Австралия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 51:
 
== Хок ва наботот ==
Австралия олами набототи махсус дорад. Тақрибан 75%-и (аз 12 ҳазор 9 ҳазор) намуди растаниҳо эндемианд, яъне растаниҳое, ки танҳо дар Австралия мерӯянд. Қисми зиёди Австралияи Ғарбӣ аз биёбонҳои регзору санглох (биёбонҳои Калони Регзор, Виктория, Гибсон) иборатанд ва дар онҳо фақат гиёҳҳои хӯшадор мерӯянд. Шӯрзаминҳою заминҳои бӯрхок ва бӯри сурхчатоби нимбиёбонҳоро бештар хорбуттаҳои зич (скрэбҳо) фаро гирифтаанд. Баробари афзудани боришот канораҳои нимбиёбонҳо ба минтақаҳои саваннаю бешаҳои тунук табдил меёбанд, ки хокашон сурх, дорчинии сурхчатоб ва дар Шарқ тирахоки тропикианд. Канорҳои материк (ба ғайр аз Ғарб) бешазор буда, дар Шарқ ва Шим. Шарқ бешаҳои тропикии ҳамешасабз (бо омехтаи набототи хоси ҳиндумалайӣ), ҷанубтар аз 26° арзи ҷанубӣ бешаҳои субтропикӣ вомехӯранд. Хоки бешаҳо турш ва бӯри хокистарии бешагӣ аст; хоки сурх ва зард низ вомехӯрад. Бешаҳо (асосан эвкалипт) қариб 6%-и масоҳати Австралияро пӯшидаанд. Эвкалипт чӯбаш сахт аст ва аз он равған, моддаҳои даббоғӣ мегиранд. Саваннаҳою бешаҳои сирак чун чарогоҳ истифода мешаванд. Дарахтҳои суккулентӣ – сероби обгина ё суроҳишакл мерӯянд, ки решаҳояшон аз 10 то 30 м чуқур рафта, обро меҷаббанд ва ба фазо паҳн мекунанд.
 
== Олами ҳайвонот ==
Сатри 60:
 
== Адабиёт ==
Физическая география частей света, М., 1963; Вопросы геологии Австралии, М., 1965; Свет Я. М., История открытия и исследования Австралии и Океании, М., 1966; Мухин Г. И., Австралия и Океания, 2-е изд., М., 1967; Дроздов Н. Н., Полёт бумеранга, М., 2001; Новая Российская Энциклопедия, т. 2, М., 2005; Страны мира, М., 2008.
 
== Эзоҳ ==