Шириншо Шотемур: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |акс → | тасвир , |Зодгоҳ → | зодгоҳ , |Намуди фаъолият → |навъи фаъолият, |Тавсифи using AWB
иловаҳо
Сатри 41:
 
Пас аз ба итмом расондани мактаб моҳи маи с. [[1921]] дар ҳайати 500 нафари ба ном «студентони пролетарӣ» аз тарафи КИМ-и Туркистон ба ш. [[Қуқанд]]и [[Фарғона]] ва аз Қуқанд ба комитети тақсимоти (разверсткаи) озуқавории Хуҷанд фиристонда шуда, дар разверсткаи озуқавории волости Дилварзин ширкат дошт. Баъди дуним сол - 10 июл бо телеграммаи Турк - ЦИК ба Тошканд ҷеғ зада шуда, ба сифати коркуни масъул аз узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ 18 июл ба Помир (Бадахшони Кӯҳистон) равона гардид. Солҳои 1921-22 узви сегонаи мазкур ва аз октябри с. 1922 сардори он буд. Мои августи с. [[1923]] ҳангоми расидан ба [[Тошканд]] бо назардошти он ки аз с. [[1921]] то с. [[1923]] дар [[Помир]] буд, бо Туркистон алоқааш канда шуд, аз комиссияи тозакунии сафҳои ҳизб нагузашт. Худ ба худ уязвияташ бекор шуд. Моҳи август бо дархостнома ва маводҳои зарурӣ ба комиссиюни ҳизбии сарҳадии фронти Туркистон муроҷиат карда, зимистон с. 1923, моҳи декабр ба воситаи комиссиюни назоратии Туркистон аз комисияи назоратиии Москва нусхаи фармонро дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи уязвияти ҳизбии худ аз с. [[1921]] – ро гирифт. Аз октябри с. [[1923]] то 5 августи с. [[1924]] корманди бойгонии назди котиботи СКХ Республикаи Туркистон, аз 5 августи с.1923 то ноябри ҳамин сол инструктори кишоварзии шӯъбаи таҳтонии аққалиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқ ва тарғиби КМ ҲК Туркистон буд. То тақсимоти миллӣ дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар ш. Тошканд кор кард. Баъди тақсимот узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъин гардида, ба ш. Душанбе ба кор фиристонда шуд.<ref name="bbc.co.uk"/>
 
== Таъсиси рӯзномаи [[«Иди тоҷик» (рӯзнома)|«Иди тоҷик»]] ==
 
{{аввали иқтибос}}«Ш.Шоҳтемур дар ташкил кардани якумин газетаи тоҷикӣ дар Туркистон – «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои советӣ хеле хизмат кард»{{охири иқтибос|сарчашма= А.В.Макашов ва В.А.Руднитский. Шириншо Шотемур. Душанбе:«Ирфон»,1964.}}.
Дар ин замон – дар нимаи якуми солҳои 20-ум [[Шириншоҳ Шоҳтемур]] аввал дар котиботи Шӯрои Комиссарони Халқӣ, сипас ба ҳайси инструктори шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ ҲК(б) ҶМШС Туркистон кор карда, ҳамчунин узви Президиуми Кумитаи инқилобии тоҷик буд.
Дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун идеолог тавонист масъалаи ташкили рӯзномаи алоҳида барои тоҷикони Осиёи Миёнаро ба миён гузорад ва ба таври мусбат ҳал кунад. ӯ [[Ҳасан Ирфон]]ро масъули рӯзнома таъин кард. Устод [[Садриддин Айнӣ]], [[Нисор Муҳаммад]], [[Абдуқодир Муҳиддинов|А. Муҳиддинов]], С. Ализода, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторӣ, М. Хуҷандӣ, А. Исмоилзода ва дигар равшанфикрони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи точикнишин ҳамкорони фаъоли «Овози тоҷик» буданд. Оғози нашри ин рӯзнома, дар замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Шумораи нахустини он ба роҳбарони давр ҳам, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул наафтод. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳое чоп мекард.
Роҳбарони вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаро ҳамон замон бастанӣ мешаванд. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ин хатарро фаҳмида зуд аз Тошканд ба Самарқанд меоянд. Онҳо нахуст устод Айниро пайдо карда маслиҳатҳои судбахши ӯро мегиранд. Бо маслиҳат рӯзнома ба мақоми (органи) Оргбюро (Бюрои ташкилии Кумитаи инқилобии тоҷик) табдил дода мешавад ва аз хатар эмин мемонад.
Шириншоҳ Шоҳтемур якчанд фаъолони сиёсии точикро ҷамъ оварда мегӯяд: {{аввали иқтибос}}«Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор, илова бар ин, мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири одамонро набояд як гурӯҳи одамони оҷиз ҳал кунад. Онҳо ҳуқуқ доранд ҷумҳурии мухтори худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем».{{охири иқтибос|сарчашма=«Ҷавонони Тоҷикистон», 6 апрели соли 1990}} .
Баъди 12 сол дар Пленуми чоруми КМ ВК (б) Тоҷикистон (14 феврали соли 1936) Шириншоҳ Шоҳтемур таърихи таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ёдовар шуда мегӯяд: {{аввали иқтибос}}«Дар назди КМ Ҳизби Коммунистии Туркистон сексияи коммунистӣ буд, ки ман онро роҳбарӣ мекардам. Барои мо таъсиси рӯзномаи аввалин бисёр зурур буд, вале мо пул надоштем. Ман бо Ҳоҷибоев шинос шудам ва ӯ, ки дар вазифаи раиси Комитети консесии (предоблконцесском) вилояти Фарғона буд, барои таъсиси газета 2000 рубл дод» {{охири иқтибос|сарчашма=К.Искандаров.Славный сын таджикского народа., Д.,1999, с.16}}.
Шириншоҳ Шоҳтемур бо таъсиси ин рӯзнома иктифо намекунад. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шумораву теъдоди рӯзнома зиёд ва сатҳи он баланд бардошта шавад, то ба оммаи васеи тоҷикон дар манотиқи гуногун дастрас гардаду асари нек гузорад. Азбаски ӯ медонист, ки эҳтимолияти ҳалли масоили марбут ба мақоми тоҷикони Осиёи Миёна дар ҶМШС Туркистон камтар ҳалли худро пайдо мекунанд, ин арзро ба КМ РКП(б) СССР ирсол дошт.<ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=1674 Шириншоҳ Шоҳтемур: "Таъсиси рӯзнома бисёр зарур буд"]</ref>
 
Аз [[5 апрел]]и [[соли 1925]] зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон [[Аббос Алиев]] рӯзномаи [[«Бедории тоҷик» (рӯзнома)|«Бедории тоҷик»]] интишор ёфт, ки он аслан шумораи навбатии [[«Иди тоҷик» (рӯзнома)|«Иди тоҷик»]] буд (ҳоло [[Ҷумҳурият (рӯзнома)|Ҷумҳурият]]).([[«Иди тоҷик» (рӯзнома)|бештар...]])
 
== Хотира ==
Бори аввал Шириншоҳ дар деҳаи худаш ба яке аз хешовандони дураш издивоҷ кард. Маҳз баъди хамин издивоҷ байни ӯ ва намояндаи ГПУ Островский гап гурехт ва Островский ӯро сафи ҳизб хориҷ кард, ки дар ин бора қиссаи аҷибе аст. Вале Широншоҳ аз зани аввалааш зуд ҷудо шуд. Ситорааш рост наомад ё деги муҳаббаташон наҷӯшид, ё завҷааш бо ӯ Тошканд рафтан нахост, маълум нест. Аммо як чиз равшан ва аён аст, ки ходимони ҳизбию давлатиии он солҳо аз миллатҳои дигар мекушиданд, ки барои наздиктар шудан русҳомиллати ҳоким, беҳтар донистан урфу одат ва забони онҳо ва пайдо кардани наздикии қавмию зуд боло рафтан аз нардббони мансабу манзалат ва саҳми шахсӣ гузоштан дар "интернасионализми пролетарӣ" бо занхои рус издивоҷ намоянд. Шоҳтемур чунин фикрхоро дошт ё не, равшан нест. Издивоҷи дуввуми ӯ баъди ҳашт сол рух дод. Ин дафъа вай зани русро ҳамсари якумраи худ қарор дод. Дар бораи хаёти оилавии Шоҳтемуру Александра Михайловна Киселова бародари Александра – Прохор Михайлович ба мо маълумоти муфассал дод.
Line 57 ⟶ 71:
== Инчунин нигаред ==
* [[Қаҳрамонони Тоҷикистон]]
* [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]]
 
* [[Абдуқодир Муҳиддинов]]
* [[Ашӯров Урунбой]]
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2009/08/090824_ea_fs_shahtemur.shtml Кашфи тасовире нодир аз Шириншоҳ Шоҳтемур]
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{Қаҳрамонони Тоҷикистон}}
 
[[Гурӯҳ:Арбобони давлатии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Қаҳрамонони Тоҷикистон]]