Модар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Нигаред: гурӯҳбандӣ
х иловаҳо
Сатри 14:
'''Модар''' - Зане ки фарзанде ба дунё оварда мебошад. Модар тамоми ҳастию вуҷуди мо аз уст, зеро агар модар намебуд, дар олам инсон намешуд. Маҳз бо туфайли ҷонкохонаи беҳисоби модар мо ба [[дунё]] омадем. Барои вай аз парвариши фарзанд авлотар чизе вуҷуд надрад. Гуё ӯ баробари соҳиби ин номи мукаддас гаштанаш на баҳри худ, балки баҳри фарзанд зиндаги мекунад. Аз ин чост, ки мо ӯро мукаддас мешуморем, дар лазаҳои душвори ва гуворотарин номашро ба забон меорем. Ба забон овардани номи модар сухани нахустин ва сипосгузории шабзинадории модар аст, ки ҳар як шахси мекушад ба воситае хотири ӯро пос дорад. Беҳуда нест, ки адибон борҳо твлош кардаанд таронуми модарро дар корҳои ҳунарии худ ҷой диҳанд.
 
::Гӯянд маро чу зод модар,
::Пистон ба даҳондаҳан гирифтан омӯхт.,
::Шабҳо бари гаҳвораигоҳвораи ман,
::Бедор нишасту хуфтан омӯхт...
::Дастам бигирифту по ба по бурд,
(~Иқбол)
::То шеваи роҳ рафтан омӯхт.
::Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам,
::Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
::Чун ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
::То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.<ref>Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. – Душанбе 2012. – С.49</ref>
 
 
ҚАДРИ МОДАР
 
::Писар, рав қадри модар дон, ки доим
::Кашад ранҷи писар, бечора модар.
 
::Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад
::Туро беш аз падар, бечора модар.
 
::Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад
::Зи ҷон маҳбубтар, бечора модар.
 
::Нигахдорӣ кунад нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз,
::Туро, чун ҷон ба бар, бечора модар.
 
::Аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ нағалтад,
::Шаб аз бими хатар, бечора модар.
 
::Ба вақти зодани ту марги худро
::Бигирад дар назар, бечора модар.
 
::Бишӯяд кӯҳна, орояд наватро,
::Чу камтар коргар, бечора модар.
 
::Тамузу дай туро соат ба соат
::Намояд хушку тар, бечора модар.
 
::Агар як атса ояд аз димогат
::Парад ҳушаш зи сар, бечора модар.
 
::Агар як сурфае беҷо намой.
::Хӯрад хуни ҷигар, бечора модар.
 
::Барои он, ки шаб роҳат бихобӣ,
::Нахобад то саҳар, бечора модар.
 
::Ду сол аз гиряи рӯзу шаби ту
::Надорад хобу хӯр, бечора модар.
 
::Чу дандон оварӣ, ранҷур гардӣ,
::Кашад ранҷи дигар, бечора модар.
 
::Сипас чун по гирифтй, то наяфтӣ,
::Хӯрад ғам бештар, бечора модар.
 
::Ту то як мухтасар ҷоне бигирӣ,
::Кунад ҷон мухтасар, бечора модар.
 
::Ба мактаб чун равӣ, то бозгардӣ,
::Бувад чашмаш ба дар, бечора модар.
 
::Агар як рубъи соат дер оӣ,
::Шавад аз худ бадар, бечора модар.
 
::Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё
::Зи модар бештар, бечора модар.
 
::Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,
::Ки дорад як писар, бечора модар.<ref>[http://kmt.tj/erach-mirzo-madekhasaroi-modar Эраҷ Мирзо – мадеҳасарои модар ].</ref>
 
([[Эраҷ Мирзо]])
 
Истилоҳи ''"Забони модарӣ"'' ҳам тақвиятгари мавқеияти модар аст дар ҷомеа ва таърихи ривоҷи забон ва фарҳанги ҳар қавм.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Модар"