Адабиёти омиёна: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Сарчашма: навсозӣ
навсозӣ
Сатри 2:
 
== Пайдоиши адабиёти омиёна ==
Адабиёти омиёна ҳанӯз дар рӯзгори пешин, дар давраи ташаккули афкори бадеии мардуми форсизабон оғоз ёфта, сипас дар пайвастагӣ бо раванди умумии адабии [[форс-тоҷик]] то ба дараҷаи як адабиёти паҳновари махсусе расидааст. Омили бунёдие, ки адабиёти омиёнаро падид овард, орзуву ормонҳои мардуми ранҷбар аз эҷоди бадеъ буд. Он унсурҳое, ки хоси тафаккури бадеиву зебоишиносии мардуми одӣ буданд, бо ҳунари суханпардозӣ дар адабиёти китобӣ кам созгорӣ мекарданд. Чунин шакли суханофаринӣ, ки бо тафаккури бадеиву зебоишиносии омиён созгор бошад, метавонист танҳо дар миёни худи онон пайдо шавад. Барои пайдо шудани чунин адабиёт пешрафти зиндагии шаҳриёнаи а-ҳои 9 – 10 замина гузошт. Пайвандҳои ногусастании гурӯҳҳои ҷудогонаи иҷтимоӣ барои падид омадани эҷоди гурӯҳӣ замина фароҳам оварданд. Яке аз чунин шаклҳои эҷодкорӣ бозори қиссахонӣ буд. Бозори қиссахонӣ бо фаъолияти достонгузорону достонгӯёни касбӣ, ки низ офаридаи ин муҳит буданд, пайванди ногусастанӣ дошт. Достонгӯён[[Достон]]гӯён, ки ҳунарвартаринашон дорои мактаби худ буданд, на танҳо худ достонгӯӣ мекарданд, инчунин шогирд мепарвариданд. Достонгузорон аз ганҷинаи бадеиёти забонии мардум фаровон баҳравар мешуданд. Достону[[Достон]]у ривоятҳо[[ривоят]]ҳо, афсонаву[[афсона]]ву устураҳои[[устура]]ҳои бадеишударо, ки дар миёни мардум пароканда буданд, фароҳам меоварданд, банду баст медоданд. Нахустин достонҳои Адабиёти омиёна «Абумуслимнома», «Доробнома», «Искандарнома», «Ҳамзанома», «Қаҳрамоннома», «Самаки айёр», «Мухторнома», «Мусайибнома» ва ғайра дар заминаи чунин офаридаҳои забонии мардум падид омадаанд. Дар оғоз достонҳои омиёна дар шакли шифоҳӣ пайдо мешуданд ва барои гуфтор миёни мардум, ки дар раставу бозорҳо гирди ҳам меомаданд, равона шуда буданд. Ҳамчунин дар оғоз достонҳо кӯтоҳу камҳодиса буданд ва мӯҳтавои онҳо дар ёди достонгӯён мемонд. Бо гузашти рӯзгор бозори қиссахонӣ заминаи ростини мубодилаи завқу эҳсосоти бадеиву зебоишиносии шунавандагону болоравии тавоноии гӯяндагон ва яке аз шартҳои муҳими офариниш гардид. Достонгӯён, ки харҷи рӯзгори хешро аз ин бозор меёфтанд, мекӯшиданд гуфторашон дарозтару гиротар бошад, то музди бештар ёбанд. Бо афзудани ҳаводиси достонҳо дар ёд доштани онҳо барои достонгӯён душвор мешуд. Дар ин марҳала ёддоштномае падид омад, ки дар миёни достонгӯён «китобча», «тумор» ном гирифт. Ин ёддоштномаҳо нахустин шакли хаттии достонҳои омиёна буданд. Афзоиши пешаву ҳунарҳои гуногуни иҷтимоии шаҳр чун коғазсозиву саҳҳофиву дабирӣ ва хариду фурӯхти китоб, афзоиши шумораи босаводон, пурзӯр шудани адабиёти хаттӣ ва ғайра сабаби падид омадани матнҳои мукаммалтар, сужетҳои пурмоҷаро гардиданд. Дабирон барои худ ё дигарон аз гуфтори достонгӯён матнҳои пурраи достонҳоро китобат мекарданд. Достонгӯёни босавод худ бо хоҳиши касони ҷудогона матнҳои гуфтори хешро менавиштанд. Аз нусхаҳое, ки ягон-ягон пайдо мешуданд, дигарон нусха мебардоштанд. Дар натиҷа даҳҳо нусхаи ҳар достоне дар миёни мардум интишор меёфт. Аммо матне, ки ба шакли китоб даромада буд, на ҳамеша дар як ниҳод мемонд. Пайдоишу саргузашти ҳама осори Адабиёти омиёна, албатта, яксон нест, аммо аз нусхаҳои гуногуни то ба рӯзгори мо расидаи бархе достонҳо пайдост, ки достонгӯёни пешин ривоятҳои оғозиро бо персонажҳои нав ва лаҳзаву пораҳои хурду бузург пур мекарданд, вобаста ба завқу хости шунавандагони рӯзгорони гуногун дар матнҳои пешина дигаргуниҳои гоҳ хурду гоҳ бузург ворид мекарданд. Ин гуна равиши кор на ҳамеша ба фоидаи достонҳо будааст. Бар асари чунин раванд аст, ки матни бештари онҳо то ба пояи содалавҳии мазмуну мундариҷа коста шудаанд.
 
Ин ду вижагии осори Адабиёти омиёна – пайдоиши онҳо нахуст дар шакли шифоҳӣ ва ноустувории матни навишта низ боиси зуҳури пиндоштҳои гуногун доир ба он гардид. Агар созандагони нахустин феҳристҳои осори илму фарҳанги форс-тоҷик ва адабиётшиносон Ж. Мол, В. А. Жуковский, В. И. Мосалский, В. В. Бартолд, Алиакбари Деҳхудо, Ҳ. Эте, Саид Нафисӣ, А. Ю. Якубовский, Б. Н. Заходер ва диг., ки ҳанӯз бо таърихи Адабиёти омиёна ошноӣ надоштанд, осори ҷудогонаи онро бе чуну чаро ба адабиёти навишта мансуб дониста бошанд, пас, ҳангоме ки омӯзиши ин адабиёт оғоз ёфт, пиндоштҳои донишмандон дар бораи он ихтилоф пайдо карданд. Яъне, генезиси Адабиёти омиёна барои андешаҳои хилофи ҳам имкон падид меорад. Дар ин бобат се пиндошти хилофи ҳам ба миён омад: фолклор, нимафолклор, адабиёт. Танҳо А. Н. Болдирев Адабиёти омиёнаро ошкоро «[[фолклор]]» номида, барои риояи мантиқ «фолклори монда» гуфтааст. Ю. Е. Боршевский низ ин адабиётро бо фолклор пайваста, «адабиёти фолклорӣ» номидааст, ки ба генезиси он созгорӣ мекунад. Е. М. Мелетинский Адабиёти омиёнаро «нимафолклор» шиносонда, аммо пиндори хешро шарҳу тавзеҳ надодааст. Бештарини донишмандон, чунончи А. А. Семёнов, И. С. Брагинский, А. А. Гваҳария, Ҳ. Гӯрӯғлӣ, Ю. Салимов, Р. Т. Левковская, нависанда Ҷ. Икромӣ Адабиёти омиёнаро адабиёти навиштаи хосе медонанд, ки бо пайвандҳои худ ба фолклор аз адабиёти хаттӣ тафовут дорад.
 
Гармии бозори достонгӯӣ[[достон]]гӯӣ фаъолияти достонгузориро фарохтару гуногунсоҳа кард. Достонгузорон ба рӯйдодҳои тахайюлии афсонавору романтикӣ низ даст мезаданд. Сужетҳои адабиёти пешинаи эрониён, ки дар ёдҳо монда буданд, дигарбора зинда гардиданд ва дар Адабиёти омиёна бо даҳҳо достону ҳикоёти хурду бузурги ишқӣ пурра шуданд. Офарандагони Адабиёти омиёна дар рафти фаъолияти худ инчунин аз таҷрибаи иҷтимоии хешу мардум истифода мекарданд. Ҳикоёти омиёна бо гузашти рӯзгор дар маҷмӯаҳои гуногун, ки «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ном гирифтаанд, фароҳам омаданд. Як силсилаи онҳо дар сохти хоси адабӣ ба ном «ҳикоят андар ҳикоят» ҷой ёфтанд. Адабиётшиносии пешин (асрҳои миёна) осори Адабиёти омиёнаро чун асари адабӣ напазируфта буд, тазкираҳо дар ин хусус хомӯш мондаанд. Ин ниҳоди кор ба адабиётшиносии нав низ асар кардааст, аз ин рӯ, навъу шаклҳои жанрии он тасниф нашудаанд. Дар худи осори Адабиёти омиёна танҳо ду истилоҳи таснифӣ – «достон» ва «ҳикоят» роиҷанд. Гоҳо дар баробари «достон» муродифи арабии он – «[[қисса]]» низ ба кор рафтааст.
Шакли нахусти жанрӣ достонеро шояд донист, ки ба истилоҳи адабиётшиносии имрӯза хусусияти эпопеӣ дорад. Чунин достонҳо бештари маврид пиромуни падидаи таърихӣ ё достонӣ баҳс мекунанд ва рӯзгори дарозу рӯйдодҳои фаровон, наслҳои бисёри персонажҳоро фаро мегиранд. Достонҳои эпопеӣҳаҷман аз ҳазор то даҳҳазор сафҳаанд. Ба ин гурӯҳ достонҳои размиву таърихиву саргузаштӣ, ба монанди «Шоҳнома», «Самаки айёр», «Абумуслимнома», «Доробнома»-и Абутоҳири Тарсусӣ, «Доробнома»-и Муҳаммади Беғамӣ, «Искандарнома», «Румузи Ҳамза», «Қаҳрамоннома»,«Мусайибнома», «Мухторнома», «Ҳафдаҳғазои Шоҳи мардон Алӣ», «Ҷамшеднома», «Ховарнома», «Замчинома», «Ҳанафинома», «Зуфунуннома» ва ғайра дохиланд. Дувумин шакли жанрии достонҳои омиёна, ки аз лиҳози ҳаҷм миёнаву хурданд, аз осори ишқии романтикӣ фароҳам омадаанд. Осори ин шакли жанрӣ рӯйдодҳои таърихиро дар бар намегиранд. Бештар онҳо дар заминаи афсонаҳои куҳан ба миён омадаанд ва дар офариданашон аз воситаҳои тасвири бадеӣ ба таври фаровон истифода шудааст. Машҳуртарин намунаҳои ин шакли жанрӣ «Меҳру Моҳ», «Нушофарини Гавҳартоҷ», «Сайфулмулуку Бадеъулҷамол». «Шоҳи Шамшербанд», «Шоҳзода Аршаду бародарони ӯ», «Шоҳзодаи Эрону малика Ҷавҳарӣ», «Шоҳзода Муслиму малика Ҳазоргесу», «Зайнуласном», «Шоҳзодаи навҷавон», «Малика Сабзқабои тундхӯи парӣ», «Баҳрому Гуландом», «Шакариву Муштарӣ» ва ғайра мебошанд.
Сеюмин шакли жанрии достонҳои омиёна «ҳикоят андар ҳикоят» аст. Ин шакл бо ахлоқу маънавиёти ҷомеаи инсонӣ пайванди устувор дорад, аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин соҳаҳои Адабиёти омиёна аст. Он сустии пайванд бо зиндагии иҷтимоии мардум, ки хоси достонҳои ду шакли нахуст аст, дар осори ин шакли жанрӣ нест шудааст. Сабаби ин ҳолро шояд дар пайванди бештари ин шакли жанрӣ бо адабиёти паҳлавӣ, инчунин бо адабиёти Ҳинд ҷуст, чунки ин шакл дар он адабиётҳо вазифаи пандомӯзиро анҷом медод. Равияи пандомӯзӣ хоси «Панчатантра»-и ҳиндӣ, сипас «Калилаву Димна» ва «Синдбоднома»-и форс-тоҷик буда, дар намунаҳои шакли жанрии «ҳикоят андар ҳикоят» таъсири фаровон гузоштааст. Гузашта аз ин, сарчашмаи чанде аз осори он, чун «Бахтиёрнома», «Ҳафт вазир», адабиёти пеш аз ислом мебошад. Дар пайравии онҳо инчунин «Шерзоду Гулшод» ё «Нӯҳ манзар», «Ҳафт манзари Баҳроми Гӯр» низ сохта шудаанд. Асарҳои хурду калоне чун «Ҳотамнома», «Чаҳор дарвеш», «Одилхону се дарвеш», «Шайх Санъон», «Ҳикояти духтари подшоҳ ва як марди пиру се марди ҷавон» ва ғайра низ дар ин шакл офарида шудаанд.
 
Ба таври куллӣ, адабиёти омиёна офаридаи омиён буд ва дардҳои онҳоро дармон мекард. Вале осори он дар муҳити омиён маҳдуд намонда буд. Достонҳои омиёна дар пеши шоҳону вазирону рӯҳониён хондаву гуфта мешуданд. Гузашта аз ин, дар дарбори подшоҳон қиссахонҳо хидмат мекарданд, то ҷое, ки бархе достонҳо дар дарбор падид омадаанд. Дар ривоятҳои туркии «Абумуслимнома» омадааст, ки дар дарбори султон Маҳмуди Ғазнавӣ достонгӯён Абутоҳири Тарсусӣ, [[Абубакри Розӣ]], Абумасиди Совӣ, Ҳошими Сарахсӣ, Сайиди Ди­мишқӣ, Ҳумоми Исфаҳонӣ, Шарифи БағдодӣқиссагӯйӣБағдодӣ қиссагӯйӣ мекарданд. Амир Насруллоҳхон дар дарбори худ қиссахоне бо номи Эрназари Хук дошт. Подшоҳи Ҳиндустон Ҷало­луддин Акбар (ҳукмронӣ 1556 – 1605) фармуда буд, ки достони «Румузи Ҳамза»-ро ба беҳтарин хат бинвисанд ва ба беҳтарин минётураҳо биёроянд. Ба фармони ӯ Абдуннабии Фахруззамонӣ (муаллифи тазкираи «Майхона» ва қиссахони номдор) дар одоби қиссахонӣ, бавижа «Румузи Ҳамза», «Дастур-ул-фусаҳо» ном китобе навишта буд. Ҳабибуллоҳ ном маллоҳе барои султони Туркия Муродхон ибни Салимхон (ҳукмронӣ 1574 – 99) достони пурошӯби «Самаки айёр»-ро ба туркӣ гардонд. Деҳдор ном қиссахоне дар назди вазири номвару шоир Алишери Навоӣҳунари худро дар хондани «Абумуслимнома»-ву «Румузи Ҳамза» намоиш дода буд.
Адабиёти омиёна бо адабиёти хаттӣ (таълифии) форс-тоҷик пайванди устувор дошт. Доду гирифти дуҷониба миёни онҳо ҳамешагӣ буд. Адабиёти омиёна чандин асари адабиёти китобиро бо таҳрири хос ба доираи худ кашида аз сужету воситаҳои бадеии он истифода мекард. Адабиёти китобӣ низ аз осори омиёна, бавижа аз ҳикоёти он, пайваста кор мегирифт. Намунаи чунин асарҳо «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Бархурдори Фароҳӣ ва ғайра мебошанд. Дар ин асарҳо андешаву ангораи нависандагон бо ҳикоёти фаровони омиёна устувор гардидааст.
== Адабиёт ==
* Салимов Ю. Насри ривоятии форсу тоҷик.- Д., 1971;
Салимов Ю., Насри ривоятии форсу тоҷик, Д., 1971; Муҳаммад Ҷаъфар Маҳҷуб, Достонҳои омиёнаи форсӣ, маҷаллаи «Сухан», давраҳои 10, 11, 12; Мутоилиа дар достонҳои омиёнаи форсӣ, маҷ. Донишкадаи адабиёт, соли даҳум, шумораи 1 – 2; Борщевский Ю, Е., Персидская народная литература, дар кит. Плутовка из Багдада, М., 1963; Винстедт Р., Путешествие через полмиллиона страниц, М., 1966; Дорри Дж., «Амир Арслан» и его место среди иранских народных дастанов, дар кит. Теоретические проблемы восточных литератур, М., 1966; Гвахария А. А., Грузинские версии персидских народных дастанов, дар кит. Теоретические проблемы восточных литератур, М., 1966; Сухочев А. А., От дастана к роману, М., 1971; Чиллаев К., Народный дастан «Абу-Муслим-наме», Д., 1985.
* Муҳаммад Ҷаъфар Маҳҷуб. Достонҳои омиёнаи форсӣ, маҷаллаи «Сухан», давраҳои 10, 11, 12;
* Мутоилиа дар достонҳои омиёнаи форсӣ. //Донишкадаи адабиёт, соли даҳум, шумораи 1 – 2;
* Борщевский Ю. Е. Персидская народная литература, дар кит. Плутовка из Багдада, М., 1963;
* Винстедт Р. Путешествие через полмиллиона страниц.- М., 1966;
* Дорри Дж. «Амир Арслан» и его место среди иранских народных дастанов.// Теоретические проблемы восточных литератур.- М., 1966;
* Гвахария А. А. Грузинские версии персидских народных дастанов.//Теоретические проблемы восточных литератур.- М., 1966;
* Сухочев А. А. От дастана к роману.- М., 1971;
* Чиллаев К. Народный дастан «Абу-Муслим-наме».- Д., 1985.