Утриш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 79:
 
== Меъморӣ, санъати тасвирӣ ==
Меъморӣ, санъати тасвирӣ дар Австрия ёдгориҳои санъати давраи ибтидоӣ («Зӯҳраи виллендорфӣ», палеолит; тамсилаи гардунаи маданияти давраи галштат, Штирия) ва мансуби маданияти Рими Қадим (боқимондаи харобаҳои назди Клагенфурт ва Петронел), маданияти асримиёнагии романӣ (асрҳои 11 – 13, калисоҳои Гурке ва Зеккау) ва готика (асрҳои 13 – 15, калисои ҷомеи Стефани валӣ дар Вена) боқӣ мондаанд. Дар ин давраҳо омезиши маданияти немисҳо, италиявиҳо ва венгерҳо мушоҳида мешавад. Маданияти давраи Эҳё, ки асри 15 дар меҳробҳои калисо (М. Пахер) зуҳур мекард, дар асри 16 инкишоф ёфт (биноҳои шаҳрҳо, қасрҳо, муҷассамаҳои офаридаи А. Пилграм, мусаввараҳои В. Хубер). Ривоҷи санъати Австрия ба услуби бароккои асрҳои 17 – 18 алоқаманд аст (меъморон И. Б. Фишер фон Эрлах, Л. Хилдебранд, муҷассамозон Б. Пермозер, Р. Доннер ва дигар). Дар асри 19 дар меъморӣклассисизм ба эклектизм ва нақшу ороиши зоҳирӣ (Г. Земпер, К. Харенауэр), дар наққошӣ ба самимияти романтикӣ (И. А. Кох, М. Швинтс) иваз мешавад. Дар асрҳои 19 – 20 услуби «модерн» (меъморон Й. Олбрих, О. Вагнер, Й. Хофман, наққош Б. Клинт) ба вуҷуд омада, баъд дар меъморӣ мавқеи худро ба функсионализми замонавӣ дод (А. Лоз, Й. Франк, Р. Райнер). Дар меъмории муосир бинои Агентии байналхалқии энергияи атом (МАГАТЭ) ва VienaInternational Center – дар Вена зуҳуроти олии ин ҳунаранд. Дар наққошӣ ва графика реализми тахайюлӣ (Э. Шилс, О. Кокошка, А. Кубин), дар муҷассамасозӣ – абстраксионизм (Ф. Вотруба ) инкишоф ёфтанд. Г. Хелнвайн, А. Райнер ва Ф. Хундертвассер рассомони машҳури ҳозира мебошанд.
 
== Мусиқӣ ва театр ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Утриш"