Ватан: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
 
== Мафҳуми Ватан ==
Дар гузашта мазмун ва мундариҷаи мафҳуми ватан танг буда, масъа­лаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайраро дар бар намегирифт. Баъди Инқилоби Октябри соли 1917 маънои Ватан ва ва­тан­дорӣ барои тоҷикон ва дигар миллатҳо, ки дар қаламрави собиқ ИҶШС зиндагӣ мекарданд, мазмуни нав гирифт. Мафҳу­ми Ватан васеъ шуда, тамоми ҳудуди со­биқ ИҶШС-ро фаро мегирифт, ғояҳои дӯстии тамоми миллатҳои ин иттиҳодро ифода менамуд. Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидани кишварҳои узви он мафҳу­ми ватан ба қисми ҷудо­наша­вандаи шуури миллии ҳар як со­ҳибватанон табдил ёфт. Ҳисси ватанпарварӣ тадриҷан рушд намуд. Дар давраи муосир Ватан барои тоҷи­кон ва ҳар соҳиб­ва­тан дар радифи модар (Модар–Ватан) яке аз муқаддас­тарин арзиш фаҳ­мида мешавад. [[Ҷумҳурии Тоҷикистон|Ҷумҳу­рии Тоҷикистон]] барои тамоми тоҷикони дунё ватани аҷдо­дӣ мебошад. Афкори ватандӯстӣ ва ватанияҳо қариб дар тамоми осори фозилон, шоирон ва адибони классику муосири тоҷик мавҷуд аст. Мавзӯъ ва мазмуни эҷодиёти иддае аз шоиронро васфи Ватан ташкил медиҳад.
 
== Ҳамчунин нигаред ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ватан"