Ноҳияи Файзобод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 135:
 
=== Файзобод дар замони Шӯравӣ ===
Пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва ташкил гардидани Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро, Файзобод яке аз туманҳои водии Ҳисор маҳсуб мешуд. Вақте Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон (соли 1924) ва Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) ташкил ёфтанд, ҳудуди имрӯзаи Файзобод (ба ғайр аз ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод) дар тобеияти ноҳияи Янгибозор, шаҳри Ваҳдати ҳозира қарор дошт. Мустақилияти ноҳияи Файзободро Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон бо қарори № 32 аз 14 июни соли 1931 қонунӣ гардонд. Зери ин қарор Раиси КИМ РСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва котиби КИМ РСС Тоҷикистон А. Зиннатшоев имзо гузоштаанд. Ба тобеияти ноҳияи Файзобод нуҳ ҷамоат Файзобод, Гумбулоқ, Хоҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳрозӣ, ва қисми деҳаҳои ҷамоати Якабед дохил мешуд. Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқарар карда шуд.[[File:Binoi hukumat.jpg|alt=Бинои ҳукумат (солҳои 2008)|thumb|300x300px|Бинои ҳукумат (солҳои 2008)|left]]
 
Моҳи январи соли 1963 ноҳияи Файзобод дубора бо [[ноҳияи Ваҳдат|ноҳияи Орҷоникдзеобод]] ҳамроҳ карда мешавад. Моҳи январи соли [[1969]] ҳамчун ноҳияи мустақил ташкил ёфта, то имруз арзи вуҷуд дорад. Маркази маъмурии он дар ҷои деҳаи собиқ Дарагиён муқарар гардид ва онро Файзобод номиданд.
Сатри 199:
 
== Тандурустӣ ==
[[File:Маркази саломатии ноҳияи Файзобод.jpg|thumb|Маркази саломатии ноҳияи Файзобод|left]]
Дар ноҳия як беморхонаи марказӣ ва ду беморхонаи минтақавӣ ([[Мискинобод]] ва [[Меҳробод]]) 200 кат маҷуд аст. Дар 46 муассисаи тандурустӣ (аз ҷумла 8 маркази саломатӣ, 29 хонаи саломатӣ, 5 маркази соҳавӣ) 80 нафар духтурони дорои маълумоти олӣ ва 316 нафар бародари шафқат ва ҳамшираҳои тиббӣ ба мардум хизмати тиббӣ мерасонанд.
 
== Фарҳанг ==
[[File:Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод.jpg|thumb|Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод|301x301pxleft]]
Дар ноҳия 17 китобхона, 5 хонаи фарҳанг, осорхона, театри халқӣ, Мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев, Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод ба номи Нигина Рауфова, боғи фарҳангу фароғатӣ ба сокинони ноҳия хизмати фарҳангӣ мерасонанд. Захираи умумии китоб дар китобхонаҳо 81000 адад мебошад, ки беш аз 30 ҳазор нусхааш тоҷикӣ аст. Инчунин дар ноҳия театр — студияи ҳаҷвии «Шаҳрошуб», ансамбли мақомсароён, ансамбли фалаксароён, ансамбли этнографии карнайнавозон фаъолият доранд.