Ноҳияи Файзобод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 135:
 
=== Файзобод дар замони Шӯравӣ ===
Пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва ташкил гардидани Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро, Файзобод яке аз туманҳои водии Ҳисор маҳсуб мешуд. Вақте Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон (соли 1924) ва Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) ташкил ёфтанд, ҳудуди имрӯзаи Файзобод (ба ғайр аз ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод) дар тобеияти ноҳияи Янгибозор, шаҳри Ваҳдати ҳозира қарор дошт. Мустақилияти ноҳияи Файзободро Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон бо қарори № 32 аз 14 июни соли 1931 қонунӣ гардонд. Зери ин қарор Раиси КИМ РСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва котиби КИМ РСС Тоҷикистон А. Зиннатшоев имзо гузоштаанд. Ба тобеияти ноҳияи Файзобод нуҳ ҷамоат Файзобод, Гумбулоқ, Хоҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳрозӣ, ва қисми деҳаҳои ҷамоати Якабед дохил мешуд. Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқарар карда шуд.[[File:Binoi hukumat.jpg|alt=Бинои ҳукумат (солҳои 2008)|thumb|300x300px|Бинои ҳукумат (солҳои 2008)|left]]
 
Моҳи январи соли 1963 ноҳияи Файзобод дубора бо [[ноҳияи Ваҳдат|ноҳияи Орҷоникдзеобод]] ҳамроҳ карда мешавад. Моҳи январи соли [[1969]] ҳамчун ноҳияи мустақил ташкил ёфта, то имруз арзи вуҷуд дорад. Маркази маъмурии он дар ҷои деҳаи собиқ Дарагиён муқарар гардид ва онро Файзобод номиданд.
Сатри 209:
 
== Варзиш ==
Замони истиқлол дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия 20 майдони варзишии футбол, 10 майдончаи волейбол ва дар назди муаасисаҳои таълимӣ 40 майдончаи футбол, 41 майдончаи волейбол ва 6 майдончаи баскетбол сохта ба истифода дода шуд. Шумораи толорҳои варзишӣ дар ноҳия ба 22 адад мерасад.
 
Дар мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳия намудҳои варзиши  волейбол, гӯштини ҷудо, самбо, гӯштини миллӣ, шоҳмот, футбол ва тениси рӯи миз дар 41  гурӯҳ таълим дода мешавад. Ҷаъман  450 нафар варзишгар, аз ҷумла  21 нафар духтарон дар ин муассиса ба машқу тамрин машғуланд.
 
Варзишгарони ноҳия дар 25 соли истиқлолият имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилӣ  иштирок намуда, 20 медали тилло, 34 медали нуқра ва 112 медали биринҷӣ ба даст оранд. Варзишгарон Мавлуда Саъдуллоева, Азизулло Икромов, Умед Қаландаров, Ҳукумзода Саидмаҳмуд, Раҳмоналӣ Чақалов, Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Алидод Рабиев, Наврӯз Ҳомидов, Одиназода Азмиддин, Амриддин Абдуллоев, Маҳмадулло Қаландаров, Шарифзода  Исфандиёр, Маҳмадалӣ Мирзоев, Нематулло Икромов, Саидбек Ганҷов ва даҳҳо нафари дигар дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардида эътибори ноҳияро баланд бардоштаанд<ref>{{Cite web|url=http://www.nabzifayzobod.tj/index.php/varzish/963-ro-i-vase-ba-varzish|title=Роҳи васеъ ба варзиш|author=Собир Розиқов|website=Набзи Файзобод|date=|publisher=www.nabzifayzobod.tj|lang=tg|accessdate=2017-07-24}}</ref>.
 
== Зодагони диёри бод ==