суруд,
:Қуллаҳоят – садри пайғому дуруд,
:Хоки покат – соҳати буду набуд –
:Тоҷикистон, кишвари ман,
:Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
 
:Ояд аз ҳар санг гулбонги рубоб,
:Дар сари ҳар кўҳ хандад офтоб,
:Бишнавам аз ҳар гулат бўи шабоб,
:Тоҷикистон, кишвари ман,
:Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
 
:Бишнавам аз ҳар даре шеъри дарӣ,
:Аз ҷаҳонороиву одамгарӣ,
:Аз тамоми қуллаҳо болотарӣ,.
:Тоҷикистон, кишвари ман,
:Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
 
:Ҷони ман қурбони ғамҳои ту бод!
:Шеъри ман ҳамдасту ҳампои ту бод!
:Рўҳи ман ҳамроҳи фардои ту бод!
:Тоҷикистон, кишвари ман,
:Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
 
Лоиқ Шералӣ<ref>[http://www.durahshon.tj/sweetgarden/homa_post.php?id=36 Кишвари ман-Модари ман]</ref>
 
== Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност==