Нусратулло Махсум: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |акс → | тасвир (2), |Зодгоҳ → | зодгоҳ , |Намуди фаъолият → |навъи фаъолият, |Тавсиф using AWB
иловаҳо
Сатри 36:
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) – соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии бекигарии Қаротегин (Аморати Бухоро) дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми Русия, солҳои 1905-07 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ - демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар [[Бухорои Шарқӣ]] дохил мешавад. Соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст. Сипас ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст.
 
1 декабри соли 1926 дар анҷумани якуми муассисони Шӯроҳҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх, Нусратулло Махсум, якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1929 баъди таъсиси [[Ҷумхурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] раиси КИМ-и [[ҶШС Тоҷикистон]] интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кардааст. Сипас ба ихтиёри КМ ВКП (б) фиристода шуда, дар академияи ба плангирии [[Москва]] таҳсил намудааст. Солҳои 1926-1930 аъзои КМ ҲК (б) [[Ӯзбекистон]], 1930-1933 аъзои бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон, 1927-341934 аъзои КИМ ИҶШС буд.
Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Нусратулло Махсум : [[Абдуқодир Муҳиддинов]], [[Чинор Имомов]], [[Шириншо Шотемур]], [[Файзулло Хочаев]], [[Абдулло Раҳимбоев]], [[Ашӯров Урунбой]], [[Абдуллоев Сайфулло]], [[Исмоилов Иброхим]], [[Анваров Саидаҳмад]], [[Мавлонбеков Аҳмадбек]], [[Абдураҳим Ҳоҷибоев]] буданд.
 
== Мукофот ==
Ӯ бо як қатор мукофотҳои Ҷумҳурии Бухоро, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ордени "Байрақи Сурх", мукофонида шудааст. Соли 1937 ба гирдбоди «душмантарошӣ» афтода, [[1 ноябр]]и [[соли 1937]] ба қатл расонида шудааст. Декабри соли [[1958]] бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори Генералии [[ИҶШС]] бегуноҳ бароварда шуда, [[26 июл]]и соли [[1964]] дар сафи ҳизби коммунистӣ аз нав барқарор гардидасст.
Line 54 ⟶ 56:
 
{{Қаҳрамонони Тоҷикистон}}
== Нигаред ==
* [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]]
* [[Абдуқодир Муҳиддинов]]
* [[Шириншо Шотемур]]
 
[[Гурӯҳ:Арбобони давлатии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Қаҳрамонони Тоҷикистон]]