Абдулмалики I: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) иловаҳо |
||
Сатри 4:
== Зиндагинома ==
Амир Нӯҳ васият кардааст, ки пас аз марги вай чаҳор писараш ба тартиби бузургӣ яке пас аз дигаре ба салтанат бирасанд. Пас аз он ки амир Нӯҳ аз дунё рафт, бузургони дарбор Абдулмалики I-ро, ки ҳанӯз даҳ сол дошт ва бузургтарин фарзанди Нӯҳ буд, ба аморат нишонданд. Ба ҳар ҳол, тибқи расми дерини амирони сомонӣ, ҳукумат дар дасти вазир қарор гирифт, яъне вазорати Абдулмалики I-ро Муҳаммад ибни Узайр ӯҳдадор шуд ва мақоми сипаҳсолорӣ бар турке ба номи Бакр ибни Молики Фарғонӣ мавриди таъйид қарор гирифт. Абдулмалики I замоне бар тахт нишаст, ки давлати Сомониён рӯ ба таназзул ниҳода буд. Ҳар соҳибмансабе саъй мекард, ки соҳиби замине бошад. Ҳатто худи Бакр ибни Молики Фарғонӣ соҳиби замини бузурге дар Фарғона буд. Баъди ба сари ҳокимият омадани Абдулмалики I дар мамлакат даргириҳо хеле афзуданд: Бакр ибни Молик бо Абуалии Чағонӣ дар Хуросон ба ҳарб пардохт; Рукнуддавла ба Гургон ҳамла карда ҳокими он сарзамин Вушмгирро маҷбур ба фирор кард; вазир Ибни Узайр зиндонӣ шуда, ба ҷояш аввал Абуҷаъфари Утбӣ ва пас аз як сол Абумансур Юсуф ибни Исҳоқ (959) таъйин шуд. Пас аз муддате Амири Рашид аз асп афтода аз олам даргузашт. Даврони салтанати Абдулмалики I ва вазирии Муҳаммад ибни Узайр даврони бӯҳронии давлати Сомониён аст. Дарбори амирони сомонӣ бо саъйи Бакр ибни Молик ва бархе аз амалдорони турк зери дастгоҳи низомии туркон қарор гирифт. Тадбирҳои амири ҷавон Абдулмалики I ҷиҳати рафъи бӯҳрони давлатӣ натиҷаи дилхоҳе надоданд. Абдулмалики I ва баъд аз ӯ ҷонишинонаш бидуни мувофиқати туркон қодир ба коре набуданд. Роҳбарии аслӣ дар дасти низомиёни турк ва Алптегин буд.
Марги нобаҳангоми Абдумалик дар вақти аспдавонӣ ва бозии чавгон авзои кишварро барҳам зад, зеро ӯ ҳанӯз вориси худро муайян накарда буд, чун ҳанӯз дар бораи марг намеандешид.
== Эзоҳ ==▼
Алптегин, ки дар ин ҳангом ҳамакораи даргоҳи Cомонӣ буд, писари хурдсоли Абдумалик, Насри III-ро ба тахт нишонид, вале ӯ ҳамагӣ як рӯз бар тахт нишаст. Аъёну ашроф ба тахт нишастани писари 5 солаи Абдумаликро хилофи ақлу тадбир ва манофеи давлати Сомонӣ дида, бародари Абдумалик Мансурро ба тахт нишонданд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 115.</ref>
{{эзоҳ}}▼
== Адабиёт ==
Сатри 13:
* Фрай Р. Н., Сомониён. // Таърихи Эрон аз зуҳури ислом то омадани давлати Салҷуқиён. Аз фурӯпошии давлати Сосониён то омадани Салҷуқиён (тарҷумаи Ҳасани Анӯша), Т., 1380;
* Ноҷӣ Муҳаммадризо, Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён, Т., 2007.
▲== Эзоҳ ==
▲{{эзоҳ}}
== Сарчашма ==
|