Аврангзеб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
 
== Таърих ==
Аврангзеб солҳои 1636 – 44 ва 1652 – 57 волии Дакан буд, пас аз муборизаи сесола (1658 – 60 ) алайҳи бародаронаш ([[Дорошукӯҳ]], [[Шуҷоъ]] ва [[Мурод]]) соҳиби тахту тоҷи [[Ҳиндустон]] шуд. Падари худ Шоҳиҷаҳони солхӯрдаро маҷбур ба гӯшанишинӣ кард ва бародараш Муродро, ки аз муттаҳидонаш буд, дар қалъаи [[Гволиур]] аввал зиндонӣ кард ва сипас ба қатл расонд (1661). Бародари дигараш Шуҷоъ пас аз набарди Хоҷва (1661) низ ба қатл расид. Моҳи июни 1859 Аврангзеб худро шоҳи Ҳиндустон эълон кард. Пас аз ду моҳ бародараш Дороро низ ба қатл расонд. Баъди қатли ҳарифони хеш, Аврангзеб иқдом ба тасарруфи манотиқи шимолу шарқии Ҳинд кард ва қаламрави империяи Темуриёни Ҳиндро то ҳудуди Камрупа ва Читтагонг расонд. Аврангзеб саъй кард то қабилаҳои афғонро зери тобеияти хеш дароварад, аммо талошҳояш барои истиқрор ва пойдории давлати хеш натиҷаи дилхоҳ надод. Дар [[Кобул]], [[Пешовар]] ва диг. вилоятҳо шӯришҳои зидди Аврангзеб сар заданд. Аз бузургтарин исёнҳои ин минтақаҳо шӯриши мардумӣ таҳти раҳбарии [[Хушҳолхон]] (1672 – 75) буд, ки бераҳмона саркӯб гардид. Дар солҳои 60 – 70 асри 17 шӯришҳои қавмҳои мухталиф – роҷпутҳо, моротҳо, ҷотҳо, сикҳҳо, бунделҳо ва ғайра саросари давлатдории Темуриёни Ҳиндро фаро гирифт. Дар аҳди Аврангзеб, ки нишонаҳои таназзули давлатдории Темуриёни Ҳинд ба таври возеҳ зуҳур кард, ҷангҳо алайҳи (роҷпутҳо, моротҳо, ҷотҳо, сикҳҳо, ва ғайра) барои хазинаи давлат махориҷи сангинро ба бор овард. Аврангзеб пас аз ақибнишинӣ дар ҷанги зидди моротҳо (соли 1707) бар асари беморӣ даргузашт. Ӯро тибқи васияташ мисли як дарвеш ба хок супурданд. Аврангзеб мусулмони мутаасиб буд, чунончи, мамнӯи мусиқӣ ва рақс дар дарбор, берун рондани аҳли шеъру адаб аз дарбор ва ғайра аз нишонаҳои боризи таассуби динии ӯ буданд. Тавсеаи таассуби динии сиёсӣ дар миёни ҳиндувон ва ақвоми ғайри мусулмони Ҳинд аз муҳимтарин самтҳои сиёсаташ буд. Тибқи дастури ӯ ибодатгоҳҳо, муқаддасот ва биноҳои ҷамъиятии ҳиндувон ва дигар қавмҳои ғайри мусулмон тахриб ва молу мулкашон ғорат шуданд. Сиёсати молиётии Аврангзеб низ эътирозҳои мардумро афзуд, ӯ молиёти изофӣ барои тоҷирони ҳинд вазъ ва пардохти ҷизяро аз нав муқаррар кард. Дар аҳди ӯҷойгоҳи ширкатҳои тиҷории давлатҳои Европа дар Ҳиндустон устувор гардид. Нахуст писаронаш зидди ӯ шӯриданд, Ҳинд пас аз Аврангзеб беш аз ним аср дар ҷангу ҷидол ғӯтавар гардид.
 
== Эзоҳ ==