Фарқият байни намунаҳои "Автобус"

no edit summary
'''АвтобусАвто́бус''' (мухтасар аз ''[[автомобил ва ]]-[[омнибус]]'') — [[автомобилест]] барои кашондани зиёда аз 8 нафар мусофир. Автобус дарозиаш аз 5,5 м кӯтоҳтарро микроавтобус меноманд.
 
== Таърих ва пайдоиши Автобус ==
Автобусҳоро аз рӯи дарозӣ ба хеле хурд, хурд, миёна, калон ва хеле калон; аз рӯи сохт ба пешмотор, ақибмотор, миёнамотор, капотдор, бекапот, пастфарш, баландфарш, бисёрузва, якошёна, якунимошёна, дуошёна, нимядак ва ядакӣ тақсим мекунанд.
 
== ДарАвтобус дар Тоҷикистон ==
Дар [[Тоҷикистон]] автобус барои мусофиркашонии байнишаҳрӣ ва дохилишаҳрӣ истифода мешавад. Феълан (2010) дар [[шаҳри Душанбе]] 280 Автобус ва 34 хатсайри автобуси мавҷуд аст, ки дарозтарини он (19,8 км) хатсайри №18 Майдони сарҳадчиён – шаҳраки Гипрозем мебошад. Истеҳсоли автобус дар зиёда аз 100 шаҳри дунё, аз ҷумла дар шаҳри [[Чкаловски ҶТ]] ба роҳ монда шудааст. Марти соли 1958 Вазорати мошинсозии миёнаи [[СССР]], ки Комбинати кӯҳкорию химиявии Ленинобод тобеи он буд, истеҳсоли автобусҳоро барои кашондани коргарони объектҳои вазорат дар заводи таъмири автомобилҳои Чкаловск оғоз кард. Нахустин автобусе, ки аз қисмҳои аз Каунас овардашуда сохта шуд, «Тоҷикистон-1» ном гирифт. Соли 1960 теъдоди ин навъ автобусҳо ба 112 расонида шуд ва то соли 1978 истеҳсол карда мешуданд. Соли 1970 дар асоси шассии ГАЗ-52-01 ва кузови металлии бутун истеҳсоли Автобуси навъи «Тоҷикистон-2» ба роҳ монда шуда, худи ҳамон сол 24 Автобуси навъи мазкур истеҳсол гардид. Автобуси мазкур торафт такмил ёфта, соли 1973 навъи «Тоҷикистон-2А», соли 1974 «Тоҷикистон-2Б», соли 1975 «Тоҷикистон-5», соли 1982 «Тоҷикистон-3205» истеҳсол гардиданд. Соли 1986 барои бартараф кардани оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил зиёда аз 50 адад Автобуси махсуси «Тоҷикистон» бо системаи вентилятсияи маҷбурӣ, деворҳои сурбӣ, курсиҳои паст ва дарзҳои ҳа­воногузар аз вақти гирифтани супориш дар муддати хеле кӯтоҳ – ҳамагӣ 15 рӯзсохта, ба мавзеи садама фиристода шуданд. Соли 1991 дар сехи таҷрибавии завод намунаи «Тоҷик 4309» сохта шуд. Аз соли 1992 истеҳсоли Автобус дар завод коҳиш хӯрд, зеро харидори асосӣ – Россия бинобар дур будани ҷойи истеҳсол аз хариди Автобусҳо даст кашид. Феълан дар завод соле то 5 – 10 Автобуси истеҳсол карда мешавад.
 
 
[[Гурӯҳ:Нақлёт]]
[[Гурӯҳ:Автобус|*]]