Гӯрхар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 19:
| commons = Category:Zebras
}}
'''Аблақ, гӯр, гӯрхар, зебра''' ({{lang-la|Hippotigris}}) — як навъ ҳайвони ширхӯри тоқсум, ки ба ҷинси асп (Equus) мансуб аст. Дарозии танаш 200 – 240 см, думаш 47 – 57 см ва қадаш 120 – 140 см; вазнаш 350 кг. Ранги аслии аблақ сиёҳ буда, рахҳои сафед дорад. Ёлаш кӯтоҳ. 3 намуди аблақ мавҷуд аст: аблақи кӯҳӣ (E. zebra), аблақи биёбонӣ (Е. grevyi) ва аблақи даштӣ (Е. quagga; пурра нест шудааст). Аблақи кӯҳӣ нисбатан хурд буда, гӯшҳои дароз дорад. Рахҳои сиёҳи он дар сағрӣ нақши панҷараро мемонанд. Зоҳиран бештар ба хар монанд аст. Дар Африкаи Ҷанубу Ғарбӣ ва Анголаи Ҷанубӣ дучор меояд. Тақрибан 700 сар боқӣ мондааст. Ба «Китоби сурх»-и Созмони байналмилалии муҳофизати табиат дохил карда шудааст. Аблақи биёбонӣ нисбат ба дигар намудҳои аблақ калонҷусса мебошад. Ранги сафеди шикамаш то ба паҳлуҳо мерасад. Дар қисми марказии [[Эфиопияи Шарқӣ]], [[Сомалӣ]], [[Кенияи Шимолӣ]] дучор меояд. Тақрибан 15 ҳазор сар боқӣ мондааст. Ба «Китоби сурх»-и Созмони байналмилалии муҳофизати табиат дохил карда шудааст. Аблақҳо ҷонварони алафхӯр буда, гала-гала (10 – 30 сар) зиндагӣ мекунанд. Давраи ҳамли онҳо 364 – 390 рӯз аст (1 – 2 курра мезояд). Курраи аблақ баъди 10 – 15 дақиқаи ба дунё омадан, ба по рост истода, қадамҳои аввалинро мегузорад. Аблақ дар шароити сунъӣ нағз зиндагӣ карда, насл медиҳад. Аблақ мисли асп тездав нест. Ром кардани он хеле душвор аст; аз ҷонварони даранда худро бо дандон ва зарби лагат ҳифз мекунад. Душмани ашаддии аблақ шер аст. Сокинони таҳҷоии [[Африқо|Африка]] аблақҳоро барои гӯшт ва пӯст шикор мекунанд. Бинобар ин саршумори онҳо хеле кам шудааст.
'''Гӯр''' ({{lang-la|Hippotigris}}) — гурхар, хари вахши, кулан [[ҳайвон]]и токасум, Ю аз оилаи аспзотхо. Дарозии танаш 2м ва баландии кадаш 1м 25см. Сараш нисбати сари [[асп]] калонтар, гушаш дароз, пойхояш борик, сумаш хурд. [[Ранг]]аш ашхабии зардчатоб, [[шикам]] ва пойхояш [[сафед]], дар тахтапушташ рахҳои [[сиёҳ]] дорад.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гӯрхар"