Ватандӯстӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Tojdor (баҳс | ҳисса)
Тағйири масир ба Ватания
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Ватандӯстӣ''', ватанпарварӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаб­бат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хизмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.
#REDIRECT [[Ватания]]
 
== Пайдоиши ватандӯстӣ ==
Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъи­ят пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фар­ҳан­ги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиат­ҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлат­ҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Сарчашма ==
{{ЭМТ}}
 
[[Гурӯҳ:Ватандӯстӣ]]