Ватан: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''ВатанВата́н''' ({{lang-ar|وطن}} – зодгоҳ, ҷойи камолот), — диёр, ме­ҳан, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст, маконе, ки хуни нофаш рехтааст (киноя). Кишваре, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, ойин, урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад. Берун аз ватан рафтаро «мусофир», «муҳоҷир» ва «ғариб» мегӯянд.
 
== Мафҳуми ватанВатан ==
Дар гузашта мазмун ва мундариҷаи мафҳуми ватан танг буда, масъа­лаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайраро дар бар намегирифт. Баъди Инқилоби Октябри соли 1917 маънои ватанВатан ва ва­тан­дорӣ барои тоҷикон ва дигар миллатҳо, ки дар қаламрави собиқ ИҶШС зиндагӣ мекарданд, мазмуни нав гирифт. Мафҳу­ми ватанВатан васеъ шуда, тамоми ҳудуди со­биқ ИҶШС-ро фаро мегирифт, ғояҳои дӯстии тамоми миллатҳои ин иттиҳодро ифода менамуд. Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидани кишварҳои узви он мафҳу­ми ватан ба қисми ҷудо­наша­вандаи шуури миллии ҳар як со­ҳибватанон табдил ёфт. Ҳисси ватанпарварӣ тадриҷан рушд намуд. Дар давраи муосир ватанВатан барои тоҷи­кон ва ҳар соҳиб­ва­тан дар радифи модар (Модар–Ватан) яке аз муқаддас­тарин арзиш фаҳ­мида мешавад. [[Ҷумҳурии Тоҷикистон|Ҷумҳу­рии Тоҷикистон]] барои тамоми тоҷикони дунё ватани аҷдо­дӣ мебошад. Афкори ватандӯстӣ ва ватанияҳо қариб дар тамоми осори фозилон, шоирон ва адибони классику муосири тоҷик мавҷуд аст. Мавзӯъ ва мазмуни эҷодиёти иддае аз шоиронро васфи ватанВатан ташкил медиҳад.
 
== Ҳамчунин нигаред ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ватан"