Мансури I: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаҳо, шаблон
хNo edit summary
Сатри 1:
{{Ходими давлатӣ}}
'''Мансури I ибни Нӯҳ''' ([[961]] [[Бухоро]] – [[976]], ҳамон ҷо) — шашумин [[Амир|амири]] [[Сомониён|сомонӣ]], писари калонии амир [[Нӯҳ ибни Насри II|Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ]]
== Зиндагинома ==
Аморати '''Мансури I ибни Нӯҳ''' (961-976) бо ҷанги сипоҳи сомонӣ бо Алптегин ва пирӯзии Алптегин оғоз шуд. Алптегин дар соли 961 Ғазнинро тасарруф кард ва аморати мустақилеро бино ниҳод. [[Сомониён]] танҳо пас аз марги Алптегин (963) тавонистанд Ғазнинро ба тобеияти худ дароваранд. Набудани боварӣ ба дастгоҳи марказӣ ва зиддиятҳои дохилии дарборӣ вазъи Сомониёнро хеле душвор гардонида буд. Аз ҷумла сипаҳсолори нави [[Сомониён]] дар Хуросон Абумансур Муҳаммад ибни Абдураззоқи тусӣ чун эҳсос кард, ки ҳукумати ӯ чандон тӯл намекашад, даст ба ғорати хазина ва аҳолӣ зад. Дар аҳди Мансур инчунин вазъи Систон низ ба сабаби шӯришҳои пай дар пай ноором гардид. Дар давраи аморати Мансур ҷангҳои пай дар пай бо сулолаҳои Зайёриҳо ва Бувайҳиён харҷи иловагиро тақозо мекард. Аз ҷумла соли 967 миёни сипоҳи сомонӣ ва бувайҳӣ барои ба даст овардани Кирмон задухӯрди низомӣ сурат гирифта, бо шикасти Сомониён ба анҷом расид ва Кирмон ба итоати Бувайҳиён даромад. Ниҳоят бо кӯшишҳои вазири сомонӣ Абӯҷаъфари Утбӣ ва вазири Оли Бӯя Соҳиб ибни Аббод соли 972 миёни Сомониён ва Бувайҳиён соли сулҳ баста шуд. Ин сулҳ Сомониёнро дар самти ғарбии қаламрави худ осуда гардонид.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 116.</ref>