Авлос: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
 
== Таърихи пайдоиш ==
Авлос ҳанӯз дар асрҳои 10 – 5 то м. дар [[Юнони Қадим]] истифода мешуд. Аз рӯйи маълумоти муаллифони юнонӣ ватани асосии авлос Осиёи Пеш буд, сипас ба дигар кишварҳо паҳн ва маъмул гардидааст. Мусиқишиноси [[немис]] К. Закс (1881 – 1959) нигоштааст: «Юнониён ба услуби шарқиён чунон менавохтанд, ки забонча (қамишча)-и ҷуфти авлос озодона лаппиш хӯрда, лаб ба онҳо фишор намедод ва дар натиҷа аз онҳо садои ҷарангосии баробарқувва ҳосил мешуд». Юнониён авлосро бештар бо ҳамовозии кифара (лира) менавохтанд. Дар асрҳои охири то мелоди ва аввали миёна авлос тадриҷан дар Шарқи Наздику Миёна маъмул шуд. Дар ноҳияи Форс ва [[Осиёи Марказӣ]] ба шакли сози базмӣ машҳур гардид. [[Абунасри Форобӣ]] низ доир ба авлос маълумот додааст. Дар замони ӯ сози мусиқии дунай маъмул будааст, ки ду навъ доштааст; яке ба намуди ду сурнайи ба ҳам васлшудаи қисми поёнаш аз ҳам ҷудо (ҳар кадоме сӯрохи садобарор доштаанд) ва дигаре ба намуди ду найи ба ҳам мусовӣ. Агар аз рӯйи сохт ва намуд муқоиса кунем, намуди якум ба авлос ва намуди дуюм ба қӯшнай (ҷуфтнай)-и имрӯза монанданд. Авлос дар нимаҳои дуюми асрҳои миёна аз байн рафт, ҷойи онро тадриҷан сурнай ва найи амудӣ гирифтанд.
 
== Адабиёт ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Авлос"