Фарқият байни намунаҳои "Фарз"

4 224 bytes added ,  3 сол пеш
no edit summary
{{Ислом}}
'''Фарз''' ({{lang-ar|فرض‎‎}}) — амалест, ки [[Аллоҳ|Худованд]] анҷом додани онро ба таври ҳатмӣ аз мо мехоҳад ва анҷом додани он [[савоб]] ва тарк намудани он бидуни узр азоб дорад, ба монанди [[намоз]], [[рӯза]], [[закот]], [[ҳаҷ]].
'''Фарз''' ({{lang-ar|فرض‎‎}}) — дар луғат ба маънои муайян кардан, воҷиб гардонидан ва андоза кардан ва дар истилоҳи фуқаҳо ва уламои усул ба маънои ҳар амр (фармуда) ва ҳукми шаръие, ки бо далели қатъӣ собит шуда, Худованд анҷом додани онро ба таври ҳатмӣ ва илзомӣ аз бандагони мукаллаф талаб (ба истилоҳи шаръӣ таклиф) кардааст ва бо анҷом додани он аз сӯи Худо савоб дода ва бо тарки бе узраш азоб карда мешавад, ба монанди намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва дигар аркони ислом.
 
== Ҳукми инкори фарз ==
Касе яке аз фаризаҳо ва он умуреро, ки ба таври қатъӣ дар шаръ собит шудаанд ва ё ҳукми фарзияти онҳоро инкор намояд, кофир мешавад.<ref>Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2017.</ref>
 
== Навъҳои фарз ==
Фарз ба эътибори тааллуқи таклифи он ба мукаллафон бар ду навъ аст – фарзи айн ва фарзи кифоя:
 
а) амале, ки анҷом додани он бар ҳар мусалмони дорои шароити таклиф ба таври ҳатмӣ ва илзомӣ воҷиб аст, онро фарзи айн мегӯянд. Фарзҳои айн амрҳои сарона мебошанд ва дар анҷоми онҳо адокунунда шахсан мавриди таклифи шаръ ва озмоиши Худо қарор гирифтааст. Латоифи рӯҳӣ ва ганҷинҳои маънавие, ки дар фарзҳои айн гузошта шудаанд ва замири банда ҳамвора ба сӯи онҳо таталлуи рӯҳӣ дорад, аз қабили хушуъ, фурӯтанӣ ва дигар фавоиди ибодот, бо такрори пайвастаи фарзи айн сероб ва сари вақт таъмин мегарданд, амре, ки дар анҷоми фарзҳои кифоя камтар манзур будааст;
 
б) амале, ки анҷом додани он барои ҳамаи уммат ба таври умумӣ зарур аст ва вақте баъзе аз онҳо онро ба ҷой оваранд, аз бақия соқит мегардад, онро фарзи кифоя меноманд. Фарзҳои кифоя бештар ба амалҳои иҷтимоӣ ва чорабиниҳои дастҷамъӣ тааллуқ доранд ва шахсе аз оҳоди мардум ба таври хос дар онҳо мавриди таклифи шаръ ва имтиҳони Худованд набуда, балки онҳо масъулият ё воҷиби уммат ба таври умумӣ ҳастанд ва ҳусули он барои ҳама фоида дорад. Онҳо ба масъулиятҳои динӣ, ба монанди намози ҷаноза, амри маъруф, омӯзиши улуми шаръӣ, анҷоми шуғли қазо (судягӣ) ва ғ. ва умури дунявӣ, ба монанди роҳандозии саноатҳо, омӯзиш ва пешбурди касбҳо, зироат ва дигар муҳиммоте, ки умури зиндагии башарият ба онҳо қавом ёбанд, ҷудо мешаванд.
 
== Фарқи байни фарз ва воҷиб ==
Танҳо фарқе, ки дар миёни фарз ва воҷиб вуҷуд дорад, иборат аст аз:
* [[Фарз]] ба воситаи далели қатъӣ собит шудааст ва [[воҷиб]] ба воситаи далели заннӣ (ғайри қатъӣ). Далели қатъӣ он аст, ки дар ҳаққонияти он ҳеҷ шакку шубҳае вуҷуд надорад, вале дар далели заннӣ шакку шубҳа ҷой дорад ва субути ҳаққонияти он то ҷойгоҳи далели қатъӣ нарасидааст;.
Агар фарз ва ё воҷиби айн ва фарзи кифояе дар як вақт чамъ оянд, ки танҳо гунҷоиши яке аз онҳоро дошта бошад, пас фарз ва воҷиби айн бар фарзи кифоя муқаддам дошта мешавад, ба монанди ин ки намози пешин ва ё намози ид ва ҷанозае бо ҳам ҷамъ оянд ва аз вақти пешин ва ид танҳо ба миқдори адои яке аз онҳо боқӣ монда бошад, аввал намози пешин ва ид ба ҷой оварда мешаванд. Аммо агар вақти фарз гунҷоиши ҳардуро дошта бошад, пас фарзи кифоя бар фарзи айн муқаддам дошта мешавад ва намози кусуф низ ҳамин ҳукмро дорад. Аммо агар фарзи кифоя бо суннате дар як вақт ҷамъ оянд, ба монанди намози ҷаноза ва кусуф, пас фарзи кифоя бар он муқаддам дошта мешавад ва дар қавле аз имом Муҳаммад (рҳ) намозгузорон бо назардошти мавқеъ мухайяранд.
* Ҳар касе фарзро инкор кунад, [[кофир]] мегардад, вале инкоркунандаи воҷиб кофир намешавад, балки [[фосиқ]] ва гунаҳкор дониста мешавад. Воҷиб ба монанди хондани [[Фотиҳа (сура)|сураи фотиҳа]] дар намоз.<ref>Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2008. саҳ 39.</ref>
 
== Манбаъ ==
Anonymous user