Азия-Плюс (ширкати радиову телевизион): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
 
== Таърих ==
Соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар сохтори «Азия-плюс» радиостансияи «Азия-Плюс» фаъолият дорад, ки садояш бори аввал 9 сентябри 2002 дар Рӯзи Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон пахш шуд. Барномаҳои радиои «Азия-плюс» дар як шабонарӯз 24 соат ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шунавонида мешаванд. Аз барномаҳои радиои «Азия-плюс» сокинони шаҳри[[шаҳр]]и [[Душанбе]] ва ноҳияҳои атрофи он истифода мебаранд. Дар сохтори «Азия-плюс» продакшнстудияи телевизионӣ низ фаъолият дорад. Студияи мазкур ба истеҳсоли филмҳои ҳуҷҷатӣ, наворҳои рекламавӣ ва клипҳои мусиқӣ машғул аст. «Азия-плюс» дар давраи фаъолияташ як қатор иқдому лоиҳаҳои бузург доир намудааст: маросими супоридани ҷоизаҳои мусиқӣ дар соҳаи санъати мусиқии муосири Тоҷикистон «Суруди сол» (2003, 2004, 2005) ва «Навои дил» (2007), консерти идона бахшида ба 13-солагии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон (2004), иқдомҳои иҷтимоии «Маҳбуб», «Форуми бачагонаи об» (бо фармоиши [[СММ]] ва [[ЮНИСЕФ]]; 2003), консертҳои ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии КВД ҳавопаймоии «Тоҷикистон» (2004), Рӯзи энергетикҳо (2005), маросими ботантанаи аз нав саршавии сохтмони НБО Роғун (бо фармоиши ширкати РусАл, шаҳри Роғун; 2005), маросими ботантана кушодашавии меҳмонхонаи «Ҳаёт-Реҷенс»-и Душанбе (бо фармоиши ширкати «Русские отели, 2009») ва ғайра.
 
== Эзоҳ ==