Чинор Имомов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ, иловаҳо
иловаҳо
Сатри 30:
== Зиндагинома ==
Чинор (Очилдӣ) Искандарович Имомов [[16 октябр]]и [[соли 1898]] дар деҳаи Зебони [[Ноҳияи Панҷакент|волости Панҷакент]]и [[вилояти Самарқанд]], [[генерал – губернатории Туркистон]] таваллуд шудааст. Чинор Имомов дар кӯдакӣ аз волидайн маҳрум мемонад. Соли 1909 бешабони рус Василий Волков (дӯсти оилаи Имомовҳо) Чинорро ба тарбияи худ гирифт. Ӯ дар ҳамин оила забони русиро омӯхт ва соли 1911 ӯро ба мактаби русӣ барои маҳаллиёни шаҳри Самарқанд месупоранд. Ч. Имомов соли 1917 мактабро бо муваффақият хатм мекунад. Вай дар вазифаҳои котиби созмони ҷамъиятии “Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон”( дар соли [[1918]]), моҳи июни соли 1918 ба сафи ҳизби комунистӣ дохил мешавад. Ва моҳи декабри ҳамин сол раиси кумитаи инқилобии уездию шаҳрии Истаравшан (Уротеппа), соли 1920—1922 ӯ сарварии кумитаҳои ҳизбии уездию шаҳрии Ҷиззах ва Самарқандро ба ӯҳда дошт. Чинор Имомов моҳи октябри соли [[1923]] ба вазифаи ҷонишини якуми раиси Комиссияи марказии назорат ва Комиссари халқии Инспектсияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон пешбарӣ мегардад. Чинор Имомов дар солҳои 30 – юми асри XX, мутаассифона қурбони дасисаҳо гардид. Ҳанӯз ба синни 40 нарасида риштаи умраш ба таври фоҷиавӣ канда мешавад.([[http://faraj.tj/index.php/tj/tarikh/10926-chinor-imomov-a-ramon-ast.html Чинор Имомов қаҳрамон аст?|бештар...]])
 
Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Чинор Имомов: [[Абдуқодир Муҳиддинов]], [[Нусратулло Махсум]], [[Алексей Дьяков]], [[Файзулло Хочаев]], [[Абдулло Раҳимбоев]], [[Ашӯров Урунбой]], [[Абдуллоев Сайфулло]], [[Исмоилов Иброхим]], [[Анваров Саидаҳмад]], [[Мавлонбеков Аҳмадбек]], [[Абдураҳим Ҳоҷибоев]] буданд.
 
== Нигаред ==
* [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]]