Мавиз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
иловаҳо
Сатри 4:
== Навъҳои мавиз ==
Мавиз чанд хел мешавад:
* [[Бедона (навъи ангур)|бедона]] – кишмиши сафеди дар офтоб бе истифодаи ишқору буғи сулфур хушконида;
* [[Cабза (навъи ангур)|сабза]] – кишмиши сафеди ба маҳлули ишқор (маҳлули 0,2 – 04-фоизаи содаи каустикӣ) тар карда дар офтоб хушконида; барои рангдор шудани мавиз ангурро (дар ҷевон ё хонаи махсус) бо сулфур буғ дода, дар рӯи чиғбастҳо (штапелҳои тахтагини 90 х 60см) мехушконанд;
* [[соягӣ (навъи ангур)|соягӣ]] – кишмиши сафеди дар хонаҳои махсуси соягӣ (хонае, ки чор атрофи девораш сӯрохиҳои сершумор дошта, ба он нури офтоб намедарояд) хушконида;
* [[шиғонӣ (навъи ангур)|шиғонӣ]] – кишмиши сиёҳи дар офтоб хушконида;
* [[гармиён (навъи ангур)|гармиён]] – навъи дар маҳлули ишқор тар карда, сипас дар офтоб хушконидаи ангури каттақурғонӣ, султонӣ ва нимранг; барои рангдор шуданаш онро бо сулфур буғ дода, дар чиғбастҳо мехушконанд;
* [[авлон (навъи ангур)|авлон]] – мавизи дар офтоб хушконидаи ангур.
 
== Тайёр намудани мавиз ==
[[File:Zante_currant_drying_in_Tsilivi.jpg|thumb|Хушксозии [[ангур]] дар [[офтоб]]. [[Токзор]] низ намоён аст.]]
Мавизро бо усули оддӣ дар рӯи [[бурё]], бордон ё суфаҳо[[суфа]]ҳо ангурро хушконида тайёр мекунанд. Бо ин усул [[ангур]] дар 20 – 30 рӯз хушк мешавад. Аз ангури бо маҳлули ишқор таркарда дар 7 – 10 рӯз 24 – 30% ва дар сояхона дар 4 – 8 ҳафта 23 – 25% мавиз хушк мешавад. Мавизи сояхона сершираву рангдор ва кабудчатоб аст. Мавиз то 80 – 85% қанд, 0,5 – 3% туршӣ, 2,3% моддаҳои нитрогедор ва ғайра дорад. Намии мавиз набояд аз 18% зиёд бошад. Мавизро аз гарду чанг ва дигар омехтаҳо тоза карда, ба халта ва қуттиҳо меандозанд.
 
== Хосияти шифоӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Мавиз"