Таърихи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Сарчашма: я исправид ошибка
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Маданияти кадими точикон
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 468:
 
Барои кӯҳсор ва доманакӯҳҳои [[Тоҷикистон]] маданияти давраи неолит хос буд, ки он маданияти ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорй машғул буданд. Айни замон шикор дар хоҷагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли [[Тоҷикистон]] боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринҷй таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринҷй асосан бо чорводорй машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан - пӯлодгудозию кулолй низ огоҳй доштанд. Дар ҷануби Тоҷикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринҷӣ бо зироаткорй, қароргоҳҳои мустаҳкам, дарачаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистони ҷанубӣ ва Осиёи ҷанубу ғарбӣ наздик аст.
 
== Ниёгони тоҷикон дар давраи қадим ==
Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони тоҷикони ҳозира - бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна - [[Бохтар]] ва [[Суғд]] буданд. [[Бохтар]] - қисмҳои марказй, ҷанубй ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкӯҳҳои Ҳисор) ва [[Суғд]] - ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кӯчманчй ва нимкӯчманчии сакҳо - сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони тоҷикон буданд. Забони ин халкиятҳо ба шохаи шарқии гурӯҳи забонҳои эронй тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд.
 
Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш [[Бохтар]] ва [[Суғд]]ро забт намуда, онҳо ба давлати форси Ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри IV пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунй шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ӯ - Селевкиён дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати [[Юнону Бохтар]] ҷудо мешавад. Миёнаҳои асри II пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тахориҳо ба Бохтар якҷоя бо қабилаҳои массагетҳову сакоиҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тахористон номида мешуд. Тахориҳо чун чузъи асосй ба халқи нав ташаккул ёфтаистодаи [[тоҷик]]он дохил мегарданд. Сипас [[Тахористон]] якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолӣ дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи Кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривоҷёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони Кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагӣ, юнонӣ ва ҳиндиро инъикос менамоянд.
 
Дар асрҳои VI-V ба [[Суғд]] ва [[Тахористон]] қабилаҳои даштнишини Ҳайтолиён меоянд, аз асри VI бошад дар ин сарзамин ҳокимияти Ҳоқонии турк барқарор мегардад. Дар асрҳои V-VI раванди феодализатсия торафт бештар вусъат меёбад. Аз асри VI то нимаи дуюми асри Х1Х дар қаламрави Тоҷикистони ҳозира муносибатҳои феодалй бо то андозае нигоҳ дошта шудани зуҳуроти боқимондаи кӯҳна, нақши калони ҷамоат, ғуломдорй ҳукмрон буданд. Болоравии иқтисодиёт, ки асрҳои VI-VII, қабл аз истилои араб ба амал меомад, боиси боз ҳам бештар ба табақаҳои ичтимои ҷудо шудан мегардад. Аъёну ашрофи заминдор обу заминҳои обёришавандаро азони худ мекарданд.
 
Баробари болоравии иқтисодиёт маданият пеш рафта, шаҳрҳо тараққй мекарданд. Панчакент яке аз марказҳои маданияти ибтидоии асримиёнагии [[Осиёи Миёна]] буд. Қасру иншоотҳои мазҳабӣ, толорҳои бошукӯҳ, ҳайкалу мусаввараҳои рангин бо сужетҳои оиди мавзӯи эпосҳо аз дарачаи баланди маданияти бадеӣ, санъат ва меъмории он замон далолат медиҳанд. Ёдгории катибаҳои Суғд, ки дар вақти кофтукови Калъаи Муғ ёфт шуданд, ба аввалҳои асри VIII мансубанд. Қалъаҳои феодалони асри миёнаи ибтидой хеле мустаҳкам карда шуда буданд (масалан Қалъаи Болои шаҳри Исфара).
 
Аз нимаи дуюми асри VII суғдиёну тохариҳо чун халқҳои Осиёи Миёна муқобили ғосибони араб мубориза мебурданд. Вале ханӯз то миёнаҳои асри VIII арабҳо Осиёи Миёнаро истило намуда, ба ҳайати хилофат дохил карданд. Халқҳои Осиёи Миёна ба зӯран чорй карда шудани дини ислом, забони арабӣ сахт муқобилият нишон медоданд, бар зидди ҳокимони араб исён мебардоштанд. Алалхус шӯриш таҳти роҳбарии [[Муқаннаъ]] (солҳои 770-780) хеле тӯлонӣ буд. Истилогарон ёдгориҳои маданиро несту нобуд мекарданд, шаҳрҳоро харобу валангор месохтанд, аз аҳолӣ андозҳои сершумори беинсофона ситонида, ба корҳои ичборӣ чалб мекарданд.
 
== Давлати аввалини тоҷикон ==