Имом Бухорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х сарчашмаҳо
х иловаҳо
Сатри 9:
Ба гуфтаи худаш то муддате дар назди машоихи зодгоҳаш Бухоро ба таҳсил пардохта, дар шонздаҳсолагӣ ҳамроҳи модар ва бародари бузургаш Аҳмад барои адои фаризаи ҳаҷ ба Макка меравад. Пас аз анҷоми фаризаи ҳаҷ модар ва бародараш ба Бухоро бармегарданд ва ӯ барои идомаи таҳсил ба сарзаминҳои дуру наздики қаламрави онрӯзаи ҷаҳони ислом сафар карда, аз машоиху донишмандон дар шаҳрҳои Хуросон, Ҷибол, Ироқ, Миср, Шом ва Ҳиҷоз улуми динӣ, бахусус ҳадис меомӯзад. Ба гуфтаи худаш дар талаби илм ду бор ба Шом, Миср ва Ҷазира ва чаҳор бор ба Басра сафар карда, шаш сол дар сарзамини Ҳиҷоз иқомат намудааст ва ҳамроҳи муҳаддисон ба шаҳрҳои Куфа ва Бағдод бе шумор рафтуомад доштааст.
 
Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашт ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шуд. Оромгоҳи вай имрӯз ҳам зиёратгоҳи хоссу ом аст ва дар канори он китобхонае ба номи ӯ бино кардаанд.[[Акс:Мемориальный комплекс Аль-Бухари 05.JPG|thumb|Мақбараи Имом ал-Бухорӣ дар ҷойгоҳи[[ҷойгоҳ]]и хоҷаХоҷа Исмоил, ш.Самарқанд]][[File:Мемориальный комплекс Аль-Бухари 10.JPG|thumb|Зиёратчиён[[Зиёраткунанда]]гон дар оромгоҳи[[оромгоҳ]]и хоҷаХоҷа Исмоил]]<ref>[https://xadis.wordpress.com/сахих-аль-бухари/ Сахих аль-Бухари/ЖИЗНЕОПИСАНИЕ ИМАМА АЛЬ-БУХАРИ] </ref>
 
== Осор ==
Сатри 34:
[[Акс:AlBukhari_mausoleum.jpg|right|thumb|Оромгоҳи Бухорӣ наздикии шаҳри [[Самарқанд]]]]
 
== БузоргдоштБузургдошт ==
Шахсият ва осори илмии Имом Бухорӣ назари шахсиятҳо ва маҳфилҳои илмиро дар имтидоди асрҳо ба худ ҷалб карда, аз сӯи пешоҳангони андешаи башарӣ мавриди омӯзиш ва арзёбии васеъ қарор гирифтааст. Дар ин муддат даҳҳо масҷид, марказҳои илмӣ ва шахсиятҳо дар ҷаҳони ислом ба номи ӯ номгузорӣ шуда, нишастҳои илмӣ ва конфронсҳо ба ёди шахсият ва ё дар бораи осори илмии ӯ баргузор гардидааст. Шоёни зикр аст, ки соли 2010 шаҳри Душанбе аз сӯи Созмони фарҳанг ва маорифи исломӣ (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид ва дар он конфронсе дар сатҳи кишвар ба муносибати 1200-солагии зодрӯзи Бухорӣ зери унвони «Имом Бухорӣ ва илми ҳадис» баргузор шуд. Барои шиносоии бештар бо шахсияти ин нобиғаи тоҷик худи ҳамон сол аз сӯи институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи академик А. М. Баҳоуддинов китобе бо номи «Зиндагонӣ ва сирати имом Бухорӣ» таҳия шуда, ба чоп расид ва дар киностудияи «Тоҷикфилм» дар бораи ӯ филме ҳам ба навор гирифта шуд.
== Ҳамчунин нигаред ==
 
Дар даврони шӯравӣ ба тармими [[оромгоҳ]]и Имом Бухорӣ ҳукумати ҶШС Узбекистон диққат зоҳир намекард. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Узбекистон, [[қадамҷой]]и Имом Бухорӣ ба Маҷмаи фарҳангӣ табдил дода шуд. Дар он [[оромгоҳ]]и бошукӯҳи Имом Бухорӣ бо сангҳои қимматбаҳо оро дода шуда, [[мақбара]]и зебо, [[масҷид]], [[осорхона]]и мутаффакири ислом, ва саҳни васеъ барои ибодати 5000 намозгузорон бунёд гардид. Маҷмааи Имом Бухорӣ ё "Хоҷа Исмоил"-и назди ш. [[Самарқанд]] ба [[зиёратгоҳ]]и [[мусулмон]]они дунё табдил ёфтааст.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ|}}