Абрақ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:mica-in-rock-from-alstead.jpg|thumb|347x347px|right|Сангпора бо абрақ]]
'''Абрақ''' — минерали алюмосиликатие, ки сохташ варақин аст. Абрақ гармитобовар буда, ҷараёни электрикиро намегузаронад ва таркиби химиявиаш мураккабу тағйирёбанда мебошад. Формулаи умумиаш: R<sub>1</sub>(R<sub>2</sub>)<sub>3</sub> [AlSi<sub>3</sub>O<sub>10</sub>](OH, F)<sub>2</sub>, ки дар ин ҷо R<sub>1</sub> = [[калий|К]], [[натрий|Na]]; R<sub>2</sub> = [[алюминий|Al]], [[магний|Mg]], [[оҳан|Fe]], [[литий|Li]] мебошад. Аз рӯи таркиб абрақ магнию оҳандор (фогопит, биотит, лепидомелан), алюминийдор (мусковит, парагонит) ва литийдор (лепидолит, синнвалдит, тайниолит) мешавад. Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ. Кристаллҳояш варақ-варақ, тахта-тахта ё пулакчамонанд шуда, дар кундалангӣ то ба 1 м мерасанд. Сахтии кристаллҳои абрақ аз рӯи шкалаи минералогӣ 2,5 – 3, зичиашон 2700 – 3200 кг/м3 мебошад. Абрақ дар табиат бисёр вомехӯрад ва чун минерали ҷинсофарин дар таркиби бисёр ҷинсҳои интрузивӣ (гранитҳо, сиенитҳо, диоритҳо), метаморфӣ (гнейсҳо, варақсангҳои кристаллӣ ва ғайра) дучор меояд. Абрақ масолеҳи муҳим барои термоизолятсия ва электроизолятсия буда, дар соҳаи эклектротехника, авиатсия ва радиотехника васеъ истифода мешавад. Аз липидолитҳо шишаҳои махсуси оптикӣ месозанд. Резамайдаҳои абрақро дар сохтмон, саноати резина, истеҳсоли пластмасса, ранг ва ғайра васеъ ба кор мебаранд. Дар Тоҷикистон кони хурди абрақ дар қаторкӯҳи [[Ишкошим]] мавҷуд аст.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Абрақ"