Замзам: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 9:
Ба Иброҳим ворис шуд Симоил,
 
Ки ҷорӣ зери пояш гашт Замзам.

(Девони Адибулмамолики Фароҳонӣ) 
 
Тибқи фармудаи мураттибони Фарҳанги Лорус, Иброҳим (а) ва хонадонаш ҳудуди солҳои 1800 қ. м. аз сарзамини Байнаннаҳрай ба Канъон рафт. Бар ин асос, ҳодисаи сукунати ниме аз хонадони Иброҳим – Ҳоҷар ва Исмоил дар сарзамини Макка ва пайдо шудани оби замзам каме баъдтар аз солҳои 1800 қ. м. ба вуқӯъ омадааст (Larousse. – С. 496). Вале ба гуфтаи муаррихи муосири араб Маҳмуд Шокир, ин ҳодиса ҳудудан 3800 сол пеш аз ҳиҷрати паёмбар (с), яъне ҳудуди солҳои 3200 қ. м. сурат гирифтааст (ат-Таъриху-л-исломӣ. – Ҷ. 1.- С. 82).
Line 17 ⟶ 19:
Ҳудуди 5 000 сол ва ба гуфтаи Соид Бакдош, 4860 (Фазлу мои Замзам. С. 50) сол аст, ки оби Замзам аз миёни қабатсангҳои вулкании ғафс ва тағйирёфта ҷӯш мезанад. Дар аснои ҳафри нафақ (тунел)-ҳое, ки тайи чанд даҳаи ахир дар шаҳри Макка роҳандозӣ шуда, тарқишҳо ва рагаҳои обгузари борике дар таркиби сахраҳо ва кӯҳҳои он му­шоҳида шуда, ки аз тамоми атроф дар онҳо ба сӯи Ҳа­рам ва чоҳи Замзам об меояд.
 
== Тавсифи чоҳ ==
Умқи чоҳи Замзам аз зери саҳни тавофгоҳ 30 м ва умқи ҷойгиршавии чашмаҳои таъминкунандаи он ба об (ҳавзаҳои оби­аш) 12,80 м аст, ки атрофи он то ин ҷо сохта шудааст ва аз чашмаҳо то қаъри чоҳ 17, 20 м дигар аст, ки дар қалби сахраҳо ба шакли кандашуда вуҷуд дорад ва умқи сатҳи об аз даҳони чоҳ 4 м аст. Он дар фосилаи 21 м аз шарқи рукни Ҳаҷаруласвад воқеъ шуда ва бо се манбаи бузур­ги обӣ – сарчашмаҳо, ки яке аз самти Каъба – Мақом ва Ҳиҷр ва дуи дигар дар як даҳона аз шимол аз самти минтақаи Аҷёд ва 21 чашмаи хурдтар, ки аз самти кӯҳҳои Абӯқубайс, Сафо ва Марва меоянд, таъмин мешавад.
 
Line 23 ⟶ 26:
Сурати таърихии Масҷидулҳаром пеш аз тавсиаи аввали суъудӣ, ки дар он биное дар болои даромадгоҳи чоҳи Замзам ва бинои дигаре дар болои Мақоми Иброҳим (ъ) – Боби банӣ Шайба мушоҳида мешавад ва дар саҳ­ни Ҳарам қандилҳои насбшуда бар сари амудҳо низ ба чашм мерасанд. 
 
== Оби Замзам дар аҳодис ==
Расули Худо (с) мефармояд: '''''«Оби Замзам беҳтарин об бар рӯи замин аст»''''' (Маҷмаъу-з-завоид, 5712) ва бино ба ривояти мавқуфе аз Ибни Аббос: «… Оби Замзам аз чашмаҳои биҳишт аст» (Мусаннафи Ибни Абушайба, 1734). Нӯшидани оби Замзам аз суннатҳои тавоф аст ва пас аз он нӯшида мешавад. Расули Худо (с) фармуд: '''''«Оби Замзам барои ҳар чизе нӯшида шавад, фоида мебахшад»'''''. (Сунани Ибни Моља, 3062; Мустадраки Ҳоким, 1782). Ҳангоми нӯшидани оби ЗАМЗАМ рӯй ба қибла меоварад, «Бисмиллоҳ…» мегӯяд ва хуб аст, ки онро бо се дам ва ё дар се навбат бинӯшад, пас аз ҳар даме ба сӯи хо­наи Каъба назар афканад ва Худоро шукр гӯяд ва дар охир дуъо кунад: '''«Аллоҳумма, асалука илман нофиъан ва ризқан восиъан ва шифоан мин кулли доин!''' ''«Худоё''', аз Ту илми нофеъ, ризқи кушода ва шифои аз ҳар дардро масъалат дорам!»''''' '''(Мустадраки Ҳоким, 1782)'''. 
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Замзам"