Тӯмор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[АксFile:Plate 03, fig 9. Folk-Lore, vol. 20.png|thumbnail]]
'''Тӯмор''' ({{lang-ar|طومار}})  — вожаи арабишудаи юнониасл ба маънои нома, навишта, китоб, саҳифа ва коғази дарози баҳампечида.
 
== Таърих ==
Сатри 8:
Тӯморро одатан муллоҳо ва шахсиятҳои динӣ, ки назди аҳли деҳа ё минтақа бо зуҳду тақво шинохта шуда ва ба ақидаи онҳо даму нафаси хубе доранд, барои шифои беморон, баракат дар касбу кор, кушоиши бахт, ҳифзи ҳомили он аз балоҳо ва ғ. ба корафтодагон медоданд, вале имрӯзҳо кор аз кор рафта, фолбинон, соҳирон ва ба қавли мардум муллоҳои ҷодугар низ барои гарму хунук кардан байни зану шавҳар, дилдодаву рамида кардани писару духтар, бастану кушодани зиндагии мардум ва ғ. ба додани тӯмор машғуланд. Пас тӯмор имрӯз бинобар тафовути ҷиҳатҳои гирифтани он бо мақсадҳои гуногуне, аз қабили ҳимоя аз чашми бад, нигаҳ доштан аз зиёни сеҳру ҷоду, паноҳ аз шарри одамони баддил, кушоиш дар касбу кор, моил сохтани дили касе ба худ ва ғ. набишта мешавад ва дар таносуб бо мақсади навишташ барои шиддати таъсири он аҳёнан дар байни баъзе аз онҳо пари ҷонвар, пашм ва ё порчае аз пӯсти ҳайвони худмурда, дандон ё нохуни шахси мавриди назар, сӯзан ва ғ., гузошта мешавад. Тӯморе, ки ба ин шакл ва муҳтаво навишта ва омода сохта мешавад, навъе аз сеҳр, бадтарин ҳайкалбандии таъвизаҳо ва аз назари шаръ қатъан ноҷоиз ва мамнӯъ аст.
 
Эътиқод ба таъсири тӯморҳое, ки ба ин шакл навишта мешаванд, ба ақидаи [[фетешизм]] — ашёпарастӣ ва ақидаи даврони ҷоҳилият нисбат ба таъсири ашё бармегардад ва бовар кардан ба таъсири навиштаҳои ҷодуӣ ва истионат ва тавассул ба шаклҳои сеҳрӣ бар асоси таълимоти тавҳидии ислом ширк аст, зеро ин ба маънои эътиқод ба сифот ва қудрати таъсиргузорие дар ашё аст, ки аз сифот ва салоҳиятҳои [[Аллоҳ|Худо]] мебошанд. Эътиқод ба таъсири мустақил ва бевосита — бе хости Худо нисбат ба тӯморҳое, ки дар онҳо ояте аз [[Қуръон]] ё дуое аз аҳодиси паёмбари акрам (с) ва ё каломи поке навишта шудааст низ, ба ақоидаи софи тавҳидӣ дар ислом созгор нест, вале ҷумҳури уламо дар ҷое, ки ҳомили тӯмор Худоро таъсиргузор, шифобахш ва сабаби асли медонад, табаррукан ва ё барои шифоҷӯӣ бар худ овехтани тӯмор ва ҳар овезаи дигареро, ки дар он оятҳое аз Қуръон ва дуоҳои маъсура навишта шудаанд, ҷоиз ва биломонеъ медонанд.
[[АксFile:Амулет против чумы.png|thumbnail|
Тӯмор барои ҳимоят аз бемории вабо
]]
 
== Наҳйи Паёмбар (с) аз тӯмор ==
Уламо фармудаҳои паёмбар (с)-ро дар мазаммат ё наҳй аз тамима — тӯмор ва таъвиза: '''''«Касе таъвиза ва ё тӯморе бар худ биовезад, воқеан ҳам, дар ширк афтодааст», «Касе бар худ тамима — таъвизае биовезад, Худо онро барояш нотамом гардонад!»''''' ва амсоли онҳоро ба тӯморҳо ва овезаҳои таъвизие ҳамл кардаанд, ки шакли ва муҳтавои таъвизаҳои даврони ҷоҳилиятро дошта бошанд, аммо тӯмор ва овезаҳое, ки бар онҳо ояте аз Қуръон, дуое аз ҳадис ва ё каломи поке аз бандагони солеҳ навишта шуда, назди онҳо шаръан мамнӯият ва боке надорад. Ҷавози ин навъ тӯморҳо гарчи тавассуан тамоми мушкилот ва шууни зиндагии инсонро фаро мегирад, вале тибқи омӯзаҳои маърифатии шаръ он дар ҷое хуб ва писандида аст, ки иқтизои зарурат бошад, ба мисли беморе, ки аз забон бозмонда ва худ қудрати хондани дуоро надорад, кӯдаке, ки ҳанӯз дуоҳоро ҳифз карда наметавонад ва ё дар ҳолати тарсу даҳшате, ки кас худро дар он гум кардааст ва ғ., вале дар ғайри ин мавридҳо мусалмонро зарур аст, ки дуоҳои шифо ва азкори виқоиро дар зимни таълимоти ислом ҳифз ва онҳоро ҳар субҳу шом ва ҳамин тавр дар зарурат бихонад ва бар худ бидамад.
 
Баъзе уламо бо истинод ба зоҳир ва насси аҳодисе, ки дар наҳйи тамима ва ҳар гуна таълиқа — овезае ворид шуда, ин навъи тӯморро низ ноҷоиз ва онро бо амалкарди саҳобаи киром ва салафи солеҳ дар ин бора мухолиф гуфтаанд. Зеро равиши маснун ва мавфур дар байни онҳо ин буда, ки оятҳои Қуръон ва дуоҳои маъсураро хонда ва бар худ меда-миданд ва чунин ривояте аз онҳо ба сиҳҳат нарасида, ки Қуръони карим, оятҳое аз он ё дуоҳое аз [[Суннат]]<nowiki/>ро навишта бар худ биовезанд.
 
Назари ин уламоро мантуқ ва далолати сареҳи лафзи аҳодис таъйид мекунад ва дар ҳеҷ ҷое аз онҳо истисное барои ҷавози он дар мавридҳои хос сурат нагирифтааст. Далоили наҳй дар шаръ ба сиҳҳат расида, вале барои исбот, далеле ҳатто ба сурати истисно ҳам собит нашудааст. Илова бар ин, агар чунин чизе ҷоиз ва воқеан ҳам, муфид мебуд, пас беҳтар буд, ки оятҳо ва сураҳое аз Қуръонро набишта бар худ меовехтанд, дар ҳоле ки чунин матлабе аз саҳобаи киром ба сиҳҳат нарасидааст. Аммо чумҳури уламо бо назардошти шаън ва фазои вуруди ин аҳодис онҳоро ба ҳолати иҷтимоӣ ва фазои фарҳангӣ-динии муайяне мутааллиқ ва барои муолиҷаи вазъи эътиқодии хоссе — аз байн бурдани осори ақоиди даврони ҷоҳилият ва ибтоли нигоҳи фетешизмии онҳо ба ашё донистаанд. Бинобар ин, ҳар замон ва фазои эътиқодие, ки ба он давра шабоҳат дошта бошад ва тӯмор ба ҳамон эътиқод гирифта шавад, онро ноҷоиз ва шаръан мамнӯъ гуфтаанд, вале дар ғайри он боке надорад, он навъе аз шифоҷӯӣ аз каломи Худованд аст ва иншоаллоҳ муфид хоҳад буд.
 
Вожаҳои [[ҳайкал]], [[раднома]], [[бозубанд]], [[таштоб]] ва [[кӯрхат]] низ дар луғат аз калимаҳои наздикмаъно ва ҳампайванд бо тӯмор ҳастанд.
[[АксFile:Iranian amulet.jpg|thumb|
Тӯмори туркӣ, барои аз чашми бад нигоҳ доштан
]]
 
== Сурат ==
<gallery>
File:Escapulariocafe.JPG|Scapular of Our Lady of Mount Carmel or "[[Brown Scapular]]"
File:MagicAmuletSquare.svg|[[Sator Square]], an ancient Roman amulet in the form of a palindromic word square
File:Amulette Rajasthan 6.jpg|Amulet from [[Rajasthan]]
File:Bettelarmband.JPG|[[Charm bracelet]]
File:Tintinnabulum Pompeii MAN Napoli Inv27839.jpg|Ancient Roman amulet from Pompeii with a [[phallus]]
File:Macedonian Mezuzah.jpg|A [[mezuzah]]
File:Cheshm-Nazar.JPG |Turkish [[Nazar (amulet)|nazar]]-talisman to ward off the [[Evil eye]]
File:Talis02.png| An amulet from the Black Pullet [[grimoire]]
File:Magical mirror Louvre AA10.jpg|Magical mirror with Zodiac signs
File:NEPE Talisman.jpg|A [[talisman]], American Indian medicine made by wolf skin, wool, mirrors, feathers, buttons and brass bell
File:Tropenmuseum Royal Tropical Institute Objectnumber H-2977 Amulet van acht hangers gesneden uit aw.jpg|[[Winti]]- amulet, an Afro-Surinamese traditional religion's amulet
File:Taweret amulet.jpg|Ancient Egyptian [[Taweret]] amulet, [[New Kingdom]], [[Eighteenth dynasty of Egypt|Dynasty XVIII]], c. 1539–1292 BC
</gallery>
 
== Адабиёт ==
Line 29 ⟶ 45:
 
== Сарчашма ==
Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе  — 2017
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Тӯмор"