Худоӣ Шарифзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up, replaced: |номи аслӣ → | номи аслӣ , |зодгоҳ → | зодгоҳ using AWB
иловаҳо, сарчашмаҳо
Сатри 28:
==Зиндагинома==
Худоӣ Шарифзода [[25 июн]]и соли [[1937]] дар қишлоқи Ҷорфи [[ноҳияи Дарвоз]]и Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли [[1961]] шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин]]ро хатм кард ва дар кафедраи адабиёти тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин]] барои кор тавсия гардид. То соли [[1966]] ассистенти кафедраи адабиёти шӯравии тоҷик буд. Солҳои 1966-1969 дар аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷик таҳсил мекард. Соли [[1970]] дар мавзуи «Ташаккули афкори адабии форс-тоҷик дар асрҳои Х-ХI» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. То соли [[1989]] муаллими калон ва дотсенти ҳамин кафедра буд. Солҳои 1975-1975 ҷонишини декан ва муддате раиси Иттифоқи касаба буд. Соли 1987 дар мавзуи «Назарияи наср дар осори форсии марҳилаи классикӣ» (асрҳои Х-XV) рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1989-1993 мудири кафедраи фолклор ва методикаи таълим, солҳои 1993-971997 декани факултети филологияи тоҷик, солҳои 1993-2009 мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик буд, дар ҳоли ҳозир мушовир ва профессори кафедраи мазкури [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]мебошад.<ref>[http://philol.tnu.tj/Sadorat.htm Факултаи филологияи тоҷик, ДМТ]</ref>
== ОсориФаъолияти илмӣ ==
Худоӣ Шарифзода ва пайравони мактаби илмии ӯ муҳимтарин масоили назария ва таърихи адабиёти тоҷикро ба таҳқиқ гирифтаанд. Дар ин мактаб масъалаҳои назарӣ ва амалии адабиётшиносӣ , аз қабили назария ва поэтикаи шеъри форсӣ-тоҷикӣ, назария ва таърихи таҳаввули насри форсӣ-тоҷикӣ, зиндагинома ва мероси адабии симоҳои барҷастаи адабиёти асримиёнагӣ, назарияи жанрҳо ва навъҳои адабӣ, робитаҳои адабӣ, ҷараёнҳои мазҳабиву фикрӣ ва таъсири он ба адабиёт, навоварӣ ва суннат мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст. То имрӯз масъалаҳои таърихи адабиёт, афкори адабиву назарӣ, назарияи насри форсӣ-тоҷикӣ, арӯзи назарӣ ва амалии шеъри форсӣ-тоҷикӣ, таҳаввули адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри XIX, рӯзгор ва осори Масъуди Саъди Салмон, Фахриддини Ироқӣ, Камоли Хуҷандӣ, Табиби Исфаҳонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, устура, афсона, ҳикоя, рамз ва тамсилҳои ирфонӣ, робитаҳои адабии арабу аҷам, адабиётшиносии форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои миёна, таърих ва назарияи номанигорӣ, поэтикаи ғазалиёти шоирони ҷудогона, таҳаввули авзон ва таносуби вазн бо муҳтаво, маърифати а абӣ, тасвирҳои бадеӣ, исмоилия ва таъсири Он бар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, насри ривоятӣ ва адабӣ, достонсароӣ ва суннати эҷоди силсиладостонҳо дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва ғайра аз ҷониби намояндагони мактаби адабпажӯҳии устод Худоӣ Шарифзода таҳқиқ шуда , дар ин замина мақолаҳо, осори монографӣ ва китобҳои зиёд таълиф ва мунташир шудааст. Худоӣ Шарифзода яке аз донишмандони соҳибсабк ва соҳибмактаби адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик аст, ки ҳам ба василаи парвариши шогирдони илми суханшиносӣ ва ҳам ба василаи таълифоти худ дар илми муосири тоҷик мақому манзалати хоси худро пайдо кардааст. Таълифоти арзишманди ӯ, аз қабили «Балоғат ва суханварӣ», «Каломи бадеъ», «Савти Аҷам», «Рози ҷаҳон», «Шеър ва шоир», «Озурдагон ва умедворон», «Назарияи наср», «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо баҳои баланд гирифта, теъдоде аз китобҳои эшон дар хориҷ аз кишвар ба чоп расида ва натиҷаи заҳматҳои устод бо ҷоизаҳои муътабари илмиву фарҳангӣ қадрдонӣ шудааст.<ref>[http://pertaj.com/%D9%BE%D8%B1%D9%88%D9%81%D8%B3%D9%88%D8%B1-%D8%AE%D8%AF%D8%A7%DB%8C%DB%8C-%D8%B4%D8%B1%DB%8C%D9%81%E2%80%8C%D8%B2%D8%A7%D8%AF%D9%87%D8%8C-%D8%A7%D8%AF%D8%A8%DB%8C%D8%A7%D8%AA%E2%80%8C%D8%B4%D9%86/ Профессор Худоӣ Шарифзода - адабиётшиноси бузурги тоҷик]</ref>
а) китобҳо
* «Услуб ва камолоти сухан» (1985),
Line 58 ⟶ 60:
 
== Манобеъ==
* Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.- Д., 2008
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://philol.tnu.tj/Sadorat.htm факултаи филогияи тоҷик]
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Олимон аз рӯи алифбо]]