Адабиёти илмӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Адабиёти илмӣ''' — маҷмӯи асарҳои хаттӣ, ки дар натиҷаи тадқиқот, хулосаи назариявӣ дар доира...
 
No edit summary
Сатри 2:
 
== Таърихи адабиёти илмӣ ==
Адабиёти илмӣ решаи қадимӣ дорад. Масалан, асари [[«Ал-Маҷастӣ»-и донишманди Юнони Қадим Батлимус]] намунаи беҳтарин аз замони бостон буда, дар асрҳои миёна ба осори донишмандон, хоса табиатшиносону риёзидонҳо таъсири бузург расондааст ва ҳоло ҳам аҳамияти илмиро молик аст. Дар марҳалаи аввал адабиёти илмӣ дар навъҳои рисола, муколама, мулоҳиза, насиҳату ҳидоят, сафарнома, тарҷумаи ҳол ва ҳатто жанрҳои назмӣ (достонҳо, қасидаҳо) нигошта шудаанд. Дар таърихи илми ниёгони тоҷикон [[«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино]], [[«Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ]], «Ал-ҷабр ва-л-муқобала»-и Муҳаммад Мусои Хоразмӣ, «Китоб сувар ул-кавокиб ас-собита»-и Абдураҳмони Суфӣ ва садҳо номгӯй адабиёти илмиро метавон ном бурд, ки на танҳо дар пешрафти илми замонашон, балки дар рушди минбаъдаи соҳаҳои махсуси илм нақши муҳим бозидаанд. Тадриҷан шаклҳои нав – монография, мақола, маърӯза, шарҳу тафсир, тезис, тақриз, ахбор, ҳисобот оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, реферат, автореферат, диссертатсия ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Услуби Адабиёти илмии муосир бо айният ва баёни қатъии мантиқӣ, равшанӣ ва дақиқии забони адабӣ ва истифодаи истилоҳҳо, рамзу аломатҳо, формулаҳо, ҷадвалу нақшаҳо, тарҳу ангора ва ғайра аз дигар навъҳои адабиёт фарқ мекунад. Барои адабиёти илмӣ тамоюл ба услуби ягона, ҳамшаклии композитсионӣ (мақсад, бунёди таҷрибавӣ, натиҷаи ҳосилкарда ва баҳогузорӣ ба он, фарзия барои оянда) хос мебошад. Яке аз талаботи асосӣ дар нашри Адабиёти илмӣ тақризнависии ҳатмӣ ба маводи пешниҳодшуда аст. Адабиёти илмӣ дар шакли рисолаҳои номзадӣ ва илмӣ дар шӯроҳои илмӣ дифоъ карда шуда, дар Комиссияи олии аттестатсионии [[(ВАК)-и Федератсияи Россия]] тасдиқ мегарданд. Дар [[АИ Ҷумҷурии Тоҷикистон]] комиссияи махсуси аттестатсионӣ мавҷуд аст, ки ҳимояи рисолаҳои илмиро дар АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе донишгоҳҳои Тоҷикистон назорат мекунад.
 
Рушди илму техника дар асри 20 ва аввали асри 21 дар раванди илмии кишварҳои олам ва сохтори адабиёти илмӣ тағйирот ба вуҷуд овард. Нашри маҷаллаҳои илмӣ, бюллетенҳо, маҷмӯаи тезисҳою мақолаҳо, монографияҳои академикӣ дар фарҳангистонҳо, донишгоҳҳо заминаи Адабиёти илмиро ташкил дод. Ба воситаи маҷаллаҳо, бюллетенҳо, мачмӯаҳои илмӣ ва диг. воситаҳо нашри Адабиёти илмӣ дар тамоми кишварҳои дунё зиёд шуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ дар амал татбиқ мегарданд. Барои пешниҳоди натиҷаи корҳои илмӣ шаклҳои нави истифодаи натиҷаи корҳои илмӣ ба монанди «депонирование» (мустанад) кардани асарҳои илмӣҷорӣ шуд, ки аз ин тариқ асар дар ин ё он маркази иттилооти илмӣ нигоҳ дошта мешавад ва муассиса дар бораи он асари илмӣ маълумот ба табъ мерасонад. Ҳар як соҳаи илм барои омӯзиш ва пажӯҳиши муҳаққиқон натиҷаҳои илмии худро ҳамчун Адабиёти илмӣ дар дастурҳо ва иттилоъномаҳои соҳавӣ ба нашр мерасонад. Дар муассисаи Маркази иттилооти патентӣ-илмии ҶТ корҳои илмии олимони ҶТ маҳфуз аст. Натиҷаи рушди илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар маркази мазкур таҳлил гардида, дар маҷмӯае чоп мешавад.