Суннат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 2:
'''Су́ннат''' ({{lang-ar|سنة|урфу одат, намуна}}) — роҳу равиш, тариқа ва сират ва дар истилоҳи шаръ ба маонии мухталифе омадааст.
 
== Маонии мухталифи суннат ==
1. Қавл, феъл ва тақрири паёмбар (с)-ро дар умури шаръӣ суннат гӯянд ва он ба ин маъно пас аз Китоб – Қуръон аз адиллаи чаҳоргонаи шаръ ба шумор меравад. Суннат тафсири китоби Худо ва баёнкунандаи қавоиди куллӣ, иҷмол, иҷоз (ихтисор), мушкил ва дигар алфози он аст, 2. дар баробари бидъат ба амале итлоқ гардад, ки бо амалкарди соҳиби шаръ мутобиқ бошад, агар бо он мухолиф бошад, онро бидъат гӯянд, 3. равиши собитшуда аз паёмбар (с ) ва асҳоби ӯ, ба хусус аз хулафо ва чаҳор ёри кибор, дар ҳаёти диниашон ё тариқи маслука дар дин, ғайр аз вуҷуб ва фарз, яъне он чи паёмбар (с) бар он мувозабат варзида ва онро тарк накарда, магар ба нудрат ё саҳоба бар он мувозабат варзидаанд<ref>Пайравӣ аз суннат – равиши динӣ ё тариқи маслукаи саҳобаи расули акрам (с) дар дин воҷиб аст, зеро суннати онҳо тобеи суннати паёмбар (с) аст. Расули Худо (с) мефармояд: «Касе аз шумо, ки пас аз ман зинда бошад, ихтилофи бисёре бинад. Пас суннати ман ва суннати хулафои рошид ва маҳдӣ (раҳёфта ва ҳидоятшуда)-и маро бар худ лозим гиред, ба он тамассук ҷӯед ва онро бо дандонҳо нигоҳ доред ва аз муҳдасоти умур – корҳои навпайдо (дар дин) дурӣ намоед, ки ҳар (кори) навпайдое бидъат ва ҳар бидъате гумроҳӣ аст!» (Сунани Абӯдовуд, 4607; Муснади имом Аҳмад, 17275 (17145). Дар Мишкоти шариф аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят шуда ки фармуд: «Касе амал ба суннат ва пайравӣ аз онро бихоҳад, пас ба суннати касоне амал ва аз он пайравӣ кунад, ки даргузаштаанд, ки зиндагон аз фитна эмин набошанд. Онҳо саҳобагони Муҳаммад (с) афзал, покдилтар, боилмтар ва камтакаллуфтарини ин уммат буданд. Онҳоро Худои таъоло барои суҳбати паёмбараш (с) ва барпо сохтани динаш баргузид, пас фазли эшонро бишиносед, онҳоро бар асарашон пайравӣ намоед ва ҳарчи метавонед ба ахлоқ ва сираи эшон тамассук ҷӯед, ки онҳо бар роҳи рост буданд!» (Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, маъруф ба Хатиби Табрезӣ. Мишкотулмасобеҳ, 193. – Ҷ. 1. - Бейрут, 1996).</ref> ва ин ҳамон маънои истилоҳии суннат назди уламои фиқҳ аст<ref>Суннат гарчи дар истилоҳ ба маонии зикршуда дар матн ихтисос ёфта, вале асоси назарӣ ва таҳдоби амалии он ба андозае густарда аст, ки тамоми абъоди фарҳанг ва тамаддуни исломиро, аз фиқҳ, тафсир, илми ахлоқ, ирфон ва фалсафаи исломӣ дар бар мегирад, ҳувийятҳои мухталифи фикрӣ, мактабӣ ва амалии мавҷуд дар ҷаҳони ислом ба гунае ба он истинод мекунанд ва он ба унвони мадлули муштараке барои шаклгирии андешаи динӣ ва зуҳур (таҷассум)-и ҳувийяти фикрӣ, амалӣ ва сулукии онҳо амал мекунад. Ба таври мисол, орифон ва аҳли тасаввуф бар буъди ирфонии андеша ва амали исломӣ таъкид дошта, суннатро шомили маънавият (рӯҳоният)-и паёмбари акрам (с) ва бозтоби арзишҳое дар зиндагии вай, аз қабили эътилои нафс ва зикри Худо дар дил, медонистанд. Бар пояи таълимоти бузургони тариқат, ҳаёти маънавии паёмбар (с) сармашқи амалӣ ва намунае айнӣ барои шахси мусалмон аст ва мас., дар шабзиндадориҳои он ҳазрат (с) метавонад барои камоли маънавӣ ва тазкияи нафси худ намуна ва роҳе биҷӯяд. Аҳодиси қудсӣ, яъне ривоёте аз паёмбар (с), ки шомили суханони илоҳӣ ҳастанд, назди орифон дар таҷассуми буъди ирфонии суннат ва нақши он дар тарғиб ба тақво, ихлос ва касби маънавиёт аҳаммияти хоссе доранд.
Илова бар ин, таҳқиқот ва ковишҳои илмии донишмандони ислом дар мафҳуми суннати паёмбар (с) барои ба ёд супурдани паҳлуҳои гуногуни зиндагонии он ҳазарт (с) ба шаклгирӣ ва бинои дақиқи достони зиндагии паёмбар (с) бо номи сираи паёмбар (с) ё сираи набавӣ анҷомид (Доиратулмаорифи ҷаҳони навини ислом (зери таҳрири Ҷон. Л. Испозито) [Esposito. John L. The Oxford Encyclopedia of the Modern Islamic World. 1955], тарҷимаи форсӣ бо таҳқиқ ва зери назари Ҳасан Торимӣ ва ҳамкоронаш. – Ҷ. 3, зайли моддаи «суннат»).</ref>, 4. он амале, ки ҳукми он бо суннат собит шудааст, гарчи аз воҷибот буда бошад, ба монанди намози витр назди имом Абӯҳанифа (рҳ).
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Суннат"