Нозирҷон Арабзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 39:
;Номи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ:
* рисолаи номзадӣ: "Таълимоти ахлоқии Саъдӣ". Душанбе, 1968
* рисолаи докторӣ: "Фалсафаи исмоилияи Носири Хусрав". Душанбе, 1998[]
 
Ӯ муаллифи китобу мақолаҳои сершумори илмӣ роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои таърихи фалсафаи точик буда, пажӯҳишҳои бунёдии ӯ дар мавзӯи таълимоти фалсафии Носири Хусрав, Фахруддини Розӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Сино, Ибни Ямин, Абубакри Розӣ, Насриддини Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон арзиши вежа доранд. Ба қалами Нозир Арабзода беш аз 30 мақолаи илмӣ дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” (Душанбе, 1978-1988) тааллуқ доранд, ки ба шарҳи мафҳуму масъалаҳои гуногуни фалсафӣ ихтисос доранд. Саҳми Нозир Арабзода дар таълифи китобҳои дарсии фалсафӣ низ қобили мулоҳиза аст. Аз ин қабил осор, ки ӯ дар ҳамкорӣ бо донишмандони тоҷик офаридааст, метавон “Очеркҳои таърихи фалсафа”(Душанбе, 1982) ва“Фалсафа”-ро зикр намуд. Ғайр аз навиштани мақолаю рисолаҳои илмӣ, ӯ дар таълиф, таҳрир ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва васоити таълим саҳм гузошта, муаллифи барномаҳои дарси фалсафа ва таърихи фалсафаи тоҷик мебошад.